Вайроншавии фаъолияти олии асаб ва пешгирии он

Фаъолияти меҳнатӣ ва нигоҳдории саломатии одам.

Асосхои физиологияи мехнат ва тавсифи мухтасари шаклхои асосии он. Фаъолияти мехнати ва нигохдории саломатии одам. Физиологияи мехнат. Намудхои механиконидашудаи мехнат. Тарзи гурухии мехнат (конвейер). Корхое, ки ба идоракунии масофави тааллук доранд. Шаклхои мехнати фикри.


Физиологияи меҳнат

Одам имкониятҳои бузурги ҷисмонӣ ва фикрӣ дорад. Онҳо ба ҳар кас имконият медиҳанд, ки як ё якчанд касби ба тарзҳои мураккабу серсоҳаи чи фикрӣ ва чи ҷисмонии меҳнат асосёфтаро аз худ кунад.

Соҳаи физиология, ки тағйироти ҳолати амалии одами коркунро омӯхта, барояш тарзи беҳтарини кору истироҳатро тавсия мекунад физилогияи меҳнат ном дорад.

Асосгузори физилогияи меҳнат И. М. Сеченов мебошад. Ба фикри физиологи машҳур А. Ухтомский дар меҳнат на танҳо имкониятҳои ҷисмонии одам, балки хусусиятҳои шахсӣ, рӯҳӣ ва шуурии ӯ низ нақши муҳим мебозанд.

Дар ҳар як фаъолияти меҳнатии одам 2 унсури таркибӣ: механикӣ ва рӯҳиро фарқ кардан мумкин аст.

Унсури механикӣ бо кори мушак аз ҳаракатҳои одитарини мушакҳо иборат буда, онро системаи асаб танзим мекунад. Дар мушакҳои коркардаистода ҳаракати хун шиддат ёфта, ба мушакҳо моддаҳои ғизоию оксиген меорад ва аз он маҳсулоти таҷзияро гирифта мебарад. Ба он кори фаъоли дил ва системаи нафаскашӣ ҳамроҳ мешаванд. Дар навбати худ барои кори ҳамаи ин системаи узвҳо сарфи иловагии неру зарур аст.

Унсури рӯҳӣ бо иштироки узвҳои ҳис, хотира, тафаккур, эҳсосот ва идроку ирода дар фаъолияти меҳнатӣ муайян карда мешавад.

Ҳиссаи унсурҳои механикӣ ва рӯҳӣ дар навъҳои гуногуни меҳнат ҳар хел аст. Дар меҳнати ҷисмонӣ фаъолияти мушакҳо, дар меҳнати фикрӣ – фаъолияти тафаккур бартарӣ доранд. Чунин тақсимот шартист, зеро ягон навъи меҳнат бе фаъолияти танзими системаи марказии асаб, пеш аз ҳама нимкураҳои калони майна вуҷуд дошта наметавонад. Ҳар навъи меҳнат фаъолияти эҷодиро мехоҳад.

Ба фаъолияти меҳнатии одам шароити меҳнат таъсир мерасонад. Ба шароити меҳнат ҳамаи он омилҳое, ки одамро ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ иҳота кардаанд, мансуб мебошанд. Ба онҳо ҳарорати муҳит, ҳаракат, намнокии ҳаво дар хона, садо, ташаккули вақти ғайрикорӣ, муносибат бо дигар коргарон тааллуқ доранд.

Ҳолати кории одами коркардаистодаро коршоямии ӯ, қобилияти иҷро карда тавонистани ҳаҷму намуди кор муайян ва муқаррар мекунад. Лаёқати кории як одам ҳангоми иҷрои корҳои гуногун як хел набуда, ба як қатор сабабҳо: таҷриба, шароити кор, вазъи саломатӣ, сарбории меҳнат вобаста мебошад. Чӣ қадаре ки одам болаёқат бошад, ҳамон қадар корро ба осонӣ иҷро мекунад.

