Парчами давлатии Чумхурии Точикистон (24 ноябр)

Дар ин мақола дар бораи Парчами Чумхурии Точикистон шеър, сухан, эссе ва иншо оварда мешавад. Иншо дар бораи парчами Точикистон аз сайти Донишчу нет >>


«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Чист парчам? Ифтихори миллат аст,
Чист парчам? Иқтидори миллат аст.
Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,
Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.

Дар арафаи 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баландтарин бурҷи парчам дар ҷаҳон дар маркази пойтахти мо шаҳри Душанбе, дар канори чапи Қасри Миллат ифтитоҳ гардид.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳамин тавр парчами Тоҷикистон бо сутуни дорои баландии 165 метр ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Дарозии матои ин парчам 60 ва бари он 30 метр аст.

Парлумони Точикистон ҳануз соли 2009 санадеро ба имзо расонида буд, ки тибқи он ҳар сол 24-уми ноябр Рузи парчами миллӣ таҷлил мегардад.

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории мо дар ҷаҳон аст, ки он бо ҳамин шакл 27-сол қабл дар ҷаласаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардидааст.

24 ноябри соли 1992 дар шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Низомномаи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. 22 ноябри соли 1994 дар бораи даровардани илова ба Низомномаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурои олӣ қонун қабул кард.

Ниёгони мо аз қадимулаём соҳиби парчам буданд, ки он бо номи дравш машҳур буд. Дравши давраи сосониён чор ранг дошт; сурх, сафед, сабз ва зард. Ҳар як ранг рамзи Хешро дошт. Паҳлавонони номӣ ба монанди Рустам, Гударз, Тус, Гев, Сиёвуш ва ғайраҳо дравши хешро доштанд.

Тоҷикон дар тӯли асрҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд, вале дар хусуси парчамҳои давлати Сомонӣ ва давлатдориҳои сонӣ маълумоти дақиқ нест.

Ҳатто соли қабули парчами Аморати Бухороро аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти заррин иборат буд ва дар канори чапи он рӯйи хатти сабз ҷумлаи «Султон сояи Аллоҳ дар рӯйи замин» ҳаккокӣ шуда буд.

Соли 1921 парчами Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро қабул шуд, ки ҳамранги ҳамон парчами амирӣ буд. Танҳо ба ҷои навиштаҷоти «Султон сояи Аллоҳ дар рӯйи замин аст» чор ҳарф «БНСР» дар рӯй нақш гардид, ки мухаффафи «Бухарская Народная Советская Республика» аст.

Пас аз се сол ранги парчам сурх шуд. Дар солхои 1924-1928 парчами Тоҷикистон саросар сурх буд. Фақат дар канори чапи он доси тоҷикиву болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хатти форсӣ – «Пролетарҳои ҳама ҷаҳон, ба ҳам оед» – ҷой гирифт. Аз соли 1953 то соли 1992 сохтори Тоҷикистон нисбатан сода буд, аз боло ва поён ранги сурх ва дар миёни ду хатти нисбатан борики сабз дошт.

Дар гӯшаи чапи аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро ҳифз карданд. Имрӯз парчами миллии мо дар баландии 165 метр қомат афрохта бару дарозии он 60×30 метр мебошад. Соли 2011 ба китоби Гиннес дохил карда шуд. Шояд аввалин маротиба дар таърих тоҷикон парчам эҷод карда бошанд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзҳои соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён ва дӯстию бародарии халқҳои сокини давлати мо мебошад. Аммо ин тахмин аст.

Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи Сурх, Сафед ва Сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.

Рӯйи ман чу рӯйи ту сурх,
Бахти ман чун ту сафед аст.
Умри ман мисли ту сарсабз,
Ҷонам аз ту пурумед аст.

Ранги сурхи парчам нишон аз муборизаҳои халқи тоҷик аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ, муҳофизати маданияташ, анъанаҳои миллиашро фаромӯш накарданаш дарак медиҳад.

Ранги сафеди парчам ин рамзи ростию покист. Ниёгони мо одамонро ба покизагии виҷдон, адлу инсоф ҳидоят мекарданд.

Ранги сабзи парчам ранги баҳору деҳқонӣ мебошад. Инчунин ранги сабз нишона ва ранги биҳишт дониста мешавад.


Бештар бихонед >>


Парчами давлатии Чумхурии Точикистон, таърихи парчами точикистон, байрак, дирафш, диравш, дар бораи парчами Точикистон, баланди ва дарозии парчами Точикистон, иншо/эссе дар бораи парчами Точикистон, бо забони точики, на таджикском языке, 24 ноябр, 24 уми ноябри 2024, рузи парчами давлати, рузи парчам муборак!, рузи парчами точикистон.

ҚаблӣЗертипи ғалсаманафаскашҳо (синфи харчангшаклҳо)
БаъдӣПарчами Тоҷикистон (шеър)