Зертипи ғалсаманафаскашҳо (синфи харчангшаклҳо)

Бахшҳои ин мавзӯъ: Зертипи галсаманафаскашхо. Синфи харчангшаклхо. Мухити зист, сохт ва тарзи хаётгузаронии харчангхои дахпой. Системаи хазми хуроки харчанг. Системаи нафаскаши. Системаи гардиши хун. Узви ихроч. Системаи асаб. Системаи чинси. Намояндагони дигари харчангшаклхо. Ахамияти харчангшаклхо.


Ба ин зертип, асосан ҳайвоноте дохил мешаванд, ки саравлоди онҳо ва намудҳои ҳозираашон шакли зиндагии обиро аз сар гузаронида, тавассути ғалсама нафас мегиранд. Ин зертип фақат аз як синф иборат аст.

Синфи харчангшаклҳо

Аксарияти намояндагони ин синф дар обҳои баҳр ва обҳои ширин зиндагӣ карда, ба воситаи ғалсама нафас мегиранд. Намудҳои хушкигард низ доранд.

Харчангшаклҳо аз дигар буғумпойҳо бо он фарқ мекунанд, ки онҳо ду ҷуфт мӯйлаб доранд ва пояшон ,одатан душоха аст. Андозаи баданашон аз 0,1мм то 80 см буда, вазни аз ҳама зиёдашон то 20 кг мешавад. Баъзе намудҳояшон дар дигар ҳайвонҳо муфтхӯрӣ мекунанд. Дар олам қариб 40 ҳазор намуди харчангшаклҳо маълуманд. Онҳо дар Тоҷикистон низ васеъ паҳн шудаанд. Дар рӯдҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои Тоҷикистон зиёда аз 50 намуди харчангшаклҳо вомехӯранд. Дар обанборҳо ба миқдори зиёд кайки обӣ, паҳлушинокунандаҳо ё харакҳои обӣ зиндагӣ карда, онҳо хӯроки муҳимми ҳайвонҳои обӣ ва пеш аз ҳама, моҳиҳо мебошанд.

Паҳлушинокунандаҳо ба тарафи паҳлу ҳаракат мекунанд, ки номашон ҳам аз ҳамин ҷост. Онҳо дар обҳои ширини водии Олой то баландии 3000 м аз сатҳи баҳр ёфт шудаанд. Паҳлушинокунандаҳо зарар ҳам доранд. «Хӯҷаин»-и баъзе организмҳои муфтхӯр буда, ҳамчун хӯроки парандаҳои обӣ ба онҳо мегузаранд.

Муҳити зист, сохт ва тарзи ҳаётгузаронии харчангҳои даҳпой

Ба харчангҳои даҳпой баъзе намояндагони онҳо дар мисоли харчанги дарёӣ, креветка, краб, омар ва ғайраҳо дохил мешаванд. Харчанги дарёӣ дар рӯдҳо ва ҳавзҳои обашон тоза зиндагӣ мекунад. Харчанг дар зери об зиёдтар вомехӯрад. Ранги бадани харчанги дарёӣ сабзи хокистарранг мебошад. Рӯйпӯши хитини он оҳакро ҷаббида сахт шудааст. Дар харчанг 19 ҷуфт пой мавҷуд буда, онҳо вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд (расми 86).

Дар қисми сари онҳо ду ҷуфт мӯйлаб (шакли тағйирёфтаи пой), ҷоғи боло ва ду ҷуфт ҷоғи поён мавҷуд аст. Онҳо низ шакли тағйирёфтаи пой мебошанд. Дар қисми пеши сина 3 ҷуфт пойҷоғ барои доштани хӯрок ва 5 ҷуфт пойи гашта дорад. Ҷуфти якуми пойро, ки амбӯрмонанд аст, душоха буда, онро педипалпа меноманд ва онҳо барои доштани сайд ва мудофиа хизмат мекунанд.

