Бахшҳои ин мавзӯъ: Сохти дохилии бугумпойхо. Системаи хозима. Системаи гардиши хуни бугумпойхо. Системаи нафаскаши. Узви ихроч. Системаи асаби бугумпойхо. Узвхои хис. Афзоиш. Аломатхои монандии бугумпойхо ва халкакирмхо.
Системаи ҳозима. Системаи ҳозима ковокии даҳон, сурхрӯда, меъда ва рӯдаро дар бар гирифта, ба воситаи сӯрохии мақъад ба берун кушода мешавад. Фарқияти сохти системаи ҳозима дар буғумпойҳои гуногун, одатан, ба узвҳои алоҳида ва таркиби хӯрок вобаста аст (расми 84).
Масалан, меъдаи харчанги дарёӣ аз ду қисм иборат аст. Дар қисми аввал (калон) хӯрок тавассути дандонҳои хитинӣ майда карда мешавад. Дар қисми дуюм, ки узви полоиш аст, хӯроки майдашуда ҳамчун дар элак полида шуда, ба рӯдаи мобайн меравад. Дар он ҷо хӯрок комилан ҳазм ва ҷаббида мешавад. Дар гамбӯски саврӣ фақат меъдаи сованда мавҷуд аст. Дар вақти кашишхӯрии деворҳои меъда хӯроки дохилшуда, ки он аз заррачаҳои табиаташон рустанигӣ иборат аст, совида мешавад. Меъдаи тортанаки салибдор маканда аст (расми 82), хӯроки ҳазмшуда тавассути мӯйрагчаҳои деворҳои рӯдаи мобайнӣ ба хун ҷаббида мешавад. Қисми ҳазмнашудаи хӯрок ба рӯдаи ақиб дохил шуда, аз сӯрохии мақъад ба берун бароварда мешавад.
Системаи гардиши хуни буғумпойҳо аз дил ва рагҳои калони хунгард иборат аст. Хун аз дил ба рагҳои хунгард тела дода мешавад, баъд аз он ҷо ба ковокии бадан меравад. Хун аз байни узвҳои ковокии бадан гузашта, моддаҳои ғизоӣ ва оксигенро таъмин карда, сипас ба рагҳое дохил мешавад, ки онҳо ба дил ҷараён доранд.

Ҳамин тариқ, хуни буғумпойҳо, баръакси ҳалқакирмҳо, на фақат дар рагҳо, балки дар ковокии бадан ҳам ҷорист. Ин гуна системаи гардиши хунро кушода меноманд, яъне системаи гардиши хуни буғумпойҳо кушода аст.
Системаи нафаскашӣ. Буғумпойҳо ба воситаи ғалсама, халтаҳои шуш ё найчаҳои борики нафасгирӣ – нойҳои нафас (трахея) нафас мекашанд (расми 85). Ғалсамаҳо дӯнгичаҳои нафиси пармонанди пӯст мебошанд. Ғалсамаҳо, асосан, дар буғумпойҳои обӣ вомехӯранд. Дар харчанги дарёӣ ғалсамаҳо дар асоси пойҳои сарсина ҷойгиранд. Оксигени дар об ҳалшуда аз деворҳои нафиси ғалсама, ки дар он мӯйрагчаҳо ҷойгиранд ба хун дохил мешавад. Гази карбон бошад, тавассути ғалсама ба об хориҷ мешавад.
Халтаҳои шуш ва нойҳои нафас узвҳои нафаскашӣ дар муҳити хушкӣ мебошанд. Дар тортанаки салибдор ду шуш мавҷуд аст, ки ба онҳо тавассути сӯрохиҳои нафаскашӣ ҳаво дохил мешавад. Дар гамбӯски саврӣ фақат нойҳои нафас дида мешаванд. Тавассути нафаскашӣ бо нойҳои нафас хун дар бурдани оксиген ва баровардани гази карбон иштирок накарда, вай фақат моддаҳои ғизоии ҳазмшударо ба тамоми узвҳои бадан таъмин мекунад.

Узви ихроҷ. Узви ихроҷи буғумпойҳо гуногун аст. Масалан, харчанги дарёӣ як ҷуфт гурда (ғадудҳои сабз) дошта, баромади онҳо дар асоси мӯйлабчаҳо кушода мешавад. Найчаҳои ихроҷкунандаи гамбӯски саврӣ дар сарҳади рӯдаи мобайн ва ақиб ҷойгиранд. Тортанаки салибдор найчаи ихроҷ ва гурда дорад (ба расми 84 нигаред).
Системаи асаби буғумпойҳо аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ ва сохташ ба системаи асаби ҳалқакирмон монанд аст. Лекин занҷири асаби шиками буғумпойҳо аз гиреҳҳои асаби миқдоран кам, аммо ҳаҷман калон иборат аст. Махсусан гиреҳҳои асаби болои гулӯ, майнаи мураккаб ва зери гулӯ нағз тараққӣ кардаанд, чунки узвҳои ҳис бо онҳо алоқаманданд (ба расми 84 нигаред).
