Усулҳои назорати молиявӣ ва сохторҳои иҷрокунандаи онҳо

Дар назария ва таҷрибаи ташкили назорати молиявӣ шаклҳои (тарзҳои) зерини ташкили онҳоро фарқ мекунанд: санҷиш, ташхис, назорат, таҳлили ҳолати хонагию молиявӣ; мушоҳидакунӣ (мониторинг); тафтишот.

Санҷиш – оид ба масъалаҳои алоҳидаи фаъолияти молиявӣ дар асоси хуҷаттҳои ҳисоботӣ ва хароҷотӣ гузаронида меша­вад. Вазифаи асосии санҷиш ошкор намудани вайронкуниҳои тартиботи молиявӣ, муайян намудани чораҳо оид ба бартараф намудани окибатҳои манфии онҳо.

Ташхис – омузиши паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти корхона ва ташкилот буда бо мақсади муқаррар намудани ҳолати моли­явӣ ва самтҳои имконпазири рушди онҳоро пешбинӣ менамояд.

Назорат – амалӣ намудани амалиётҳои молиявӣ бо мақсади мутобиқ, намудани онҳо бо меъёрҳо ва талаботҳо, ки аз тарафи қонунгузории амалкунанда пешбинӣ гардидаанд. Вайронкунии мунтазам ва дагар лоиҳаи меъёр ва талаботҳо, ки ба маҳдудкунии манфиатҳои ҳамкорони субъекти назорат меорад истифодаи муҷозот, масалан, бозхонди иҷозатнома (литсензия) барои машғул шудан ба ин ё он намуди фаъолиятро пешбинӣ менамояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мушоҳида (мониторинг) – ин назорати доимӣ нисбати истифодаи захираҳои молиявии субъекти назорат ва ҳолати молиявии онҳо мебошад. Мушоҳида аз тарафи кредитор, сарпарасти молиявӣ, судҳои иқтисодӣ ва дигарон ба роҳ монда ме­шавад. Бо мақсади баҳодиҳии умумӣ ба натиҷаҳои фаъолияти молиявии корхона, инчунин муайян намудани ҳолати молиявӣ ва таъмини он бо сармояи худӣ ва истифодаи самараноки он таҳлили фаъолияти молиявӣ ба воситаи маводҳои молиявию ҳисоботӣ бухгалтерии корхона гузаронида мешавад.

Тафтишот – усули ниҳоят дақиқ ва ҳаматарафаи назорати молиявӣ мебошад. Вобаста ба пуррагии паҳнгардӣ назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории субъекти назорат тафти­шот метавонад пурра ва қисман, комплекси ва тематикӣ, нақшавӣ ва ғайринақшавӣ, хуҷҷатӣ ва аслӣ бошад. Натиҷаи таф­тишот ба воситаи санад ба расмият дароварда мешавад, ки дар асосӣ он чораҳо оид ба барҳам додани   камбудиҳо,  зарари моддӣ ва ба ҷавобгари кашонидани шахсони гунаҳгор қабул карда мешавад.

Назорати молиявии давлатӣ аз тарафи мақомотҳои ваколатдори давлатӣ дар доираи салоҳияти онҳо дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ва идоракунӣ инчунин назорати молия­вии соҳавӣ, ки аз тарафи вазорату идораҳо нисбати корхона ва ташкилотҳои тобеъи онҳо ташкил карда мешавад, гузаронида мешавад.

Мақомоти назорати молиявии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

  • Маҷлиси олӣ;
  • Президент;
  • Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарҳо.

Маҷлиси Олии ҶТ назорати молиявиро дар рафти таҳия, баррасӣ ва тасдиқи конунҳои соҳаи иқтисодиет ва молия таш­кил менамояд.

Президенти ҶТ назоратро нисбати молия бо роҳи интишори фармонҳо оид ба масъалаҳои молиявӣ, имзои ко­нунҳои ҷумҳуриявӣ, таъин намудани Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди номзад барои ба вазифаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Агентии давлатӣ оид ба назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президента ҶТ сохтори асосии пешбарандаи назорати молиявӣ оид ба моликияти давлатӣ ва воситаҳои пулии давлат мебошад. Назорат бояд тамоми шахсони ҳуқуқи корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳоро дарбар ги­рад. Шаклҳои асосии назорати молиявие, ки аз тарафи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияии назди Президенти ҶТ гузаронида мешаванд, санҷишҳои мавзуӣ ва тафтишот мебошанд.

Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон назорати молиявиро дар тамоми зинаҳои ташаккул ва иҷрои буҷети ҷумҳури­явӣ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ аз ҷониби ҳамаи мақомоти иҷро­ияи давлатӣ ташкил менамояд, дар гузаронидани назорати асъорӣ иштирок менамояд. Назорати таъҷилии иҷрои буҷети давлатӣ дар доираи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Раёсати даромадҳои давлатӣ ва сиёсати андоз ва Сарраёсати хазинадории марказӣ ташкил карда мешавад. Ра­ёсати даромадҳои давлатӣ ва сиёсати андози Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди масъулияташон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ санҷишҳои мавзуъӣ ва таҳлили ҳолати молиявии корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, муассисаҳои бучегӣ, инчунин фондҳои мақсадноки давлатиро мегузаронад. Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷики­стон барои ба рох мондани назорати молиявии давлатӣ нисба­ти риояи иҷрои буҷети ҷумҳуриявӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ пешбинӣ шудааст. Онҳо назорати молиявии пешакӣ ва ҷориро нисбати бурдани амалиётҳо бо маблағҳои буҷетӣ аз тарафи маъмурон ва гирандагони маблағҳои буҷетӣ, ишти­рокчиёни дигари ҷараёни буҷетӣ оид ба буҷети иҷрошаванда ва фондҳои мақсадноки давлатӣ ташкил менамоянд.

Мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ хукуқ доранд:

  • хангоми зарурат оид ба интиқоли саривақтии андозу даромадҳо ба буҷети давлатӣ тавассути суратҳисоби даҳлдори хазинадорӣ дар асоси маълумоти бонкӣ таҳлилҳо ба анҷом расонанд;
  • ҳуҷҷату маълумотеро, ки барои омухтан ва иҷозат додани маблағгузорӣ заруранд аз муассисаҳои буҷетӣ талаб намоянд ва баъди санҷиш, сабт ва назорати хазинадорӣ онҳоро ба муассисаҳои номбурда баргардонанд;
  • аз корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, ки маблағҳои буҷетиро истифода мебаранд, оид ба ҳарчи мақсадноки чунин маблағҳо маълумот талаб намоянд;
  • дастурамал, шаклҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба қоидаҳои ҷамъоварии пурраи даромадҳои давлатӣ (воридоти ғайриандозии буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ), муттахидгардонии ҳамаи маблағҳои ғайрибуҷетӣ таҳия намоянд;
  • маблағҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ ва махсуси муассисаҳои буҷетиро назорат намоянд;
  • дигар ваколатхоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, анҷом диҳанд.

Сохторҳои молиявии ҷумҳурӣ дар маҳаллҳо низ дорандаи ҳуқуқи назорати молиявии давлатӣ оид ба ташаккул ва иҷрои воситаҳои буҷетҳои зинаҳои мувофиқ, мебошанд.

Ба ғайр аз сохторҳои универсалии назорати молиявии давлатии дар боло дида шуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як чанд сохторҳои назорати молиявии махсусгардонидашуда мавҷуданд, ки доираи фаъолияташон соҳаи мушаххаси молия мебошад.

Мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2012) Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз тарафи андозсупорандагон шахсони ҳукуқӣ ва воқеӣ риоя намудани қонунгузории андозро назорат менамояд.

Кумитаи гумрукӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ мувофиқи Ко­декси гумрукӣ Тоҷикистон назорати молиявии интиқоли молҳоро тавассути сарҳади гумрукии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Кумитаи давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар доираи салоҳияти худ назорати молиявии давлатиро:

  • оид ба таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
  • пуррагӣ ва саривақтии маблағгузории онҳо;
  • баҳисобгнрӣ ва баҳодиҳӣ ба фондҳои асосӣ;
  • риояи Низомнома оид ба баҳогузорӣ ба фондҳои асосӣ;
  • дурустии хусусигардонӣ, пуррагии муайянкунӣ ва сари вақт гузаронидани воситаҳо ба даромади буҷети давлатӣ аз моликияти хусусигардидаро ба роҳ мемонад.