Креветкаҳо дар Тоҷикистон набуда, онҳо дар қабатҳои мобайни оби баҳр ва уқёнус шино мекунанд. Крабҳо дар зери оби баҳр ва баъзан обҳои ширин сукунат доранд. Бадани харчангшаклҳо аз сар, сина ва шикам иборат аст (ба расми 83 нигаред). Дар сарсина чашмакҳои мураккаб, ду ҷуфт мӯйлабча, узвҳои даҳонӣ, панҷ ҷуфт пойҳои роҳгардӣ ҷойгиранд. Чашмакҳои мураккаби харчангҳои даҳпой дар поячаҳо воқеанд. Ин хусусият аз сабаби камҳаракат будани сарсина пайдо шудааст. Шиками харчангҳо аз буғумҳо иборат буда, дар зери сарсина хам шуда метавонад. Дар шиками бисёр харчангҳои даҳпой шаш ҷуфт пой мавҷуд буда, онҳо дар якҷоягӣ бо узви шинокунӣ, ки дар қафои бадан ҷойгир аст, вазифаи шино карданро иҷро мекунанд (ба расми 87 нигаред).

Харчангҳои даҳпой ба воситаи пойҳои роҳгардӣ ҳаракат мекунанд. Ҷуфти якуми пой барои муҳофизат аз душман ва доштани туъма мутобиқ шуда, ду шохаи анбӯрмонанд дорад. Харчанги дарёӣ ва крабҳо тавассути пойҳои роҳгардӣ дар зери об хазида ҳаракат мекунанд. Дар шино кардани креветка пойҳои душохаи дар шикам буда иштирок мекунанд. Тамоми шиками харчангҳо аз буғумҳо иборат аст, онҳо метавонанд шикамро дар зери сарсина тез-тез хам карда, шино кунанд.

Расми 86. Шаклҳои гуногуни пой, системаи ҳазми хӯрок ва нафасгирӣ
Расми 86. Шаклҳои гуногуни пой, системаи ҳазми хӯрок ва нафасгирӣ

Системаи ҳазми хӯроки харчанг аз рӯдаи пеш, мобайн ва қафо иборат аст.

Хӯроки харчангҳои даҳпой обсабзҳо, кирмҳо, кирминаи ҳашарот, ҳайвонҳои бесутунмуҳраи обӣ ва боқимондаи пӯсидаи маводҳои органикӣ мебошанд. Онҳо хӯрокро ба воситаи ҷоғашон совида, баъд онро ба даҳон, аз он ҷо ба сурхрӯда ва қисми совандаи меъда, ки дандонҳои хитинӣ дорад, мефиристонанд. Хӯроки майдашуда ба қисми дига- ри меъда, ки олоти полоиш аст, гузашта, аз он ҷо ба рӯдаи мобайн меравад. Дар зери таъсири шираи меъда хӯрок ҳазм шуда, мӯйрагҳои хунгарди девори рӯдаи мобайн онро ҷаббида мегиранд. Моддаҳои ғизоӣ тавассути девори ғадудҳои ҳазми хӯрок ба хун дохил мешаванд. Қисми ҳазмнашудаи хӯрок ба рӯдаи қафо рафта, аз сӯрохии мақъад ба берун партофта мешавад.

Системаи нафаскашӣ. Харчангҳои даҳпой оксигени дар об ҳалшударо нафас мекашанд. Оксиген тавассути ғалсама ё сатҳи бадан ба хун медарояд (ба расми 86 нигаред), гази карбони дар хун ҷамъшуда бо ғалсама ба берун хориҷ мешавад. Ғалсама дар асоси пойҳои сарсина ҷойгир буда, онҳо шакли парро доранд.

Системаи гардиши хун. Системаи гардиши хуни харчангҳо чун дигар буғумпойҳо кушода аст. Дил дар тарафи пушт, дар қисми сина ҷойгир аст. Хун аз дил ба рагҳои шарён (артерияҳо) ворид шуда, аз он ба холигии тана меравад. Рагҳое, ки тавассути онҳо хун аз дил ҷорӣ мешавад, шарён, рагҳое, ки ба воситаи онҳо хун ба дил меравад, варид (вена) ном гирифтаанд.

