Пасванд (суффикс) (грамматикаи забони точики)

Он ҳиссаи калима, ки пас аз реша ва асоси феъл омада, маънои онро тағйир медиҳад, пасванд номида мешавад: кор-гар, боғ-бон, чашм-а, нек-ӣ, бача-гона, ҳафт-а, хон-иш, дид-ор, гуфт-ор.


Машқ. Калимаҳои аз решаю пасванд сохташударо навишта таҳлил кунед.

-Медонӣ, Расул, рӯзҳои хурсандӣ дар ҳаёти ман, албатта, кам набуданд. Орден доданд-хурсандӣ кардам; ордер доданд – хурсандӣ кардам; соли бистум аскарони сурх аспи ҷангӣ доданд – хурсандӣ кардам. Ман бо аскарони сурх мегаштам, сурнайнавози отряд будам ва дар роҳҳои ҷанг фуки аспи ман ба сари аспи командир мерасид. Ин ҳам бароям хурсандӣ буд.

Вале хурсандии нахустин ва калонтарини ман ин набуд.

Ман он вақт бачаи ёздаҳсола будам ва гӯсолабонӣ мекардам. Падарам ба ман аввалин бор дар ҳаётам чоруқ гирифта дод. Дили ман аз шодӣ чунон лабрез буд, ки дар ифодааш сухан оҷизӣ мекашид. Аз дараю пайраҳаҳое, ки дирӯз сангҳои сарди теғдораш пойҳои маро захм мезаданд, акнун бебокона роҳ мепаймудам. Ман акнун аз болои ин сангҳо дилпурона қадам мезадам ва аз сахтию сардии онҳо наметарсидам.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Расул Ғамзатов

ҚаблӣЗиндагиномаи Амир Унсурулмаолии Кайковус
БаъдӣПешванд (префикс) (грамматикаи забони точики)