Агенти оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва сиёсати зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати моли­явии давлатиро оид ба риояи қонунҳо дар соҳаи ташаккул ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ (хусусан хурду миёна), инчунин чораҳо оид ба барҳам додани инҳисорот (монополия), роҳ надодан ба нархҳои инҳисории бозорӣ ба молҳо ва хизматрасониҳоро ташкил менамояд.

Бонки Миллии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати молиявии давлатӣ дорои ваколати зиёд мебошад. Дар сохтори он мақомоти махсуси назоратӣ Раёсати назорати бонкӣ фаъолият ме­намояд, ки ба уҳдаи он вазифаи санҷиши аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ риоя карда шудани конунигузории бонкӣ ва меъёрҳои фаъолияти бонкии аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда шуда вогузошта шудааст. Вобаста аз намуд ва характери қонунгузории бонкӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад нисбати онҳо чораҳои гуногуни таъсиррасонӣ аз ҷарима иваз намудани то бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии бонкро истифода барад. Бонкҳои тиҷоратӣ бо супориши Бонки миллии Тоҷикистон вазифадоранд, ки аз тарафи муштариёни онҳо риоя намудани тартиботи аз тарафи давлат муқарраршудаи гузаронидани амалиётҳои пардохтиву хазинавӣ ва қонун­гузории асъориро назорат намоянд.

Назорати ғайридавлатии молиявӣ иборат аст аз:

  • дохили хоҷагӣ (дохилӣ, корпоративӣ);
  • назорат аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ нисбати мизоҷон;
  • мустақим (аудиторӣ).

Назорати молиявии дохили хоҷагӣ нисбати фаъолияти хоҷагию молиявии корхона ва маблағгузории он аз тарафи мақомоти молиявию иқтисодии худи корхона ҳисобдорӣ, сохтори молия ё воҳиди менеҷменти молиявӣ гузаронида ме­шавад. Назорати оперативии молиявӣ дар рафти фаъолияти ҳамарузаи хоҷагиву молиявӣ дар асосӣ фармоишоти ҳисоби бухгалтерӣ ташкил карда мешавад. Барои риояи тартиботи молиявии давлатӣ ва қонунгузории молиявӣ дар навбати аввал сармуҳосиб масъул мебошад.

Назората аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равияи нисбатан нави назорат оид ба фаъолияти хоҷагиву молиявии корхона ва ташкилотҳо мебошад. Аудит дар маънои маҳдуд мазмуни санҷиши ҳаққонӣ будани маъруза ва изҳороти роҳбарият ва ҳисобот оид ба натиҷаи чунин санҷиш мебошад.

Назорати аудиторӣ назорати мустақими ғайридавлатӣ, ки он бо мақсади санҷиши дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирии молиявӣ ва ҳисобдорӣ гузаронида мешавад. Онро чӣ шахсони воқеии алоҳида, ки атетестатсияи давлатиро гузаштаанд ва ба сифати соҳибкорон-аудиторон ба қайд гирифта шудаанд ва чӣ ширкатҳои аудиторӣ, аз он ҷумла, хориҷӣ гузаронида метавонанд. Натиҷаҳои санҷиши аудиторӣ дар шакли Хулосаи аудитор (ширкати аудиторӣ) тартиб дода мешавад. Ин ҳуҷҷат барои ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва вокеӣ, мақомоти давлатӣ ва судӣ қувваи ҳуқуқӣ дорад. Чор варианти хулосаи аудиториро фарқ мекунанд:

  • Хулоса бе камбудӣ;
  • Хулоса бо камбудиҳо;
  • Хулосаи манфӣ;
  • Хулоса тартиб дода намешавад.

Санҷиши ҳатмии аудиторӣ дар ҳолатҳои бевосита дар қонунгузорӣ муқарраршуда гузаронида мешавад.

Моҳият ва шаклҳои назорати молиявӣ


Усулхои назорати молияви ва сохторхои ичрокунандаи онхо, Ташхис чист? Назорат чист? Мушохида (мониторинг бо забони точики), Тафтишот чист? Назорати гайридавлатии молияви.

ҚаблӣТо ту ба додам мерасӣ
БаъдӣОмӯзиши забони англисӣ — Муомила ва ҷалб намудани диққат