Узви ихроҷ. Ихроҷ кардани маҳсулоти дар натиҷаи фаъолияти ҳаётгузаронӣ ҳосилшуда ба воситаи ду гурда, ки дар қисми пеши сарсина ҷойгиранд, ба амал меояд. Ҳар як гурда найчаи ихроҷ дошта, онҳо дар асоси мӯйлабчаҳо ба берун кушода мешаванд (ба расми 84 нигаред).

Системаи асаб. Системаи асаби харчангҳои даҳпой аз ҳалқаи асаби назди гулӯ ва занҷири асаби шикам иборат аст. Дар муқоиса бо ҳалқакирмҳо гиреҳҳои асаб камтаранд, вале онҳо калонтар мебошанд. Махсусан, гиреҳи асаби зери гулӯ ва гиреҳи асаби болои гулӯ нағз тараққӣ кардааст. Аз гиреҳи асаби болои гулӯ ба чашм ва мӯйлабчаҳо, аз гиреҳи асаби зери гулӯ ба аъзои даҳон, аз занҷири асаби шикам ба узвҳои дохилӣ ва пойҳо асабҳо паҳн шудаанд. Мӯйлабчаҳои дароз аъзои ломиса ва шоммаи харчанг буда, тавассути онҳо харчанг ашёҳои атрофро ламс мекунад. Дар асоси мӯйлабчаҳои кӯтоҳ узвҳои мувозинат ва сомеа воқеанд. Узви биноӣ як ҷуфт чашми фасетокӣ (мураккаб) мебошад.

Системаи ҷинсӣ. Харчангшаклҳо, асосан, ҳайвонҳои ҷудоҷинсаанд. Модинаи бисёр харчангҳо тухмҳои бордор- шударо дар пойҳои дар қисми шикам ҷойгирифтаашон ги- рифта мегарданд. Онҳо харчангҳои аз тухм баромадаро то калон шуданашон дар бадани худ нигоҳ медоранд. Инкишофи харчанги дарёӣ бе дигар кардани шакл ба амал меояд.

Намояндагони дигари харчангшаклҳо

Дар обҳои ширин ва шӯри баҳр харчангчаҳои бисёр сукунат доранд (расми 87).

Расми 87. Харчангшаклҳои обҳои ширин ва рӯйизаминӣ
Расми 87. Харчангшаклҳои обҳои ширин ва рӯйизаминӣ

Онҳо планктонро ташкил мекунанд. Харчангҳои муқаррарии обҳои ширин кайки обӣ ва сиклоп мебошад. Андозаи танаи онҳо 2-5 мм аст. Кайки обӣ тавассути як ҷуфт мӯйлабчаҳои шохронда ва сиклоп бо ҷуфти якуми мӯйлабчаҳо ва пойҳои қисми сина ҳаракат мекунад. Харчангҳо роҳашонро дар об ба воситаи узви биноӣ ва шомма меёбанд. Кайки обӣ як чашми мураккаб ва як чашмаки сода, сиклоп танҳо як чашмаки сода дорад. Баҳор ва тобистон дар обанборҳо фақат дафнияҳои модина вомехӯранд. Модина тухми бордорнашуда мемонад. Аз тухм насли нави модина пайдо шуда, дар тобистон якчанд бор бе бордор кардан насл мемонад. Фақат тирамоҳ нарина ва модина пайдо шуда афзоиши ҷинсӣ ба амал меояд. Баъзе харчангчаҳо танҳо дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Масалан, харакро дар хокҳои нами полизҳо, похса, ҷангалҳо, зери сангҳо ва дигар ҷойҳои сернам дидан мумкин аст. Бадани харак аз тарафи пушт ба ҷониби шикам пачақ аст. Дар буғумҳои сина ва шикам якҷуфтӣ пой дорад. Дар буғумҳои пойҳои шиками харак узвҳои нафаскашӣ ҷойгиранд, ки онҳо аз пӯсти чуқури фурӯрафта иборат буда, ба найча монанданд.

