То ту ба додам мерасӣ

ишку ошики, картинки ошики скачать, шеърхои ошики

То ту ба додам мерасӣ, оҳам ба кайвон мерасад,
То ту ба қадрам мерасӣ, умрам ба поён мерасад.

То ёри роҳам мешавӣ, аз роҳ берун мешавам,
То мушкил осон мекунӣ, сад марги осон мерасад.

То ёд меорӣ зи ман, беёд меафтам зи дард,
То теғи абрӯ мекашӣ, теғи табибон мерасад.

То аҳду паймон мекунӣ, паймонаам пур мешавад,
То ваъдаи гул медиҳӣ, фасли зимистон мерасад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

То даст бар дил мениҳӣ, аз даст хоҳад рафт дил,
То ту ғами мо мехурӣ, моро ғами ҷон мерасад.

Лоиқ Шералӣ [1982]

ҚаблӣМоҳият ва шаклҳои назорати молиявӣ
БаъдӣУсулҳои назорати молиявӣ ва сохторҳои иҷрокунандаи онҳо