Хаёт ва фаъолияти Мухаммад Авфии Бухорои (иншо)

Хаёт ва фаъолияти Мухаммад Авфии Бухорои (реферат).


Мавзӯъ: Ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммад Авфии Бухороӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Мухтасари тарумаи қоли Муҳаммад Авфӣ
  2. «Лубобулалбоб» аввалин тазкира дар таърихи адабиёти классикӣ

Хулоса

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Муҳаммад Авфӣ яке аз нависандагон ва донишмандони бузурги замони худ буда, ба шеъру шоирй низ майлу рагбаги беандоза доштааст. Гузаштагон ва падару бобоёни ӯ аз аҳли илму дониш будаанд. Муҳаммад Авфии Бухорой соли 1172 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Даврони кӯдакй ва таҳсилоти ибтидоии шоир дар зодгоҳаш Бухоро гузаштааст. Вай илмҳои маъмулии замони худ забони арабӣ, фиқҳ ва илми каломро дар Мадраса омӯхтааст.

Муҳаммад Авфӣ баъди анҷом додани таҳсили Мадраса ба саёҳати шаҳру вилоятҳои Мовароуннаҳр, Хуросон ва Сиистон баромада, бо донишмандону олимони варзида мулоқот намудааст. Муҳаммад Авфӣ ба ваъзгӯйй машғул шуда, ҳамзамон барои китобҳои ояндааш маълумотҳо, нақлу ривоятҳо ва санаду ҳуҷҷатҳо ҷамъоварй мекардааст. Бо вуҷуди соҳиби илму дониши фаровон буданаш, ӯ ҳангоми сайру сафарҳои худ дар назди олимону донишмандони маъруфи замони худ дониши худро дар баъзе соҳаҳо мукаммал намудааст. У ба ватанаш баргашта, таҳти ҳамлаю ғорати муғулон қарор мегирад. Шоир бештари вақти худро ба таълифу тарҷумаи асарҳои адабӣ ва илмй гузаронидааст. «Лубобулалбоб» яке аз асарҳои машҳури Муҳаммад Авфӣ ба шумор меравад.

Тавре аз гуфтаи Муҳаммад Авфӣ бармеояд, ӯ ба навиштани шеър аз овони ҷавонй шурӯъ кардааст. Вале, номи Муҳаммад Авфӣ дар таърихи адабиёти тоҷик маҳз ба туфайли асарҳои насрияш «Лубобулалбоб» ва «Ҷавомеъулҳикоёт ва лавомеъурривоёт» маълуму машҳур гардидааст.

Маънои луғавии «Лубобулалбоб» «Мағзи мағзҳо» мебошад. Ин асар нахустин тазкираи шоирони форсу тоҷик мебошад, ки то ба замони мо омада расидааст. «Лубобулалбоб» аз ду ҷилд ва дувоздаҳ боб иборат аст. Шоир дар асари худ дойр ба моҳият ва вазифаҳои шеъру шоирй, пайдоиши шеър, хусусан, пайдоиши шеъри форсии дарии тоҷикй ва хусусиятҳои назму наср андешаронй кардааст. «Лубобулалбоб» шарҳи ҳол ва намунаи осори 169 шоирону адибонро фаро гирифтааст.

Асари дигари ӯ «Ҷавомеъулҳикоёт ва ҷавомеъурривоёт» маҷмӯаи ҳикоятҳоеро фароҳам овардааст, ки мазмуни адабию таърихй ва нақлҳои пандомӯз доранд. Асари мазкур аз ҷиҳати услуби навиштор ҷолиби диққат буда, хеле содаву равон навишта шудааст.

«Ҷавомеъулҳикоёт ва ҷавомеъурривоёт» аз 4 ҷилд ва 100 боб иборат буда, беш аз 2000 ҳикоятро фаро гирифтааст. Дар баробари ҳикоятҳои адабиву таърихй ривоятҳо, қиссаҳо, масалҳо ва латифаҳоро низ дар бар мегирад. Як қатор ҳикоятҳову ривоятҳо мавзӯъҳоеро монанди шарму ҳаё, одобу ахлоқи ҳамида, шуҷоату далерй, вафову вафодориро таргибу ташвиқ менамояд. Ҳамчунин, баъзе ҳикоятҳое низ оварда шудаанд, ки ҳирсу тамаъ, дурӯг, танбалй, ҷаҳлу хиёнат ва амсоли онҳоро мазаммат намудааст. Муҳаммад Авфӣ, ки ҳамчун як шахси донишманду ҷаҳондида буд, доир ба шаҳрҳо, вилоятҳо ва аҷоиботи ҳайвоноту габиати онҳо маълумотҳои маърифатбахш додааст.

Ҳикоятҳо аз «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» инҷо хонед<<

ҚаблӣҚурби асъор ва омилҳои муайянкунандаи он
БаъдӣАкидахои маорифпарварии Ахмади Дониш (иншо)