Синфи харчангшаклҳо ба се зерсинф – харчангҳои ғалсамапой, харчангҳои ҷоғпой ва харчангҳои олӣ ҷудо мешаванд. Ба зерсинфи аввал ғалсамапой, сипардорон, дафния дохил мешаванд (расми 87). Ба зерсинфи 2-юм сиклоп, капурхӯр ва харчангҳои мӯйлабпой мансубанд (ба расми 87 нигаред). Зерсинфи харчангҳои олӣ аз харчангҳои даҳпой иборат аст (ба расми 82 нигаред).

Аҳамияти харчангшаклҳо

Харчангҳои даҳпойро ҳамчун маводи хӯрока дар тамоми дунё шикор мекунанд. Масалан, дар Русия краби камчаткавӣ, креветка, харчанги дарёиро шикор карда, аз онҳо консерва тайёр мекунанд. Дар Тоҷикистон харчангҳои майда хӯроки асосии ҳайвонҳои обӣ, махсусан моҳиҳои хурд мебошанд. Аз ҳамин сабаб, дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ кайки обиро бо роҳи сунъӣ афзоиш кунонида, ҳамчун хӯроки муҳими моҳичаҳо истифода мебаранд. Харчангҳои баҳр қисми асосии планктонро ташкил медиҳанд.

Бисёр харчангшаклҳо обсабзҳои якҳуҷайра, содатаринҳо, бактерияҳо ва заррачаҳои моддаҳои органикии дар об бударо фурӯ бурда, обро тоза мекунанд, яъне онҳо биофилтрҳо мебошанд. Дар бадани баъзе харчангҳо кирмҳои муфтхӯр афзоиш мекунанд. Масалан, сиклоп «хӯҷаин»-и мобайнии кирми тасмашакли паҳн аст.


Оё медонед?

Андозаи бадани харчангҳо аз 0,1 то 80 см аст.

Вазни лангуст ва харчанги баҳрӣ (омар) ҳар кадоме ба 20 кг баробар аст.

Краби японӣ дар ҳолати паҳн будани пойҳояш то 3 м андоза дорад.

Харчангҳо дар байни буғумпойҳо аз ҷиҳати андозаи бадан аз ҳама калонтар мебошанд.


Саволҳо

  1. Шакли берунии харчангҳои даҳпой чӣ гуна аст?
  2. Харчангҳо чӣ тавр ҳаракат мекунанд?
  3. Кайки обӣ ва сиклоп аз харчанги дарёӣ ва креветка чӣ тафовут доранд?
  4. Сабаб чист, ки аксарияти харчангшаклҳо дар хушкӣ зиндагӣ карда наметавонанд?

Аз фикрҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои дурустро ишора карда, сабаби онҳоро шарҳ диҳед.

  1. Яке аз аломатҳои асосии буғумпойҳо мавҷудияти пойҳои буғумдор мебошад.
  2. Типи буғумпойҳо ду синф дорад.
  3. Бадани харчанги дарёӣ аз се қисм иборат аст.
  4. Харчанги дарёӣ 5 ҷуфт пойи роҳгардӣ дорад.
  5. Хитин – моддаи минералӣ аст.
  6. Аксарияти харчангҳо ду ҷуфт мӯйлаб доранд.
  7. Дар харчанги дарёӣ меъдаи духонагӣ хуб инкишоф ёфтааст.
  8. Системаи гардиши хуни харчангҳо сарбаста аст.
  9. Системаи ихроҷи харчангҳо аз ду ҷуфт гурда ё ғадудҳои сабз иборат аст.
  10. Аксарияти харчангҳо ҷудоҷинсаанд.
ҚаблӣСохти дохилии буғумпойҳо
БаъдӣЗертипи нешчанголдорҳо (хелитсерадорҳо, сохти дарунии тортанак)