Мероси Абуабдуллохи Рудаки

Шумори байтҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро аз 110 ҳазор то 1 млн. 300 ҳазор гуфтаанд. Рашидии Самарқандӣ (а. ХII), ки шеърҳои шоирро шумурда будааст, миқдори онҳоро “сездаҳ раҳ сад ҳазор” гуфтааст:

Шеъри ӯро ман шумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ.

Мутаассифона, аз ин мероси фаровони шоир то ба имрӯз ҳамагӣ дар ҳудуди ду ҳазор байт мондааст. Рӯдакишиносон ба мисли бостоншиносоне, ки аз миёни хоктӯдаҳои ёдгориҳои замони гузашта пас аз ҷустуҷӯҳои зиёде сафолпорае, шишапорае, порае аз асбобу афзор, хиште аз биное ва борае аз қасреро пайдо менамоянд, аз китобҳои луғат, таърихнома, сарчашмаҳои илмию адабӣ, тазкираҳо ва ғ. порае, чанд байте, мисрае, ниммисраи Рӯдакиро гирдоварӣ мекунанд.

Рӯдакӣ соҳиби девони шеър буда, ғайр аз қасида, ғазал, қитъа ва рубоӣ чанд маснавӣ, аз қабили “Калила ва Димна”, “Синдбоднома” ва “Даврони офтоб” ҳам доштааст.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Мероси боқимондаи Рӯдакӣ ба истиснои чанд қасида, ғазал, рубоӣ ва қитъа, асосан аз байту мисраъҳои пароканда иборат мебошанд.

Инчунин хонед:

Шеърҳо аз эҷодиёти Абуабдуллохи Рудаки

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед