Зарар ва фоидаи Телефон

Мақола дар бораи Зарар ва фоидаи телефон, фоидахои телефон иншо бо забони точики >>

Ҷаҳони имрӯзаро бе истифодаи технаголияҳои навин тасаввур кардан номумкин аст. Телефони мобилӣ ва Интернет яке аз техналогияҳои навини замони муоссир ба шумор мераванд, ки дар ҳар хона зиёда аз ду телефони мобилӣ ва шабакаи Интернет пайвастро дучор меоем. Пайдоиши телефон ва Интернет аз як тараф барои рушди информатсия, яъне сари вақт дастрас кардани иттилоот кӯмак расонад ҳам, вале набояд фаромӯш сохт, ки дар баробари фоида, ҳангоми аз меъёри зиёд истифода бурдан ба саломати ва рафтори Шумо хатар эҷод менамояд.

Ширкатҳои телефонбарорӣ рӯз аз рӯз телефонҳои наву имконияташон яке аз дигаре бештарро бароварда истодаанд. Зарари телефони мобилии симдор нисбати телефонҳои бесим ба саломати камтар аст. Дар ҳаёт ҳамагӣ 20 % истифодабарандагони телефони мобилӣ медонанд, ки телефони мобилӣ ба саломати зарарӣ калон дорад. Истифодаи аз меъёр зиёди телефони мобилӣ истифодабарандагонро ба бемориҳои саратон (раг), нобиноӣ, ношунавоӣ, харобшавии майнаи сар, асабонӣ, фаромӯшхотирӣ ва ғайра оварда мерасонад.

Телефони мобилӣ дар худ майдони магнитиро ҳосил менамояд, ки маҳз ҳамин майдон боиси бемориҳои дар боло номбаршуда мегардад. Имрӯзҳо ба чашм мерасад, ки ҳатто дар дасти кудакони хурд низ телефони мобилӣ ҳаст, ки модарон ё падарон бо мақсади хомӯши ва ё ба корҳои хона халал нарасонидани кудакашон медиҳанд. Ин амалӣ онҳо тамоман хато аст, зеро телефони мобилӣ ба кӯдак таъсираш зиёдтар аст, ҳоло организми кӯдак наонқадар инкишоф ёфтааст, ва истифодаи телефон ба рушдӣ оргганизми онҳо монеа мешавад. Яъне модарон ва ё падарон бо ин амал “теша ба решаи фарзандон мезананд”. Пеш аз хоб рафтан телефони мобилӣ бояд зиёда аз 2-метр аз Шумо дур ҷойгир бошад, чунки дар вақти хоб организми инсон ҳаракаташ суст мегарадад ва таъсири телефон дучанд ба организм мерасад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Агар ба сарпарастони ширкатҳои телефонбарорӣ назар афканем Онҳо ба фарзандонашон телефони мобилро аз 1 ё 2 соат дар як шабонарӯз зиёд истифода бурдан иҷозат намедиҳанд, ҳоло ки баъзеҳо дар вақти хоб низ ҳамроҳашон аст. Дар айни замон телефонҳои мобилӣ на танҳо барои сӯҳбат кардан балки тавассути онҳо ҳар гуна бозиҳо, китобҳои электрони ва шабакаи Интернетиро низ истифода бурдан мумкин аст, ки ин албатта пешрави аст. Кам истифодабарандагонеро вомехӯрем, ки телефонро барои рӯшдӣ зеҳни ва дар роҳи илм истифода мебаранд ва қоидаҳои онро риоя менамоянд. Масалан қариб ҳамаи телефонҳои мобилие,ки  дар дасти ҷавонон ҳаст, дар худ барномаи радио доранд. Дар барномаҳои радиои мавҷҳои радиоҳои Тоҷикистон фаъол аст. Барномаҳои радиоҳои Тоҷикистон инсонро ба роҳи Ватандӯстию худшиносӣ ҳидоят менамояд, вале онҳо аз радио истифода набурда ба мусиқиҳои фарҳанги бегона таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд.

Боронзода Комрон Асадулло

ИНЧУНИН ХОНЕД >>

Зарар ва фоидаи Интернет – Иншо

ҚаблӣҲамсадоҳои такрор (Ташдид, шада) ва имлои онҳо
Баъдӣ#6 Саволнома бо мукофотпулӣ – 12.02.2021