Узвҳои ҳис. Харчанги дарёӣ, тортанаки салибдор, гамбӯски саврӣ ҳамчун дигар буғумпойҳо узви биноӣ, шомма ва ломиса доранд.
Чашми буғумпойҳо мураккаб ё фасетикӣ буда, аз чашмчаҳои бисёри сода иборат аст (ба расми 85 нигаред). Масалан, чашмҳои мураккаби харчанги дарёӣ қариб аз 3 ҳазор чашмакҳои сода иборат буда, аз якдигар ба воситаи ҳуҷайраҳои пигментӣ ҷудо шудаанд. Ҳар як чашмак як қисми хурди ашёро мебинад, тамоми чашмакҳо бошанд, дар якҷоягӣ тасвири пурраи ашёро яклухт мебинанд. Босираи буғумпойҳоро омехта меноманд: акси пурраи ашё аз аксёбии қисмҳои алоҳидаи он пайдо мешавад.
Баъзе буғумпойҳо, масалан, занбӯри асал ба ҷуз аз чашмчаҳои мураккаб боз чашмакҳои сода дорад, тортанаки салибдор бошад, фақат чашмакҳои сода дорад. Баъзе намояндагони тип умуман чашм надоранд. Дар сарсина ё сари бисёре аз буғумпойҳо як ё ду ҷуфт мӯйлабчаҳои дароз – узви ломиса ва як ҷуфт мӯйлабчаҳои кӯтоҳ доранд, ки вазифаи узви шомма (бӯйфаҳмӣ)-ро иҷро мекунад. Гамбӯски саврӣ як ҷуфт мӯйлаб дошта, ҳарду вазифаи ломиса ва шоммаро иҷро мекунанд.
Афзоиш. Аксарияти буғумпойҳо ҳайвонҳои ҷудоҷинсаанд. Дар тухмдони модина – тухмҳуҷайра ва дар наслдони нарина – нутфа афзоиш мекунад. Фарди модина баъди бордор шудан тухм мемонад. Кирминаҳои аз онҳо баромада калон шуда, ба насли болиғ табдил меёбанд.
Аломатҳои монандии буғумпойҳо ва ҳалқакирмҳо. Муқоисаи намояндагони буғумпойҳо бо намояндагони ҳалқакирмҳо монандии зиёди онҳоро нишон медиҳад. Монандӣ дар аломатҳои зерин зоҳир мешавад: баданашон аз ҳалқаҳо иборат аст, занҷири асаби шикамашон монанд аст, системаи гардиши хун доранд. Монандии буғумпойҳо бо ҳалқакирмҳо далели хешии онҳо буда, пайдо шудани буғумпойҳоро аз ҳалқакирмҳои қадима нишон медиҳад.
Аз тарафи дигар, буғумпойҳо нисбат ба ҳалқакирмҳо аз ҷиҳати дараҷаи мукаммалиашон болотар меистанд.
Дар раванди инкишофи дурудароз дар буғумпойҳо қисмҳои бадан, пойҳои буғумдор, рӯйпӯши хитинӣ, узви нафаскашӣ, системаи асаби мураккабгардида, узвҳои ҳисси нағз тараққикарда ва ғайраҳо пайдо шудаанд. Ин аломатҳо сабаби дар рӯйи Замин хеле зиёд паҳн шудани буғумпойҳо гардидааст.
Саволҳо:
- Чаро сохти системаи ҳозима дар намояндагони буғумпойҳо аз ҳамдигар фарқ дорад?
- Аз чӣ сабаб системаи гардиши хуни буғумпойҳоро кушода меноманд?
- Чаро аксари буғумпойҳо бо пӯст нафас гирифта на- метавонанд?
- Системаи асаби буғумпойҳо аз ҳалқакирмҳо чӣ тафовут дорад?
- Кадом далелҳо ҳастанд, ки пайдоиши буғумпойҳоро аз ҳалқакирмҳои қадима исбот мекунанд?
- Барои чӣ буғумпойҳо ашёро яклухт мебинанд?
Тестҳо
- Дар буғумпойҳо кадом узвҳои нафаскашӣ тараққӣ кардаанд?
А) ғалсама; Б) шуш; В) трахея; Г) ҳамаи узвҳои номбаршуда.
- Системаи ҳазми хӯроки буғумпойҳо аз чӣ сар шуда, бо чӣ ба охир мерасад?
А) аз даҳон ба рӯда, Б) аз даҳон ба мақъад, В) аз даҳон ба сурхрӯда, Г) аз даҳон ба гурда.
- Тавассути кадом тарзи нафасгирӣ хун дар кашонидани оксиген иштирок намекунад?
А) тавассути ғалсама; Б) тавассути шуш; В) тавассути трахея; Г) ҳамаи узвҳои номбаршуда.



















