Афкори ичтимои ва сиёсии Абунасри Форобӣ (аль Фараби)

Дар ин мақола афкори ичтимои ва сиёсии файласуфи точик Абунасри Фороби оварда мешавад.

Форобӣ Абунаср Муҳаммад ибни Тархон (Ал Фороби)

Форобӣ Абӯнаср Муҳаммад ибни Тархон (872-951). Дар тазкираи Ибни Надим (Феҳрист) омадааст, ки Форобӣ форси-ул-асл мин қурби Балх. Дурусттараш Форобӣ нею балки Форёбӣ ҳаст. Нахустин файласуфи ҷаҳони Шарқ, ки унсурҳои донишҳои фалсафиро зери таъсири фалсафаи Юнони қадим ба сатҳи баланд дар осори худ ба низом дароварда, баробари ин фалсафаи ҷаҳониро бо андеша ва таълимоти нав ғанӣ гардондааст. Аз ҳамин ҷост, ки дар ҷаҳони фалсафа ӯро муаллими сонӣ номидаанд. Яъне, дар фалсафа аз ҳайси истиқлоли низоми фалсафӣ нобиғаи дувум аст.

Маълумоти илмиро дар Фороб, Бухоро ва Бағдод гирифтааст. Устодонаш бузургони замона Абӯбишри Матто ва Юҳанно ибни Хайлон мебошанд.

Дар ҷустуҷӯи илму маърифат тамоми ҷаҳони мутамаддини айёмашро сафар кардааст: Димишқ, Ҳалаб, Ҳеррон, Миср, Бухоро, Бағдод.

Дар осораш назари машҳуртарин файласуфон – Демокрит, Афлотун, Арасту, Буқрот, Флутин, Фурфуриус, Уқлидус, Батлимусро тафсиру ташреҳ кардааст. Ӯ вобаста ба масъалаҳои онтология, гносеология, фалсафаи табиат, ҷамъиятшиносӣ, эстетика ва этика андешаҳои арзишманд пешниҳод кардааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар фалсафаи иҷтимоию сиёсӣ андешаҳои ӯ дар бораи масъалаи саодат, озодии ирода, пайдоиш ва вазифаи давлат, шаклҳои давлатдорӣ, ахлоқи ҳамида ва тараққии ҷамъият аз роҳи эволютсионӣ аҳамияти махсус доранд.

Дар фалсафа мактаби перипатетизми шарқиро асос гузоштааст, ки ин ҷараёни бузургро нобиғаҳое ба монанди Ибни Сино, Ибни Туфайл, Абӯрайҳони Берунӣ давом додаанд.

Осори муҳимтаринаш «Китоб-ул-маҷмӯъ», «Китоби таҳсил-ас-саодат», «Китоб-ас-сиёсат-ал-мадания», «Калом фил-ақл-ил-кабир», «Китоб фил-ақл-ас-сағир», «Китоб-ул-мухтасар-ил-кабир фил мантиқ», «Китоб-ул-бурҳон», «Рисола фи моҳият-ин-нафс», «Калом фил-ҷавҳар», «Уюн-ул-масоил», «Китоб-ул-мадхал фил-ҳисоб», «Мақола фи вуҷуби саноат-ил-кимиё вар-радд-ало мубтилиҳо», «Китоб-ул-мадинат-ил-фозила», «Ас-сиёсат ул-мудуния», «Рисолат-ул-мусиқа-ал-кабир» мебошанд.

ҚаблӣФалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Муҳамад Ғазолӣ
БаъдӣАФКОРИ СИЁСИИ МУТАФАККИРОНИ ТОҶИКУ ФОРС