Шеър дар бораи ишк

Якчанд шеър дар бораи ишк ва ошики дар ин мақола оварда мешавад. Шеърхо дар васфи ишк инҷо >>

ишку ошики, картинки ошики скачать, шеърхои ошики

Ишқ яъне мушкиле осон кунӣ
Дарде аз дармондае дармон кунӣ

Дар миёни ин ҳама ғавғову шарр
Ишқ яъне коҳиши ранҷи башар

Ишқ яъне гул ба ҷойи хор бош
Пул ба ҷойи ин ҳама девор бош

Ишқ яъне ташнаӣ худ низ агар
Вогузорӣ обро, бар ташнатар

Ишқ яъне дашти гулкорӣ шуда
Дар кавире чашмае ҷорӣ шуда

Ишқ яъне туршро ширин кунӣ
Ишқ яъне нешро нӯшин кунӣ

Ҳар куҷо ишқ ояду сокин шавад
Ҳар чӣ номумкин бувад, мумкин шавад

Мавлоно


Ишқ дар дил шуълаи субҳи саодат будааст,
Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст.

Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд,
Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.

Баски аз пои равон мондем, ҳасрат мекунем
Аз паи хубон давидан ҳам ғанимат будааст.

Дар фалак ҷустан ситора санъат асту дар замин
Хештанро гум накардан низ санъат будааст.

Одамӣ баъд аз заволи умр мефаҳмад, ки умр
Як назар бар осмон бо чашми ҳайрат будааст.

Беҳтарин ганҷе, ки одам ёфт, гар симу зар аст,
Беҳтарин ганҷе, ки гум кард ӯ, муҳаббат будааст.

Лоиқ Шералӣ


ишку ошики шеърхо шеър дар васфи ишк ва ошики

Шеърхои ошики

ҚаблӣШеър дар бораи Зиндаги
БаъдӣШеър дар бораи Самарканд

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед