Аллоҳ Таоло (ҷ.ҷ.) – Хазинаи маърифат #2

– Ҳолатро ба Зоте арз кун, ки аз ҳоли дарунат мудом воқиф бошад.

– Агар нафаре барои расидан ба Аллоҳ Таъоло ҳазорҳо сол бо сидқу ихлос ҳаракат кунад ва як даме ақиб гардад, бохташ аз бурдаш зиёдтар аст.
(Ҷунайди Бағдодӣ)

– Инсонҳоро дар ягон шакл ҷудо макунед. Инсонҳоро ба қисмҳо ҷудо кардан ҳаққи шумо нест, ин танҳо ҳаққи онест, ки инсонро офаридааст. (Аҳмад Хулусӣ)

– Барои ба Аллоҳ (ҷ.ҷ.) наздик шудан ба амрҳояш таслим бояд шуд, на бо фикру хаёл. (Имом Раббонӣ (р.а.))

– Ба Аллоҳ (ҷ.ҷ.) расиданат мумкин нест, зеро то ҳол мақоми башар бароят пӯшида аст. (Муҳаммад Иқбол)

– Аллоҳ (ҷ.ҷ.) дар чизҳои ҳаромкардаи худ шифо халқ накардааст. (маънои ҳадис)

– Диққат кун, ба ғайр аз Аллоҳ(ҷ.ҷ.) ҳама чиз ботил аст. (Лебид)

– Ба амрҳои Аллоҳ (ҷ.ҷ.) таслим шудан пас, ба Ӯ (ҷ.ҷ.) наздик шуда метавонӣ, на ба фикру хаёл. (Имом Раббонӣ (р.а.))

– Ба Аллоҳ (ҷ.ҷ.) қалби шикастаатро бидеҳ, то онро шифо кунад.

– Сабаби душмании шайтон, рӯ гардондани ту ба Аллоҳ (ҷ.ҷ.) аст. (Атауллоҳ Искандарӣ)

– Сирот-ул-Мустақим аз зоҳирии кас ба ботинаш меравад ва ин роҳест, ки ба Аллоҳ (ҷ.ҷ.) мебарад. (Аҳмад Хулусӣ)

– Пеш аз оне, ки худатро ба оташ мепартоӣ, худатро бисанҷ, ки Иброҳим шудаӣ ё не, зеро оташ Иброҳимҳоро мешиносад ва намесӯзонад. (Мавлонои Румӣ)

– Шахсе, ки Аллоҳ Таъолоро тарк мекунад, ба шайтон тобеъ мегардад. (Аҳмад Ф. Юксел)

– Шахсе, ки ба Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) исён мекунад шоистаи ёрдмандӣ нест. (Ҳ. Байрами Валӣ)

– Аллоҳ Таъоло ба ту чормағз додааст ва шикастани пӯчоқашро ба ихтиёри ту ҳаловат кардааст.

– Чӣ хеле, ки телефон карда, волидайну ақрабоятро мепурсӣ, Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.)-ро низ бипурс.

– Шахсе, ки Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.)-ро мешиносад ва итоаташ мекунад, дар зиндон ҳам бошад, худро бахтиёр меҳисобад. Ва шахсе, ки Ӯро (ҷ.ҷ.) фаромӯш мекунад, дар қасрҳо бошад ҳам, дар зиндон аст. (С. Нурсӣ)

– Вақте ки ба Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) исён мекунӣ, ба он ҷое рав, ки малоики Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) туро набинанд. (Луқмони Ҳаким)

– Агар Аллоҳ(ҷ.ҷ.)-ро дӯст дорӣ, ҳукмҳои онро низ дӯст хоҳӣ дошт.

– Роҳе, ки ба Аллоҳ Таъоло мерасонад роҳест, ки Расулаллоҳ (с.а.с.) бо он роҳ рафтааст. Дар ин роҳ ягон бадӣ нест. (Ҷунайди Бағдодӣ)

– Аз Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) ғофил мондан аз афтодан ба оташ бадтар аст. (Ҷунайди Бағдодӣ)

– Вақте ки дар қалбат ғайри дӯстдории Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) чизи дигаре ёфт нашуд, бидон, ки шахси доро ҳастӣ. (Ибни Вафо)

– Он гуна ки мардум туро хуб мешиносанд, Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) туро аз мардум дида хубтар мешиносад. Барои ин туро мебояд, ки дар байни мардум дида дар танҳоӣ худро диққати зиёдтар диҳӣ. (Ҳамдун Қассар)

– Аллоҳ Таъоло фаромӯш шавад, ҳамаи саволҳо бе ҷавоб мемонанд.

– Аз ду чашме, ки ботилро мебинад, он беҳтар аст, ки як чашм бошаду Ҳақро (Аллоҳ Таъоло) бубинад. (Боязиди Бастомӣ)

– Агар мусибати калон дорӣ, магӯ, ки мусибати калон дорам, балки бигӯ, ки Аллоҳи Бузург дорам.

– Агар бо дили шикаста назди Аллоҳ баромадан натавонӣ, пас, барои дили шикаста назди Аллоҳ баро.

– Ягон кори дунё хастакунанда нест, ба шарте, ки барои ризогии Аллоҳ анҷом додани бошӣ.

– Аз Аллоҳ Таъоло кумак (дуо) талаб кунем, ҳақир намешавем, балки бузург мегардем.

– Танҳоӣ хоси Аллоҳ Таъоло аст, инсон вақте худашро танҳо ҳис мекунад, ки худро фиреб додааст. Инсон ҳақ надорад, ки худашро ба танҳоӣ маҳкум кунад.

– Шахсе, ки Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.)-ро дӯст медорад, дар он ин се аломат мавҷуд аст; ба мисли баҳр саховатманд, ба мисли офтоб бошафқат ва ба мисли хок ботавозуъ. (Боязиди Бастомӣ)

– Итоат кардани Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) ба хазина монандӣ дорад, ки калиди он дуо ва дандонҳои калиди он луқмаи ҳалол аст. (Яҳё бин Муоз)

– Ин ду чизро асло фаромӯш макун: Аллоҳ (ҷ.ҷ.) ва маргро.

– Ба ман фарқе надорад, ки дар ҷанг мемирам ва ё дар ҷойгаҳ, зеро ман ба дидори Аллоҳ Таъоло меравам.
(Абдулқодир Удаҳ)

– Модар барои шифо ёфтани фарзандаш доруи талх медиҳад, Аллоҳ Таъоло низ барои бандаҳои дӯстдоштааш талхии дунёро медиҳад. (Ал Музанӣ)

Манбаъ: Хазинаи Маърифат


Аллоҳ Таоло (ҷ.ҷ.) – Хазинаи маърифат #1

ҚаблӣАқл – Хазинаи маърифат
БаъдӣОё медонед? #2 — фактҳои ҷолиб

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед