Ба вучуд омадани давлати Урарту. Бархам хурдани давлати Урарту. Маданияти Урарту.
Ба вуҷуд омадани давлати Урарту
Дар Қафқоз давлатҳо хеле барвақт ба вуҷуд омадаанд. Калонтарини онҳо Урарту буд.
Дар асрҳои охирини ҳазорсолаи II пеш аз милод дар натиҷаи пурзӯршавии хавфи беруна қабилаҳои маскуни Қафқози Ҷанубӣ, гирду атрофи кӯлҳои Севан, Ван ва водии дарёи Аракс бо ҳам муттаҳид шуданд. Ин муттаҳидшавӣ барои ба вуҷуд омадани давлат замина гузошта, дар миёнаҳои асри IX пеш аз милод давлати Урарту ташкил ёфт. Он вақт Урарту қариб тамоми Қафқози имрӯза ва аз он ҷанубтарро низ дар бар мегирифт.
Пойтахти давлати Урарту шаҳри Тушпа буд. Тахминан дар зарфи зиёда аз 150 соли аввали мавҷудияти худ Урарту рушд кард. Дар ин давра кишоварзӣ, косибӣ, биносозӣ ва фарҳанг пеш рафт. Дар рушду нумӯи давлати қадими Урарту хизмати шоҳ Менуа бузург аст. Кори саркардаи Менуаро писараш Аргишти давом додааст. Дар давраи ҳукмронии ин шоҳҳо Урарту ба авҷи рушди худ расид.
Дар ҷануби Урарту давлати пурзӯри Ошур воқеъ гардида буд ва бо ҳамлаҳои сершумори худ ба ҳамсояи шимолӣ – Урарту таҳдид мекард. Бо вуҷуди ин, дар нимаи аввали асри VIII пеш аз милод ба шоҳҳои Урарту муяссар гардид, ки ҳудудҳои давлати худро аз ҳисоби заминҳои Ошур то болооби дарёҳои Даҷла ва Фурот васеъ намуда, бо ҳамин Урартуро ба яке аз давлатҳои калонтарини Осиёи Ғарбӣ табдил диҳанд.
Дар давлати Урарту бо заҳмати даҳҳо ҳазор кишоварзон, косибон, бинокорон ва ғуломон ҷӯйҳо канда шуда, обанборҳо, қалъаҳо, қасрҳо ва иншоотҳои дигари хоҷагию ҳарбӣ ва маданӣ сохта шуданд. Кишоварзӣ, чорводорӣ ва боғу токпарварӣ пеш рафт. Пешравии кишоварзию косибӣ ба бунёду ободу зебо шудани шаҳрҳо ва рушди тиҷорати дохилию хориҷии Урарту мусоидат намуд.
Барҳам хӯрдани давлати Урарту
Дар охирҳои асри VIII пеш аз милод вазъияти давлати Урарту вазнин шудан гирифт. Дар мамлакат тез-тез шӯришҳо ба амал меомаданд. Бар замми ин, аз даштҳои назди Баҳри Сиёҳ ба сарзамини Урарту тохтутози қабилаҳои киммерҳо ва скифҳо пурзӯр мешуд, ки ин иқтидори давлати Урартуро суст мекард. Аз ин зарбаҳо давлати Урарту дигар ба худ омада натавонист.

Дар ҳамсоягии Урарту давлати дигари пурзӯр – Мод ҷойгир буд, ки он ҳам ба мавҷудияти Урарту таҳдид мекард. Дар асри VII пеш аз милод Урарту аллакай ба ин давлати пуриқтидор муқобилат карда наметавонист. Дар натиҷаи ҳуҷумҳои пайдарпайи лашкари Мод Урарту тахминан соли 590 пеш аз милод барҳам хӯрд.
Маданияти Урарту
Давлати Урарту фарҳанги ғанӣ дошт. Ҳафриёти бостонии дар минтақаҳои кӯлҳои Севан, Ван ва кӯҳҳои Арарат баамаломада дар ин бора шаҳодат медиҳанд. Дар атрофи шаҳри Еревани ҳозира дар теппаи Кармарблур (Сурхтеппа) бостоншиносон қасреро ёфтаанд, ки он аз 120 ҳуҷра ва анборҳо иборат аст. Дар анборҳо хумҳои пур аз ғалладона буд ва дар баъзеи онҳо май нигоҳ дошта мешудааст.
Дар Кармарблур асбобҳои биринҷию оҳанини кор, силоҳу муҳиммот, газворҳои пашмину пахтагӣ, зарфҳои сафолӣ ва ғайра ёфт шудаанд.
Урартугиҳо ҳунари ғанӣ доштанд. Мусаввирон ва наққошони Урарту дар рӯйи сипарҳои биринҷӣ ва ҷомҳо, расмҳои шер, барзагов, аробаҳои дучархаи ҷангӣ ва ҷанговарони мусаллаҳро бо санъати баланд тасвир намудаанд.
Урартугиҳо хати мехӣ доштанд. Аъёну ашрофи Урарту ба фарзандони худ тавассути ин хат савод меомӯзониданд, то ки онҳо дар идоракунии давлат иштирок карда тавонанд. Бостоншиносон аз Кармарблур ва баъзе ҷойҳои дигари Қафқоз лавҳачаҳои гилини барои навиштан таъйиншудаи давраи Урартуро пайдо намудаанд.
Дар Урарту бисёрхудоӣ вуҷуд дошт. Дар байни худоҳои мардуми Урарту худои аз ҳама бузург Халд буд. Рассомони Урарту ӯро чун сарбоз ва бо ҳамроҳии шер тасвир менамуданд. Урартугиҳо ба хотири ҳурмату эҳтироми худоҳояшон гову гӯсфанд ва баъзан ҳатто одамонро ҳам қурбонӣ мекарданд.
Савол ва супоришҳо
- Давлати Урарту кай таъсис ёфтааст?
- Давлати Урартуи қадим куҷоҳоро дар бар мегирифт?
- Пойтахти Урарту чӣ ном дошт?
- Дар бораи марҳалаи рушду нумӯи Урарту маълумот диҳед.
- Дар тараққиёти давлати Урарту хизмати кадом шоҳҳо бузург буд?
- Давлати Урарту кай ва чӣ тавр барҳам хӯрдааст?
- Бостоншиносон дар куҷо қасри замони Урартуро ёфтаанд?
- Урартугиҳо оё хати худро доштанд?
- Дар бораи эътиқодҳои динии урартугиҳо чиҳо гуфта метавонед?