Акидахои маорифпарварии Ахмади Дониш (иншо)

Ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш. Акидахои маорифпарварии Ахмади Дониш. Ахмади Дониш Ислохотхох маорифпарвар.


Мавзӯъ: Ақидахои маорифпарварии Аҳмади Дониш

Нақша:

Муқаддима

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли Аҳмади Дониш
  2. Натиҷаи сафарҳои Аҳмади Дониш ба Руссия
  3. Назари манфӣ ба вазъи ҳоким дар аморат
  4. Адолат дар ҳокимият

Хулоса

Аҳмади Дониш ҳамчун шоир ва нависандаи маорифпарвар дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX шӯҳрати бузурге дорад. Дониш тахаллуси адабий Аҳмад мебошад. У соли 1826 дар шаҳри Бухоро дар хонаводаи мулло Мир Носир ба дунё омадааст. Гузаштагони ӯ, аслан, аз тумани Шофирком буда, барои таҳсили илм ба Бухоро омадаанд. Аз сабаби он ки сараш калон будааст, ӯро Аҳмади Калла низ мегуфтаанд. Аҳмади Дониш таҳсили ибтидоиро дар ҳавлии худ, дар мактаби хусусии модараш, ки барои саводомӯзии кӯдакон кушода буд, гирифтааст. У дар ҷавонй ба шеъру шоирй шавқу ҳаваси зиёде дошта, дар баробари ин ба рассомию лавҳакашй низ шавқи калон доштааст. У забони арабиро низ аз худ намудааст.

Аҳмади Дониш, тахминан, дар солҳои 1855 ба хидмати дарбори амир Насрулло даъват карда мешавад. Ғайр аз ин, амир илму дониши Донишро дар соқаи илми нуҷум пай бурда, дар баъзе корҳои худ аз ӯ маслиҳату машваратҳо мепурсид.

Дониш бо фармону супориши амир Насрулло се маротиба ба сафари Русия меравад. Амир Насрулло дар ин сафарҳо ба Аҳмади Дониш супориш доДа буд, ки аз ҳаёту зиндагии мардуми Русия аз наздик ошно гардад ва аз чигунагии корҳои он давлат ба амир ахбор диҳад.

Баъди сафари Русия диду назари Аҳмади Дониш нисбат ба аморати Бухоро ва сохти давлатдории он куллан тагйир ёфт. Аҳмади Дониш ҳангоми сафар бисёр навигариҳоро дидаву мехост самараҳои рушду инкишофи илмию маданй ва техникии Русияро дар Бухоро низ ҷорй намояд. Дониш гумон дошт, ки чизҳои дар ин диёр дидаашро пас аз бозгашт ба амир нақл намояд, амир, албатта, бисёр ҷиҳатҳои мусбат ва пешқадами тартиби давлатдорй ва илму маданияти русро дар аморати Бухоро ҷорй менамояд.

Натиҷаи сафарҳои Аҳмади Дониш ба Русия ҳамин шуд, ки дар вуҷуди ӯ ақидаҳои пешқадами маорифпарварй ба вуҷуд омаданд. Фикру андешаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш дар ҳаёти сиёсию маънавии он замон як ҷараёни тараққипарварона ба шумор мерафтанд. Дониш пас аз сафари Русия қафомондагӣ ва ҷаҳолати сохти иҷгимоӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти илмию мадании кишвари худро дарк намуд. Вай бо рушду нумӯи бузурги илмию фаннин Русия, инкишофи сохти сармоядорй ва ихтирооти илмии он кишвар аз наздик ошной пайдо кард. Ҳамаи ин диданҳову шуниданҳо ҷаҳонбинии Донишро хеле васеъ намуданд. Дониш хуб дарк мекард, ки барои он ки аҳли илму адаб чунин пасмондагй ва қафомондагии кишаварашонро бифаҳманд, чашми онҳоро ба сӯйи кишвари Русия ва хориҷи он кушодан лозим аст. Аҳмади Дониш маданияти мардуми русро тарғибу ташвиқ намуда, мехост ба воситаи илму маданияти онҳо ҳаёти маънавии аморати Бухороро тагйир диҳад. Ин яке аз он ҷиҳатҳои муҳими афкори маорифпарварии Дониш ба ҳисоб мерафт. Ҷиҳати дигари ақида ва афкори маорифпарварии Аҳмади Дониш дар он буд, ки ӯ нисбат ба низоми пӯсидаи феодалй ва тартибу низоми он нафрати сахт дошт.

Аҳмади Дониш ба хулосае меояд, ки дар низому тарткби ҷамъият ва давлатдории аморати Бухоро ислоҳоти шадиде ворид намудан лозим аст, ки ҳолу аҳволи мардум беҳтар гардад.

Аз рӯйи гуфтаи Аҳмади Дониш, шарти нахустини салтанат ба ақл ва адл вобастагй дорад. У таъкид мекунад, ки султон бояд тамоми корҳоро аз рӯйи ақл ва адл анҷом диҳад: «Адл аз камоли ақл хезад», «ҳар кй оқил несг, одил нест».

Ҳамин тариқ, Аҳмади Дониш тамоми фикру андешаҳо ва аҳидаҳои маорифпарваронаи хешро ба тарзи ҳикояҳои бадей ва бо забони содаву равои иброз намудааст, ки барои наели имрӯзаи мо низ аз аҳамият холй нестанд.

ҚаблӣХаёт ва фаъолияти Мухаммад Авфии Бухорои (иншо)
БаъдӣАндешахои тарбиявию ахлокии Абулкосим Фирдавси дар «Шохнома»