Фаъолияти меҳнатии одам ҳангоми машғулияти доимӣ ташаккул меёбад. Одам бо мурури замон бе ягон ҳаракати зиёдатӣ ва фикру андеша, яъне ба таври автоматӣ кор мекунад. Малакаҳои ҳаракати меҳнатие ба вуҷуд меоянд, ки ба ин ҳосил шудани ҳаракатҳои автоматӣ дар ҳар кор мисол шуда метавонанд. Ҳаракати автоматӣ коршоямиро беҳтар, шиддатнокиро паст карда, бо таъсири он ҳосилнокии меҳнат зиёд мегардад.

Ҳангоми иҷрои намудҳои меҳнате, ки кори зиёди мушакҳоро талаб мекунад (дар меҳнати вазнини ҷисмонӣ заминкобӣ, дарахтбурӣ, оҳангарӣ, дараву хирманкӯбии дастӣ), аз се ду ҳиссаи мушакҳои бадани одам иштирок мекунанд. Дар ин намуди меҳнат бисёр неру (19942 кҶ) сарф мешавад. Дар айни ҳол 2-4 маротиба зиёдтар неру сарф шуда, дил дар як дақиқа 130-150 маротиба мезанад. Кори ҷисмонӣ системаи мушакии одамро инкишоф дода, равандҳои мубодилавиро беҳтар месозад, вале истироҳати давомнокро талаб мекунад. Меҳнати якранги ҷисмонӣ системаи мушакҳоро яктарафа ташаккул медиҳад, зеро дар он ҳамеша ҳамон як гурӯҳи мушакҳо иштирок мекунанд.

Бо шарофати такмил ёфтани олоти меҳнат кори вазнини мушакҳо торафт кам истифода мешавад.

Намудҳои механиконидашудаи меҳнат

Ба чунин намуди меҳнат ҳамаи касбҳои сершумори соҳаҳои истеҳсолот тааллуқ доранд. Ҳар коре, ки дудаста иҷро карда мешавад, ба ин мисол шуда метавонад. Мушакҳои дигар одатан ба нигоҳ доштани вазъи бадан банд мебошанд. Чунин кор суръатнокӣ ва дақиқии ҳаракатро, ки баҳри идора кардани механизмҳо зарур аст, талаб мекунад. Ба ин гурӯҳи касбҳо дар як шабонарӯз 15086 кҶ неру сарф шуда, дил дар як дақиқа то 90 маротиба кашиш мехӯрад. Дар айни ҳол одам шиддати зиёди мушакҳоро ҳис намекунад. Мушакҳои калон кам нақш бозида, мушакҳои хурд серкортар мешаванд.

Бисёр навъҳои меҳнати механиконидашуда якранг мебошанд, ки ин фаъолияти системаи марказии асабро суст карда, хастагии организмро афзун мегардонад. Қобилияти кории организм паст мешавад ва дар чунин ҳолат барои нигоҳ доштани дараҷаи зарурии шиддати кор кӯшиши зиёд лозим аст.

Дар корҳои механиконидашуда барои коргар, инчунин идора карда тавонистани механизмҳо муҳим аст. Ин донистани сохти мошинро талаб мекунад. Барои иҷрои чунин корҳо танҳо машқ додани узвҳои ҳаракат кифоя нест. Касбҳои механиконидашуда ҳосил кардани дониши махсус ва малакаҳои амалиро талаб мекунанд. Ба кори механиконидашуда касби харротӣ мисол шуда метавонад.

Коре, ки ба истеҳсолоти нимавтоматӣ ва автоматӣ тааллуқ доранд, ин дар истеҳсолоти нимавтоматӣ вазифаи одамро идора кардани дастгоҳ (барои коркарди масолеҳ, ба кор даровардани дастгоҳи автоматӣ, баровардани қисмҳои тайёр) мебошад. Ба ин ба қолиб рехтани ҷиҳозҳои якхела мисол шуда метавонад.

Автоматикунонӣ нақши одамро дар ҷараёни меҳнат якбора дигар мекунад. Вай аз изофакорӣ даст кашида, танҳо мошинро идора мекунад. Вале кор бо автомат (худкор) тайёрии ҳарлаҳзагӣ, суръати баланди аксуламал, шиддатнокии системаи асаби коргарро тақозо мекунад. Вазифаи асосии шахси идоракунандаи автомат (худкор) таъмин кардани кори бетаваққуфи механизмҳо мебошад. Ин дар навбати худ батафсил донистани автомат (худкор)-и идорашавандаро талаб мекунад. Баъзан як одам дар ихтиёри худ даҳҳо дастгоҳ дорад ва ӯ бояд онҳоро идора карда тавонад. Ба ин дастгоҳи бофандагӣ мисол шуда метавонад.

