Намунаи Дархост

Намунаи 1

Ба декани факултаи
физикаи ДМТ, профессор
Собиров А. Р.

Дархост

Дар факултаҳои равияи илмҳои дақиқ гузаронидани маҳфилҳо бо иштироки шахсиятҳои маъруфи соҳа ба манфиати кор буда, ин иқдом ба рушду такомули дониш ва ҷаҳонбинии ҷавонон созгор мебошад.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои ташкил намудани маҳфилии илмии «Хирадманд» (дар се моҳ як бор) иқдом намоед.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Донишҷӯёни соли чоруми факултаи мазкур, ихтисоси радиофизика:

Имзо ва ному насаби донишҷӯён

Санаи таҳия шудани дархост


Намунаи Дархост дар шакли расм (картинка) ->>


Намунаи 2

Ба декани факултаи
иқтисодӣ ва молияи
Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон (ДМТ),
профессор Калонова С.

Дархост

Мо, донишҷӯёни соли аввали шуъбаи кори бонкӣ (низоми кредитӣ) хоҳишмандем, дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 ба мо аз фанни алифбои ниёгон дарс дода шавад. Ёд гирифтани хатти арабиасоси форсии тоҷикӣ барои хондани адабиёти тахассусии дар Эрону Афғонистон чопшуда ба мо ёрӣ расонида метавонад.

Имзо ва ному насаби донишҷӯён

Санаи таҳия шудани дархост


Маълумот оиди Дархост ->>

Тарзи навиштани Дархост (Заявка)


Намунахои дархост, дархост ё заявкаро чи гуна менависанд, заявка, намуна, бо забони точики.

ҚаблӣТарзи навиштани Дархост (Заявка)
БаъдӣТарҷумаи ҳол (Зиндагинома, Автобиография)