Достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ

Нақша:

Маълумоти мухтасар дар бораи шоир

  1. Мазмуни асосии достон
  2. Симоҳои асосии достон

Хулоса


Низомӣ яке аз шоирони бузурги форсизабони Озорбойҷон ба шумор меравад. Ӯ аз хоки Озорбойҷон хеста, дар доираи адабии форсу тоҷик тарбия ёфта, адабиёти форзизабононро ба пояҳои баланде бардоштааст. Низомӣ соли 1141 дар оилаи курдҳои Озорбойҷон ба дунё омадааст. Падари Низомӣ аз аҳли илму фазл будааст. Як муддат дар дарбор адои хизмат ҳам мекунад. Ӯ ба ҳама аҳли дарбор писанд меояд. Вале худи шоир ҳаёти дарборро напеписандад, Ӯ мехоҳад дар ҷое бошаду танҳо хизмати мардумро анҷом диҳад. Мероси адабии шоир хеле бою ғанӣ аст. Ӯ дар адабиёт офарандаи яке аз асарҳои безаволи «Хамса» маҳсуб дониста мешавад. «Хамса»-и Низомӣ дорои панҷ асари бузург мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Достони «Хусрав ва Ширин» дуввумин маснавии «Хамса»-и Низомӣ мебошад, ки шоир онро дар тӯли се сол таълиф намудааст. Мавзӯи асосии достон ишқу муҳаббати поки инсонӣ буда, бо сурудани он шоир тавонист дар адабиёти тоҷику форс асос гузорад. Достони «Хусрав ва Ширин»намунаи барҷастаи он достонҳоест, ки дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳамтое надорад. Қаҳрамони асосии достони «Хусрав ва Ширин» Хусрави Парвиз аст. Шоир дар ин достон ишқу муҳаббати Хусрав ва Ширинро бо тамоми нозукиҳояш тасвир намудааст. Хусрав аз рӯйи нақли бобояш ба Ширин ғоибона дил мебандад. Ширин дар ҳусну ҷамол беназир буда, дорои одобу аҳлоқи ҳамида мебошад. Ширин аз рӯйи нақли Шопур ғоибона ба Хусрав ошиқ мешавад. Хусрав баъд аз марги падар ба тахти шоҳӣ нишаст. Шоир баъди ин воқеаву ҳодисаҳои достонро тасвир менамояд, ки хеле ҷолиб аст. Дар ин миён Фарҳоди кӯҳкан  низ ба Ширин ошиқ мешавад. Аз ишқи Фарҳод ва Ширин Хусрав хабар ёфта, дар оташи рашку ҳасрат месӯхт. Дар достони «Хусрав ва Ширин» ҳодисаву воқеаҳо бо марги ошиқу маъшуқ ба охир мерасанд. Дар достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ саргузашти як қатор қаҳрамонон нақлу ривоят карда мешаванд, ки аз онҳо Хусраву Ширин ва Фарҳод қаҳрамонони асосӣ мебошанд. Ҳамаи ин қаҳрамонҳо ба ду гурӯҳи асосии ба ҳам муқобил ҷудо мешаванд. Дар асар Ширин ва Фарҳод қаҳрамонҳои мусбӣ маҳсуб дониста мешавад.

Тасвири Хусрав бештар ба назар расад ҳам, Ширин қаҳрамони асосӣ ба шумор меравад. Таъкид намудан лозим аст, ки Ширин яке аз қаҳрамонони дӯстдоштаи Низомӣ ба ҳисоб меравад. Ширин бар замми он ки ҷамоли зебо дорад, соҳиби ақлу фаросат низ будааст. Ширин ҳамчун зани оқилу, фарзона дар ҷараёни ҳодисаву воқеаҳо ба камол расида, хусусиятҳо ва сифатҳои хуби худро нишон медиҳад. Хамин тариқ, Низомӣ ҳусну ҷамоли Ширинро дар ҳусни ахлоқи некӯ, рафтори хуб ва гуфтори ширин тасвир намуда, муваффақиятҳои кори ӯро ҳамеша васфу ситоиш менамояд. Хусрав низ яке аз қаҳрамони марказии достони «Хусрав ва Ширин» мебошад. Зиндагӣ ва кору фаъолияти Хусрав аз аввал то ба охир хеле мураккаб тасвир ёфтааст. Хусрав дар тасвири Низомӣ ҳамчун қаҳрамони мусбат тасвир ёфтааст. Хусрав ҷавони зебо, шуҷоъ, далер ва тануманд инъкос ёфтааст. Хусрав дар баробари он ки ҷавони хушрӯву зебост, вале таъкид кардан лозим аст, ки ӯ тарбияи дарборро гирифтааст. Бинобар ин, ӯ хислатҳои манфии фарзандони табақаҳои ашрофро низ дар худ таҷассум намудааст.

Саргузашти Фарҳод дар достон хеле кӯтоҳ аст. Вале ӯ низ дар достон барои ҳаллу фасли масъалаҳо мавқеи муҳим дорад. Низомӣ бо сурудани достони худ ба тарбияи ҷавонон аҳамияти зиёд дода, талабу дархост менамояд, ки ҷавонон ба омӯхтани илму маърифат, касбу ҳунар ҷиддӣ машғул шаванд. Ба ақидаи ӯ инсон бояд дар интихоби касбу ҳунар соҳибихтиёр бошад. Забони асар ниҳоят бою рангин буда, содаву равон мебошад. Достони «Хусрав ва Ширин» яке аз шоҳасарҳои адабиёти классикӣ буда, аз нигоҳи мазмун, мундариҷа ва забон аз беҳтарин намунаҳои олии санъати сухан ба шумор меравад.

Инчунин хонед:

Низомии Ганҷавӣ


Калидвожаҳо: иншо дар мавзуи Достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганчави.

ҚаблӣТаҳлили достони «Сиёвуш»
БаъдӣДостони «Рустам ва Сухроб» (иншо)