Чаро Арча рамзи Соли нав аст?

Салом, дӯстон ва корбарони сомонаи Donishju.Net!

Дар замони мо комилан дар ҳар як хона ҳангоми Соли нав (мавлуди Ҳазрати Исо (а))  гузоштани дарахти Арча расм ва қабул гардидааст. Алакай ҳеҷ кас наметавонад ин идро бе ин дарахти зебои орододашуда тасаввур кунад. Аммо кам ашхос ба ин фикр афтодаанд, ки чаро дарахти Арча, чаро, масалан ягон бутта ё дарахти дигар неву маҳз дарахти Арча рамзи Соли навро дар бар мегирад.

Вобаста ба ин савол ривоят ва нақлҳои гуногун мавҷуд аст, ки баъзеаш ҳатто сафтсата ва дурӯғанд. Барои ривояти дурусти ин суолро дарёфтан мебояд ба таърих нигарем.

Ба мамлакатҳои мо Арча ҳамчун рамзи Соли нав аз мамлакатҳои Аврупо махсусан аз ҳудудҳои имрӯзаи Олмон ворид гардидааст. Дар замонҳои қадим, ҳангоме ки аҳолии Замин дар ҷамоаи обшинагӣ ва қабилавӣ зиндагӣ мекарданд, мардумони муқимӣ ин дарахти барои онҳо муқаддасро парастиш мекарданд. Арча рамзи хайр, ҳамешаҷавон ва ҳимоягари мардум аз деву аҷина ба шумор мерафт. Сараввал мардуми қадим аз ҳама арчаи калонтаринро ҷустуҷӯ намуда (дар охири сол), онро бо ашёҳои гуногун, махсусан маводҳои хӯрока оро медоданд. Ин метавонист тухм, себ ва ё чормағз бошад. Бозичаҳои бо дасти худ сохтаро низ ба дарахт овезон мекарданд. Ин ҳама маросими махсус ба шумор мерафт, ки метавонист қувваи рӯҳҳои хубро ҷалб кунад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳамин тавр, ин одат ба дигар мамлакатҳо низ кӯчид. Масалан, дар замонҳои фиръавнҳои бузург, дар Миср оро додани дарахт ҳангоми Соли нав қабул гардида буд. Бале, дар Миср дарахти Арча намерӯяд, аз ҳамин сабаб мисриён дарахти хурморо, ки дар ҳудуди Миср мерӯяд, оро медоданд. Ба мамлакатҳои Шарқ ин маросим дар асри 20 ворид гардид.

Оро додани Арча ҳамчун рамзи соли нав дар Росия соли 1700 пайдо гардид. Ин сол Пётри I фармон дод, то Арчаро барои Соли нав оро диҳанд ва мавлуди Ҳазрати Исо (а)-ро ҷашн гиранд. Ҳангоми пайдоиши Ҳукумати Шӯравӣ бо сабабҳои фаҳмиши динӣ ин маросимро манъ карданд. Ҳамин тавр, охири соли 1935 ин маросим дубора дар Росия эҳё гардид ва интизор меравад, ки ҳамон солҳо низ ба мамлакати мо аз Росия ворид гардид.

Чунин вазнин буд, тақдири Арча. Имрӯзҳо мо  ягон Соли навро бе ин дарахти зебои орододашуда тасаввур карда наметавонем, ки на танҳо калонсолон балки кӯдаконро низ мафтун кардааст. Охир, онҳо ҳамавақт бесаброна Соли навро интизор мешаванд, то дар гирди Арча аз Бобои барфӣ тӯҳфа гиранд.

Ин буд, дӯстон ва корбарони сомонаи DONISHJU.NET як мақолае оиди Арча. Барои зиёд намудани чунин мавод ва дастгирии сомона ин мақоларо дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн (поделиться) кунед. Барои ин кофист, тугмаҳои ин сомонаҳоро дар зер пахш кунед.

Инчунин хонед:

Шеър дар бораи Соли нав (Соли нав муборак!)


Маълумот дар бораи арчаи солинави, Арча, точики, чаро арча рамзи соли нави аст?

ҚаблӣШеър дар бораи барф
БаъдӣШеър дар бораи Соли нав