Давлати Хетт

Анатолия. Ташкилёбии давлати Хетт. Рушди давлати Хеттҳо. Барҳамхӯрии давлати Хетт. Фарҳанги Хеттҳо.


Анатолия

Анатолия қисми зиёди нимҷазираи Осиёи Хурдро дар бар гирифта, аллакай дар ҳазорсолаи III пеш аз милод яке аз марказҳои кишоварзӣ ва тиҷоратии Осиёи Ғарбӣ буд.

Аз кӯҳҳои Тавр роҳи муҳимми тиҷоратӣ ба ҷониби Сурияю Осиёи Хурд ва аз он ҷо ба соҳилҳои баҳрҳои Миёназамин ва Эгей тӯл мекашид. Яке аз марказҳои калонтарини тиҷоратии Анатолия шаҳри Каниша ба шумор мерафт, ки онро Канесса ҳам меномиданд. Вайронаҳои ин шаҳр дар наздикии шаҳри Қайсари Туркияи имрӯза воқеъ гардидааст.

Қабилаҳои таҳҷоии Анатолияро «хетт» меномиданд. Онҳо бо забони хеттӣ гап мезаданд. Дар ин бора дастхати бо хатти мехӣ навишташудае шаҳодат медиҳад. Калимаи «хетт» аз қисмати марказии Анатолия, ки Хетт ном дошт, ба миён омадааст.

Расми 96. Акси хеттҳо, ки дар камари кӯҳ воқеъ буд
Расми 96. Акси хеттҳо, ки дар камари кӯҳ воқеъ буд

Олимон аз Каппадокия санадҳои зиёде пайдо намудаанд, ки дар бораи фаъолияти тиҷоратию хоҷагидории мардуми Анатолияи қадим маълумоти аҷоиб додаанд. Мувофиқи яке аз онҳо авлоде, ки ба он Эмд-Эла ном шахс сарварӣ мекард ва қариб аз 30 нафар иборат буд, даромади ниҳоят калон дар як сол то 410 талант, яъне зиёда аз 12 тонна нуқра ба даст меовардааст. Ин миқдор нуқра аз 35 кас ситонда мешудааст. Ҳиссаи худи Эмд-Эла ба 57 талант ё ки ба 1700 кило нуқра баробар будааст. Чунин даромад ба Эмд-Эла имкон додааст, ки дар Ошур ду бинои боҳашамат бихарад.

Расми 97. Ҳайкали дарранда
Расми 97. Ҳайкали дарранда

Дар ҳазорсолаҳои III-II пеш аз милод дар Анатолия шаҳрдавлатҳои бисёре ташкил ёфтаанд. Барои ба ҳукмрони ягона табдил ёфтан дар байни онҳо муборизаи шадид ба амал омад. Дар ин мубориза аввал Турусхонда ном ҳоким дастболо шуда, лақаби «шоҳи бузург»-ро мегирад, вале баъди чанде вазъият тағйир меёбад. Шоҳи шаҳр – давлати Куссара, ки дар ҷанубу шарқии Анатолия воқеъ гардида буд, бар ҳамаи шаҳр – давлатҳои дигар, аз он ҷумла, бар «шоҳи бузург» ҳам ғалаба карда, ҳукмрони тамоми Анатолия мешавад.

Аз шоҳҳои аввали Куссара ба мо танҳо Питхони ва писари ӯ Анитта маълум асту бас. Онҳо дар Анатолия тахминан дар солҳои 1790-1750 пеш аз милод ҳукмронӣ кардаанд.

Ташкилёбии давлати Хетт

Давлати хеттҳо дар мубориза бар зидди тоҷирони ошурӣ ба вуҷуд омадааст. Дар охирҳои ҳазорсолаи III пеш аз милод дар қисми шарқии Осиёи Хурд тоҷирони Ошур шаҳрчаҳои «худӣ»-ро бунёд карданд. Онҳо қа би ла ҳои хет тҳоро, ки дар ин ҷо сокин буданд, истисмор мекарданд.

Расми 98. Тасвири шоҳ дар нақши муқарнас. Хетусҳо. Асри XIV пеш аз милод
Расми 98. Тасвири шоҳ дар нақши муқарнас. Хетусҳо. Асри XIV пеш аз милод

Тоҷирони аҷнабӣ сарвати хеттҳоро кашида мегирифтанд. Аҳолии маҳаллиро гурӯҳ-гурӯҳ ба ғуломӣ мефурӯхтанд. Баҳри мубориза бар зидди бедодгариҳои тоҷирони Ошур қабилаҳои хеттҳо муттаҳид шуданд. Танҳо баъд аз ин онҳо ба мақсади худ ноил шуданд, вале дар байни ин қабилаҳо барои ҳокимият муддати дуру дароз ҷангҳо давом карданд ва оқибат яке аз қабилаҳои хеттҳо бар қабилаҳои дигар ғолиб баромад. Сардори ин қабила ҳокими шаҳри Кушшар – Анитта буд. Ӯ шаҳрҳои Хеттушаш ва Залпуваро вайрон кард.

Дар асри XVIII пеш аз милод давлати хеттҳо хеле пурқувват мешавад. Яке аз шоҳҳои хеттҳо бо номи Табарна тахминан соли 1640 пеш аз милод дар Каппадокия чандин вилоятҳо, аз он ҷумла водии ҳосилхези Таврро забт мекунад. Табарна худро «шоҳи бузург» меномид. Ӯ мегуфт, ки “давлати ман ба давлати Бобил баробар аст.” Табарна асосгузори давлати хеттҳо ба ҳисоб меравад.

Рушди давлати Хеттҳо

Дар охирҳои асри XVIII пеш аз милод пойтахти давлати хеттҳо ба шаҳри Хеттушаш кӯчонда шуд. Аз ҳамин вақт cap карда тараққиёти босуръати хеттҳо оғоз ёфт. Шоҳ Муршили I қисми зиёди Осиёи Хурдро ба даст дароварда, ба Сурияи Шимолӣ ва Байнаннаҳрайн ҳам лашкар кашид. Ӯ шаҳри Халпуро ишғол карда, ба Бобил ҳамла карда, онро ҳам забт намуд. Хеттҳо шаҳрҳои Бобилро талаву тороҷ карданд.

Дар охирҳои давраи ҳукмронии Муршили I дар мамлакат ҷангу нооромӣ cap шуд. Дар натиҷаи низои дарборӣ шоҳ Муршили I кушта шуд. Довталабони тоҷу тахти подшоҳӣ дар байни худ муддати дуру дароз мубориза бурданд. Чунин ҳолати ногувор давлати Хеттро боз ҳам заифтар кард. Танҳо ба намояндаи насли чоруми Муршили I – Телепин муяссар гардид, ки ба низоъҳои дарборӣ хотима дода, ба сари ҳокимият биёяд ва меросӣ будани тахти подшоҳиро аз нав барқарор намояд. Аз оғози асри XV пеш аз милод cap карда, давлати Хетт аз нав рӯ ба рушд ниҳод. Шоҳ Шупилулиум лашкаркашиҳои зиёде карда, қисмати шарқии Осиёи Хурд ва минтақаҳои кӯҳии назди рӯди Фуротро забт кард. Ӯ ҷангҳои истилогаронаи давлати Хеттҳоро давом дода, чандин мамлакатро ба даст даровард. Ин ҷангҳо мамлакатро хеле суст карданд. Ин буд, ки Хетт ба мудофиа гузаштанд. Муршили II, ки дар давлати хеттҳо солҳои 13451320 пеш аз милод подшоҳӣ карда буд, мамлакатро дар зарфи 20 сол аз ҳуҷумҳои қабилаҳои газгейҳо ҳимоя кардааст.

Дар давраи ҳукмронии Муватал (асри XIII пеш аз милод) пойтахти давлати Хетт ба шаҳри Датташ кӯчонда шуд.

Барҳамхӯрии давлати Хетт

Дар асри XII пеш аз милод давлати Хеттҳо аз нав рӯ ба таназзул ниҳод. Аз ин истифода бурда, шоҳи Миср фиръавн Рамзеси II қисми ҷанубии Сурияро, ки ба хеттҳо тааллуқ дошт, забт кард. Дар байни Миср ва хеттҳо ҷанги кӯтоҳмуддате ба амал омад. Соли 1296 пеш аз милод шоҳи хеттҳо Хеттушели III ва фиръавни Миср Рамзеси II шартномаи сулҳро ба имзо расонданд. Мувофиқи он Сурия дар байни Миср ва хеттҳо тақсим карда шуд. Дар охирҳои асри XII пеш аз милод шоҳи Ошур Тиглатпласари I давлати Хеттро шикаст медиҳад. Вилояти охирини озодмондаи хеттҳо Кархемиш дар асри VIII пеш аз милод забт карда шуд.

Фарҳанги Хеттҳо

Хеттҳо ба худоҳои бисёре эътиқод доштанд. Дар ҳуҷҷате омадааст, ки гӯё онҳо 1000 худо доштаанд. Дар байни ин худоҳо олиҳа-модари табиат мақоми воло дошт.

Хеттҳо ба ғайр аз Худо – олиҳа Тешубахудоро, ки худои раъду барқ ва ҳосилот буд, мепарастиданд. Дар давраи мавҷудияти давлати Хетт Тешуба ба худои пушту паноҳи шоҳ, ҳокимияти шоҳӣ ва давлат табдил ёфта буд. Ӯро ҳамчун ҷанговари ҷасур тасаввур мекарданд. Худои дигари хеттҳо Телепин – зиндакунандаи табиат буд. Ӯро дар намуди ҷавони бериши куртакӯтоҳу ханҷар дар миён тасаввур мекарданд.

Расми 100. Дарвозаи шер
Расми 100. Дарвозаи шер

Адабиёти хеттҳо дар зери таъсири адабиёти бузурги Ошур ва

Бобул ташаккул меёфт. Асарҳои динии Бобул ба забони хеттҳо тарҷума шуда буд. Забони бобилию аккадӣ муддати дуру дароз забони давлатии хеттҳо ба ҳисоб мерафт.

Ҳунари хеттҳо, хусусан меъморӣ ва тасвирӣ, ки низ аз санъати бойи Бобул ғизо мегирифт, рушд карда буд.


Савол ва супоришҳо

  1. Дар бораи Анатолияи қадимтарин чиҳо медонед?
  2. Олимон аз Каппадокия чӣ гуна санадҳоро пайдо намудаанд?
  3. Давлатҳои аввалин дар Анатолия кай ба вуҷуд омадаанд?
  4. «Шоҳи бузург» кӣ буд?
  5. Дар бораи давлати Хетт маълумот диҳед.
  6. Давлати хеттҳои аҳди Муршили l-po тавсиф кунед.
  7. Шоҳи хеттҳо Телепин ба куҷоҳо лашкар кашид?
  8. Давлати Хетт кай ва чӣ тавр барҳам хӯрд?
  9. Дар бораи фарҳанги хеттҳо нақл кунед.
ҚаблӣБоғҳои муаллақи Бобул
БаъдӣАнатолия (таърих)