Зертипи нешчанголдорҳо (хелитсерадорҳо, сохти дарунии тортанак)

Зертипи нешчанголдорхо (хелитсерадорхо).


Баръакси харчангшаклон, намояндагони ин зертип, асосан, дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Ба хелитсерадорон, асосан, тортанакшаклон мансубанд. Тортанакшаклҳо дар байни буғумпойҳо аввалин ҳайвоне мебошанд, ки тахминан 400 млн. сол пеш аз об ба хушкӣ баромада, ба шароитҳои гуногуни муҳити зист мутобиқ шудаанд.

Ҳоло 63 ҳазор намудашон дар дунё маълум буда, дар Тоҷикистон низ васеъ паҳн шудаанд. Барои тортанакҳо чунин хусусият хос аст: Ҷуфти якуми пойи сарсина ба аслиҳаи майда кардани хӯрок табдил ёфтааст ва онро хелитсера ё нешчангол (амбӯр) меноманд. Ҷуфти дуюми пойро педипалпа меноманд, ки вазифаи доштан ва қапидани сайдро иҷро мекунад. Онҳо инчунин чор ҷуфт пойи гашт доранд. Як намояндаи онҳо тортанаки салибдор буда, дар ҷангалҳо ва хонаҳои истиқоматӣ зиндагӣ мекунад (расми 88).

Расми 88. Намуди зоҳирии тортанаки салибдор
Расми 88. Намуди зоҳирии тортанаки салибдор

Модинааш 2 см андоза дорад. Тортанак барои доштани сайдаш (ҳашарот) тӯри калони гирд метанад. Дар охирҳои пойҳояш барои танидани тор нохунҳои шонамонанд дорад. Дар тарафи поёнии қафои шикам 3 ҷуфт ғадудҳои торбарор мавҷуд буда, аз онҳо тортанак тор мебарорад. Дар           сарсинаи           тортанак   хелитсера бо      ғадуди заҳрбарор дида мешавад.

Сохти дарунии тортанак

Системаи ҳозима аз даҳон, гулӯ, сурхрӯда, меъда, рӯдаи мобайн ва қафо иборат аст (ба расми 84 нигаред).

Тортанак хӯроки калонро фурӯ бурда наметавонад, барои ҳамин онро берун аз организм ҳазм мекунад. Тортанак баъди доштани сайд (ҳашарот) ба воситаи хелитсерааш сайдро сӯзан зада, ба он заҳр мечаконад (барои беҳуш кардан) ва аз ғадуди луоббарори гулӯ шираи ҳазмкунанда мерезад. Бо таъсири шира бофтаҳои сахти сайд ба моддаи моеъ табдил меёбанд. Тортанак онро тавассути гулӯи мушакии пурқувваташ чун насос мемакад ва пӯстлоқаш ҳазм нашуда боқӣ мемонад. Яъне хӯрокҳазмкунии тортанакҳо берун аз рӯда ба амал меояд.

Системаи асаб. Системаи асаби тортанакҳо монанди дигар буғумпойҳо буда, аз гиреҳҳои асаби болои гулӯ, яъне «майнаи сар» иборат аст ва он нисбат ба «майнаи сари» харчангҳо мураккабтар мебошад. Узви босираашон суст тараққӣ кардааст. Онҳо 8 ҷуфт чашмакҳои сода ва дар пойҳояшон мӯякчаҳои бисёри ҳискунанда доранд. Тортанакҳо мӯйлаб надоранд ва ин яке аз хусусияти фарқунандаи онҳо аз дигар буғумпойҳо мебошад.

Системаи нафаскашӣ. Узви нафаскашии тортанакҳо дар баъзе намудҳояшон ду шуш, дар дигарашон нойҳои нафасгирӣ ва дар сеюмашон ҳам шуш ва ҳам трахея мебошад.

Системаи гардиши хуни тортанакҳо кушода аст. Дили найчамонанди онҳо бо як ҷуфт сӯрохӣ дар қисми шикам ҷойгир аст. Хунашон беранг аст.

Системаи ихроҷи онҳо аз як ҷуфт найчаҳои шохрондаи малпигӣ иборат буда, дар сарҳади рӯдаи мобайн ва қафо ҷойгиранд. Маҳсулоти нолозими дар натиҷаи мубодилаи модда дар организм ҳосилшуда ба воситаи ҳамин найчаҳо ба ковокии рӯда ворид шуда, аз он берун мешаванд.

Системаи ҷинсӣ. Тортанакҳо ҷудоҷинсаанд. Нарина аз модина хурд аст. Ғадудҳои ҷинсӣ дар шикам ҷойгиранд. Бордоршавиашон дарунӣ ва берунӣ аст. Намудҳое доранд, ки бе бордоршавӣ аз ҳисоби тухмҳои бордорнашуда танҳо фарди модина мебарояд ва ин ҳодисаро партеногенез меноманд. Аксарияташон тухми калони аз зарда бой мемонанд. Тухм бо пилаи аз тор танидашуда ҳифз мешавад. Инкишофи ҷанин дар пила ба амал меояд. Инкишофи баъдиҷаниниашон бе шаклдигаркунӣ ба амал омада, пӯст мепартоянд. Тортанакшаклҳо аз харчангкаждумони мурдарафта пайдо шудаанд.

Як қисми тортанакшаклҳо ба зиндагонии обӣ гузашта- анд. Ба тортанакшаклҳо – тортанакҳои мухталиф, канаҳо, каждумҳо ва ғайраҳо дохил мешаванд. Тортанакҳо аз дигар буғумпойҳо бо он тафовут доранд, ки бадани онҳо аз ду қисм сарсинаи васлшуда ва одатан шиками суфтаи курашакл иборат аст. Тамоми буғумҳои шикам ба ҳам васланд. Дар тортанакҳо мӯйлабчаҳо ва чашмакҳои мураккаб мавҷуд нест. Тортанакҳо даранда буда, ҳайвонҳои аз худ калонро маҷрӯҳ карда мехӯранд. Дар Тоҷикистон якчанд намуди тортанакҳои калон вомехӯранд.


Саволҳо

  1. Барои тортанакҳо кадом хусусиятҳо хос аст?
  2. Оид ба системаи асаби тортанакшаклон маълумот диҳед?
  3. Фарқи тортанакшаклон аз дигар буғумпойҳо дар чист?
ҚаблӣЗертипи ғалсаманафаскашҳо (синфи харчангшаклҳо)
БаъдӣГуногуншаклии тортанакҳо