Тарзи гурӯҳии меҳнат (конвейер)

Ҳангоми чунин тарзи кор маҳсулотро чанд нафар коргар тайёр мекунанд. Асоси ин кор автоматикунонии малакаҳои ҳаракат ва мувофиқи ҷараёни коркарди маҳсулот аз як коргар ба коргари дигар додани он мебошад. Тарзи гурӯҳии меҳнат суръати баланд, дақиқии амал ва мувофиқати кори амалии ҳамаи иштироккунандагони онро талаб мекунад.

Корҳое, ки ба идоракунии масофавӣ тааллуқ доранд

Ба ин касбҳои борбардор, ронанда, тракторчӣ, диспетчерони истеҳсолоту нақлиёт дохил мешаванд. Ҳангоми чунин намудҳои кор ба аъзои ҳисси одам ахбори ниҳоят зиёд дохил мешавад.

Шаклҳои меҳнати фикрӣ

Ба он ҳам касбҳои соҳаи истеҳсоли моддӣ (олимон, муҳандисон, техникҳо, устоҳо, танзимгарон ва ғайраҳо) ва ҳам берун аз он (духтурон, омӯзгорон, мураббиён, нависандагон, рассомон, санъаткорон) тааллуқ доранд.

Одатан меҳнати фикрӣ фаъолияти зиёди мушакҳо ва нисбат ба дигар шаклҳои кор қувваи зиёдро талаб намекунад. Ба меҳнати фикрӣ дар як шабонарӯз 13474 кҶ қувва сарф мешавад. Вале ҳар як касби фикрӣ аз худ кардани барномаи муайяни амалиёт ва донишро талаб мекунад.

Баъди хатми мактаб ҳар як хонанда барои худ касб интихоб мекунад. Интихоби касб дар ҳаёти ҷавонон лаҳзаи муҳим мебошад. Касб ҳар қадар дуруст интихоб карда шавад, кори одам ҳамон андоза сермаҳсул шуда, мақомаш дар ҳаёти ҷамъиятӣ мустаҳкам мегардад.

Бояд ҳар як хонанда ҳанӯз дар мактаб нисбат ба интихоби касб бошуурона рафтор карда, организмашро ба он омода созад. Вай бояд муайян кунад, ки аз кадом намуди кор қаноатмандии зиёди шахсӣ ва касбӣ ҳосил карда метавонад. Танҳо меҳнати боистеъдодона, рағбат ва майли мувофиқ ба одам қаноатмандии маънавӣ бахшида, боиси ҷустуҷӯйи эҷодӣ мегардад ва ба инкишофи кас роҳ мекушояд. Одаме нест, ки ба ягон намуди кор шоям набошад. Ҳар як шахс метавонад ба ҷамъият фоида расонад.


Дониши худро санҷед:

  1. Физиологияи меҳнат чиро меомӯзад?
  2. Дар фаъолияти меҳнатии одам кадом қисматҳоро ҷудо кардан мумкин аст?
  3. Шароити меҳнат чист?
  4. Коршоямӣ чист? Кадом омилҳо ба коршоямӣ таъсир мерасонанд?
  5. Шумо кадом шаклҳои фаъолияти меҳнатиро медонед? Онҳо бо чӣ тавсиф карда мешаванд?
  6. Ҳангоми интихоби касб чиро бояд ба назар гирифт?
  7. Меҳнати фикрӣ чист?
  8. Меҳнати ҷисмонӣ чист? Онҳо аз якдигар чӣ фарқ доранд?
  9. Асосгузори физиологияи меҳнат кадом олим мебошад?
  10. Истеъдод чист?
Қаблӣ9-май – Рӯзи Ғалаба (Рузи Галаба – иншои озод)
БаъдӣФаъолияти одам дар шароити номусоид. Одаткунӣ ба иқлими нав