Анатолия қисми зиёди нимҷазираи Осиёи Хурдро дар бар гирифта, аллакай дар ҳазорсолаи III пеш аз милод яке аз марказҳои кишоварзӣ ва тиҷоратии Осиёи Ғарбӣ буд.
Аз кӯҳҳои Тавр роҳи муҳимми тиҷоратӣ ба ҷониби Сурияю Осиёи Хурд ва аз он ҷо ба соҳилҳои баҳрҳои Миёназамин ва Эгей тӯл мекашид. Яке аз марказҳои калонтарини тиҷоратии Анатолия шаҳри Каниша ба шумор мерафт, ки онро Канесса ҳам меномиданд. Вайронаҳои ин шаҳр дар наздикии шаҳри Қайсари Туркияи имрӯза воқеъ гардидааст.
Қабилаҳои таҳҷоии Анатолияро «хетт» меномиданд. Онҳо бо забони хеттӣ гап мезаданд. Дар ин бора дастхати бо хатти мехӣ навишташудае шаҳодат медиҳад. Калимаи «хетт» аз қисмати марказии Анатолия, ки Хетт ном дошт, ба миён омадааст.

Олимон аз Каппадокия санадҳои зиёде пайдо намудаанд, ки дар бораи фаъолияти тиҷоратию хоҷагидории мардуми Анатолияи қадим маълумоти аҷоиб додаанд. Мувофиқи яке аз онҳо авлоде, ки ба он Эмд-Эла ном шахс сарварӣ мекард ва қариб аз 30 нафар иборат буд, даромади ниҳоят калон дар як сол то 410 талант, яъне зиёда аз 12 тонна нуқра ба даст меовардааст. Ин миқдор нуқра аз 35 кас ситонда мешудааст. Ҳиссаи худи Эмд-Эла ба 57 талант ё ки ба 1700 кило нуқра баробар будааст. Чунин даромад ба Эмд-Эла имкон додааст, ки дар Ошур ду бинои боҳашамат бихарад.

Дар ҳазорсолаҳои III-II пеш аз милод дар Анатолия шаҳрдавлатҳои бисёре ташкил ёфтаанд. Барои ба ҳукмрони ягона табдил ёфтан дар байни онҳо муборизаи шадид ба амал омад. Дар ин мубориза аввал Турусхонда ном ҳоким дастболо шуда, лақаби «шоҳи бузург»-ро мегирад, вале баъди чанде вазъият тағйир меёбад. Шоҳи шаҳр – давлати Куссара, ки дар ҷанубу шарқии Анатолия воқеъ гардида буд, бар ҳамаи шаҳр – давлатҳои дигар, аз он ҷумла, бар «шоҳи бузург» ҳам ғалаба карда, ҳукмрони тамоми Анатолия мешавад.
Аз шоҳҳои аввали Куссара ба мо танҳо Питхони ва писари ӯ Анитта маълум асту бас. Онҳо дар Анатолия тахминан дар солҳои 1790-1750 пеш аз милод ҳукмронӣ кардаанд.
Мавзӯи пурра >> Давлати Хетт