Маълумоти умумӣ дар бораи санъати Тарсеъ (адабиёт)

Тарсеъ чист?

Тарсеъ калимаи арабист. Маънои донаҳои гавҳарро ба чизе ё ба риштае кашиданро дорад. Метавон онро ба шаддаи гавҳар ё донаҳои тасбеҳ монанд кард. Вале ин калима ҳамчун истилоҳ як намуди санъати бадеии лафзӣ маҳсуб меёбад.

Тарсеъ дар «Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ» чунин маънидод шудааст: «Санъати тарсеъ он аст, ки шоир дар байт аксари калимаҳои муқобили якдигар қароргирифтаро ҳамвазн ва ҳамқофия меорад ва ба ин восита шакли шеърро зебову мавзунтар мекунад».

Донишманди ин соҳа Родуёнӣ хона-хона, бахш-бахш овардани мисраъҳои байт, Шамси Қайси Розӣ «мусаҷҷаъ гардондани калимот ва мутасовӣ доштани алфоз дар вазну қофия»-ро санъати тарсеъ гуфтаанд. Дар ин ду байт Абдураҳмони Ҷомӣ санъати тарсеъро бамаврид истифода бурдааст:

Дамсози муғанниёни фарёд,
Ҳамсози муҷаррадони озод.
Ҳамгардани оҳувони саҳро,
Ҳамшевани булбулони шайдо.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Воқеан, дар байти аввал калимаҳои дамсоз бо ҳамсоз, муғанниён бо муҷаррадон, фарёд бо озод ҳамқофия ва ҳамвазну ҳамоҳанг шуда омадаанд. Ҳамин тавр, дар байти дувум калимаҳои ҳамгардану ҳамшеван, оҳувону булбулон ва саҳро бо шайдо низ бо ҳам мутавозӣ ва аз нигоҳи вазну қофия баробаранд ва бо ҳам мувофиқат доранд.

ҚаблӣИнъикоси вазъи замон дар қасоиди Сайфи Фарғонӣ
БаъдӣЗиндагиномаи Мухаммад Авфии Бухорои