Амалҳои математики бо шеър – шеър дар бораи математика

Амалҳои математики бо шеър – шеър дар бораи математика. Шеър дар васфи математика >>

Зарби ададҳои натуралӣ

Муаррифии амалҳои арифметикӣ
Амали зарб

Ҳар ҷо, ки бинӣ зарб аст,
Он ҷо макони ҳарб аст.
Ададҳоро ба ҳар боб,
Бехато кунам ҳисоб.
Масалан, ду зарби чил,
Ҳаштод шавад ҳосил.
Омӯхтани зарб, эй дӯст,
Баҳри ту нест мушкил.

Амали тақсим

Ман амали тақсимам,
Магӯ, ки нолозимам.
Ададро карда тақсим,
Ба шумо кунам тақдим.
Тақсим мондагор аст,
Суди ӯ бешумор аст.
Омӯхтанаш дақиқан
Лозим ба рӯзгор аст.

 

Амали тарҳ

Номам, бидонӣ, тарҳ аст,
Дигар чи ҷои шарҳ аст?
Аз ҳар адад ҳар рақам,
Бигрифта кунам кам.
Аз сӣ агар гирам бист,
Даҳ мешавад, кӣ донист?
Тарҳро омӯз, эй дӯст,
Ин амали зарурист.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Амали ҷамъ

Ҷамъам, рақампарастам,
Баръакси тарҳ ҳастам.
Бар ҳар адад ҳар рақам,
Бигзошта кунам зам.
Як ҷамъи ду шавад се,
Ду понздаҳ шавад сӣ.
Гар ҷамъро надонӣ,
Ҳар лаҳза дар ҳаросӣ

Аз саҳифаи Алиҷони Сарбандӣ

ҚаблӣАдабиёти кудак – шеърхои кудакона
БаъдӣШЕР, рубоҳ ва хар (ҳикояи ҷолибу хонданӣ)