Графикаи растрӣ

Графикаи растрӣ. Дар графикаи растрӣ (raster – панҷара) тасвир бо ёрии маҷмӯи нуқтаҳои ранга сохта мешавад. Тасвири компютерии графикаи растрӣ дар шакли матритсаи росткунҷа ифода карда мешавад. Дар буриши сатру сутунҳои матритса катакҳо ҳосил мешаванд, ки онҳо аслан нуқтаҳои алоҳидаи тасвир мебошанд. Сатру сутунҳо ва катакҳои матритса ба тӯри нуқтаҳо монанд аст. Аз ин рӯ, ин гуна тӯрро харитаи растрӣ ва ҷузъҳои алоҳидаи он (нуқтаҳо)-ро пиксел мегӯянд. Ҳар қадар андозаи пикселҳои харитаи растрӣ хурдтар бошанд, дар экрани компютер тасвир ҳамон қадар саҳеҳтар намойиш дода мешавад.

Графикаи растрӣ
Графикаи растрӣ

Азбаски чашми инсон нуқтаҳои аз ҳад хурди экранро ҷудо карда наметавонад, бинобар ин он харитаи растриро ҳамчун як тасвири яклухт қабул менамояд. Агар ҳангоми миқёсгирии тасвир андозаи он калон карда шавад, он гоҳ аз нуқтаҳои алоҳида иборат будани тасвирро баръало дидан мумкин аст.

Харитаи растрӣ массиви сеченакаеро мемонад, ки бо ёрии ду ченаки аввалаи он, мувофиқан, координатҳои пикселҳои тасвир дар ҳамворӣ ва ченаки сеюм – ранги пикселҳо муайян карда мешаванд. Азбаски ҳангоми сохтани тасвир дар графикаи растрӣ формулаҳои математикӣ истифода намешаванд, бинобар ин бояд имконияти ҳалкунандагӣ ва андозаи тасвир дода шаванд.

Графикаи растрӣ имконият медиҳад, ки хусусиятҳои асосии расм – равшанӣ, шаффофӣ ва амиқии ранг нигоҳ дошта шавад. Бо ёрии он тамоми навъи рангҳои тасвирро, ки ба рангҳои табиӣ хеле наздиканд, ифода кардан мумкин аст. Бо ҳамин сабаб ҳам тасвирҳои растрӣ ба аксҳои аслиашон бисёр монанд мешаванд.

Тасвирҳои бо ёрии сканер нусхабардоришуда ва фотокамераи рақамӣ аксбардоришуда низ тасвирҳои растрӣ мебошанд. Ин гуна тасвирҳоро пеш аз ҳама бо ёрии барномаҳои графикаи растрӣ ва инчунин барномаҳои графикаи векторӣ, ҳангоми табдилдиҳии тасвирҳои векторӣ ба растрӣ, ҳосил кардан мумкин аст. Дар ин гуна мавридҳо форматҳои гуногуни парвандаҳои графикаи растрӣ рӯйи кор меоянд, ки ҳар кадомашон тарзи махсуси рамзгузории иттилооти графикиро истифода мебаранд. Дар ҷадвали поёнӣ нишондиҳандаҳои асосии баъзе форматҳои графикӣ, ки бештар мавриди истифода қарор дода мешаванд, оварда шудааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз форматҳои овардашуда дар Интернет асосан дутоашон – GIF ва JPEG истифода мешаванд.


Муфассал >> Графикаҳои растрӣ ва векторӣ

ҚаблӣГрафикаҳои растрӣ ва векторӣ
БаъдӣФормати GIF (бо забони точики)