Он ҳиссаи маънодори калима, ки пеш аз реша ё асоси феъл омада, маънои онро тағйир медиҳад, пешванд номида мешавад: ҳамсоя, барвақт, барҳаво, дарҳол, баромадан, вохӯрдан, нохост, ночор. Пешвандҳоро бо аломати ( ) нишон медиҳем.
Машқи 1. Матнро нависед, пешвандҳоро ишора кунед.
Ман чӣ кор карданамро надониста менишастам, ки нохост занги дарамон баланд шуд. Дарро кушода, ҷӯраи ҳамсинфам -Исмоилро дидам. Мо ба хона даромадем.
Машқи 2. Ба ин калимаҳо пешвандҳои бо-, бе-, но-, ҳам- ҳамроҳ намуда, калимаҳои нав созед ва шарҳ диҳед.
Суръат, адаб, одоб, озор,зарар, маънӣ, хабар, ғайрат, ҳисоб обрӯ, фаҳм, шараф, шуур, боб, бино, дон, маълум, пурра.