Вазифахои амалии рохбари синф.
Маъмурияти мактаб аз синфи панҷум то синфи ёздаҳум яке аз муаллимони дарсдиҳандаро роҳбари синф таъин мекунад, то ки ба танзими корҳои таълимию тарбиявӣ, нигаҳдорӣ ва пешбурди хуҷҷату санадҳои шахсии талабагон, кор бо волидайни онҳо ва ғайраҳо масъул бошад. Аммо дар синфҳои ибтидоӣ ҳамаи ин вазифаҳо бар дӯши муаллимон аст. Муаллимони синфҳои ибтидоӣ ба ҳайси роҳбари синф ва оне, ки роҳбари синф таъин шудааст, чунин вазифаҳоро бар ӯҳда доранд:
- тарбия кардани талабагон дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида ва асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ;
- ташкил ва тарбия кардани фаъолони синф баҳри коллективи муттаҳид;
- инкишоф додани завқи маърифатӣ ва қобилияти эҷодии дастпарварон, баланд бардоштани дараҷаи дарсҳазмкунии онҳо;
- ғамхорӣ нисбати ҳифзи саломатӣ ва инкишофи ҷисмонии онҳо;
- ёриву ёварии педагогӣ ба кумитаи хонандагон ва созмонҳои талабагӣ роҷеъ ба худидоракунӣ;
- равобити мустаҳкам бо падару модарони талабагон, аҳли ҷамъият ва таъмини ҳамкории онҳо дар корҳои таълимӣ – тарбиявӣ.
Дар адои ин вазифаҳо муаллимон ва роҳбарони синф бояд корҳои зеринро иҷро кунанд: а) дақиқ омӯхтани талабагон; б) ба талабаҳо фаҳмондани моҳияти Қоида ва низомҳои созмонҳои талабагӣ ва таъмини амалии онҳо дар синф; в) мушоҳидаи ҳамарӯзаи донишгирии онон ва назорати доимӣ аз болои иҷрои вазифаҳои хонагӣ, ҳамчунин худдорӣ аз сербории онҳо; г) сари вақт гузаронидани маҷлисҳои синфӣ; д) ба маҳфилҳо ҷалб намудани талабаҳо; е) ташкил кардани корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ; ж) ба маъмурияти мактаб пешниҳод кардани пешқадамон барои ҳавасмандонӣ; з) кор бо талабагони душвортарбия; и) таъмини ҳамкории мустаҳкам бо волидайн; к) нигаҳдории ҳуҷҷатҳои шахсии талабагони синф ва коргузорӣ бо онҳо ва ғ.
Омӯхтани хусусиятҳои психологии талабагони синф
Ҳангоми таълиму тарбия хусусиятҳои психологии кӯдаконро надониста ноили комёбиҳо шудан ғайриимкон аст. Чунки кӯдакон ҳар кадом дорои мизоҷи ба худ хосе мебошанд ва аз муаллимон муносибати муайянеро талаб мекунанд: яке зиндадилу серҳаракат, дигаре маъюсу ғамгин, яке чусту чолок, дигаре коҳилу танфарох, яке ҳалиму гапдаро, дигаре тундмизоҷу гарданшах ва ғ. Дар ибтидо омӯхтани хислатҳои коллективи синф ин як кашфиёти муҳимест барои роҳбари синф ва бо ҳар кадом муомила карда тавонистан эҷодкории ӯст. Омӯхтани хислатҳои психологии шогирдон, тибқи методҳои гуногун муяссар мегардад. Дар ин ҷода ба роҳбари синф методи мушоҳидаи ҳамарӯза маълумотҳои зиёд дода метавонад. Таҳти ин равиши таҳқиқ фаъолияту қобилияти таълимӣ ва рафтору муносибатҳои кӯдакон ҳангоми таълим ва машғулиятҳои тарбиявӣ баръало намоён мегардад. Зимни ин метод диққат, ҳофиза, тафаккур, ба машғулияту иҷрои супоришҳо чӣ гуна муносибат доштани ҳар як талаба ошкор карда мешавад.
Методи сӯҳбат (фардӣ ва гурӯҳӣ) ҳам дар муайян кардани хусусиятҳои хоси кӯдакон аҳамияти муайян дорад. Роҳбари синф зимни сӯҳбат бо талабагон, падару модарон асрорҳои ба вай ниҳонро, аз ҷумлаи сустии органи биноӣ, шунавоӣ, аломатҳои ҳофиза, тафаккуру тасаввурашонро фаҳмида мегирад ва чораҳои лозима меандешад. Кӯдаконе, ки навоқиси забонӣ (лакнатзабон), ақлан ақибмонда ва нуқсҳои дигаре доранд, муайян карда, ба ташхису маслиҳатҳои мутахассисони муассисаҳои дахлдор мефиристад. Дар чунин сӯҳбатҳои самимӣ шароити зиндагӣ, вазъи ҳаёти оилавӣ, ба чӣ шавқманд будани кӯдакон низ ифшо карда мешавад.
Хислат, қобилият ва истеъдоди фардӣ доштани дастпарваронро тавассути методи натиҷаҳои фаъолияти амалиашон низ донистан мумкин аст. Ба ин ташкили намоишҳои маҳсули санъати тасвирӣ ва меҳнати дастӣ, корҳои хаттӣ, иҷрои супоришҳои хонагӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд. Роҳбари синф муайян кардани шавқмандӣ ва қобилияти шогирдон аз баъзе фанҳо (хусусан забони модарӣ ва риёзӣ) вазифаи севариантӣ месупорад. Агар талаба аз се варианти супориши хонагӣ ҳамаашро мунтазам кор карда ояд, ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вай нисбати ин ё он фан хеле шавқманд аст. Ва бо ҳамин роҳ дар мактаби асосӣ барои таъмини омӯзиши тафриқа замина гузошта мешавад.
Барои аниқ донистану омӯхтани кӯдакон ба хонадонҳо ташриф овардани роҳбари синф воситаи беҳтарини бо шароити зиндагӣ ва тарзи тарбиякунии оилаҳо аз наздик шиносшавӣ мебошад. Ин иқдоми нек ба муаллим имкон медиҳад, ки нисбати шогирдонаш маълумотҳои иловагӣ, аз қабили ба корҳои хона дастёрӣ кардан ва ё накардан, фиребгарӣ ё поквиҷдонӣ, ростқавлӣ ё дуруғгӯӣ, хушодобӣ ё дағалона рафторкуниашонро муайян кунад.
Омӯхтани шогирдон раванди доимӣ буда, муаллим нафақат ба хислатҳои мусбату манфии рафтор ва донишҳазмкунии талабаҳо, ҳамчунин бо дигаргуниҳои инкишофи онҳо ҳам эътибори ҷиддӣ медиҳад. Баъди чуқур омӯхтани дастпарварон ба ислоҳи нуқсонҳои ҷойдошта андешакорона мекӯшад. Барои бартарафкунии ақибмонии талабаҳо роҳбари синф чораҳои мушаххас меандешад ва воситаҳои таъсирбахшро ба харҷ медиҳад, то ки пай дар пай натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда шавад албатта, барои бартараф кардани камбудиҳои таълимӣ ва тарбиявии талабагон дастгирӣ ва ҳамкории оилаҳо ва ҷамоатчигӣ лозим аст, он гоҳ ҳар гуна кӯдакро, ҳатто душвортарбияро ҳам ба роҳи дуруст майл додан мумкин аст.