Асосҳои ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ

Маҳфуми низом ва ҳуқуқи интихобот. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон яке аз нишонаҳои муҳимтарини демократия аст. Бо истифода аз ин ҳуқуқ шаҳрвандон имкон доранд дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатии тамоми зинаҳо аз пастарин – мақомоти худидораи маҳаллӣ гирифта, то болотаринаш – Маҷлиси Олӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзанд ва ба ҳамин васила самти пешрафти минбаъдаи кишварро муаӣян намоянд.

Интихобот – маҳаки муҳиме барои густариши сохҳторҳои давлатии миллӣва маҳаллӣ дар шароити давлати демократию ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Тавассути интихобот фаъолияти на танҳо системаи сиёси дар сатҳи умумӣ, балки унсурҳои алоҳидаи он, аз ҷумла давлат бо тамоми мақомоташ, ҳизбҳои сиёсӣва ташқилотҳои сиёсие, ки дар интихобот ғолиб дониста шудаанд эътирофи расмию ҷамъиятӣ паӣдо менамоянд ва қонунӣ гардонида мешаванд. Яъне, одамон ба воситаи интихобот ҳуқуқи унсурҳо ва институтҳои гуногуни сиёсии ҷомеаро барои идораи ҷомеа ва аз номи онҳо қабули қарор ва воқеӣ гардонидани онро эътироф менамоянд.

Ҳуқуқи интихобот дар Тоҷикистон бо ду мазмун фаҳмида мешавад, якум, ҳамҷун ҳуқуқи субъективии шаҳрвандон оид ба интихоб кардан ва интихоб шудан ба, Раисии ҷумҳур, ба вақили Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ. Дуюм, ҳамчун шакли ягонаи ташкили мақомоти намояндагии ҳоқимияти давлатӣва интихоби Раиси Ҷумҳур фаҳмида мешавад.

Ҳуқуқи интихобот маҷмӯъи меъёрҳои ҳуқуқиест, ки тартиби ташкил ва гузарондани интихоботи мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва Раиси ҷумҳурро ба танзим андохта, усулҳои низоми интихоботро муқаррар менамоянд. Ин меъёр ва усулҳо ҳислату моҳияти Ҷумҳуриро таҷассум намуда, дар ҳусуси дараҷаи татбиқи демократия шаҳодат дода метавонанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Меъёрҳои ҳуқуқи интихобот ба муқаррар ва мустаҳкам кардани чунин муносибатҳо таъин шудаанд: а) муаӣян кардани доираи шахсоне,ки ҳуқуқи интихоб кардан (ҳуқуқи интихоботи фаъолона) ва ҳуқуқи инхтиоб шудан( ҳуқуқи интихоботи ғаӣрифаъолона) ба Раиси ҷумҳур ва вакили Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ доранд; б) муқаррар кардани усулҳои (принсипҳои) интихобот; в) тартаби ташкил ва гузаронидани интихобот; г)муаӣян кардани муносибати интахобкунандагон бо вакилон.

Ба ҳамин тариқ, муносибатҳои гуногуне, ки оид ба ташкилу гузаронидани интахоботи Раиси ҷумҳур ва мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ба вуқуъ меоянд, аз тарафи давлат ба танзим дароварданро талаб менамоянд. Меъёрҳои ҳуқуқие, ки ба воситаи онҳо муносибатҳои интихобот танзим меёбанд, ҳуқуқи интихобот номида мешаванд. Муносибатҳои ҷамъиятие, ки оид ба ташкил ва гузаронидани интихобот ба вуҷуд меоянд, муносибатҳои ҳуқуқи интихобот мебошанд.1

Низоми интихобот падидаи муҳими демократия буда, маҷмуи муносибатҳои ҷамъиятие мебошад, ки дар алоқамандӣ бо ташкил намудани мақомоти намояндагии ҳоқимияти давлатӣ ва ҳуқуқи субъективии шаҳрванд оид ба интихобкуни ва интихобшавӣ ба вуҷуд меоянд. Қисми муҳимтарини ин муносибатҳо ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқи интихобот ба танзим дароварда мешаванд. Муносибатҳои интихобот муносибатҳои ҷамъиятии мураккаб буда, ҳар як давраи маъракаи ташкил ва гузаронидани интихобот иштироки амалии мақомоти ваколатдори давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ, маҷлиси интиҳобкунандагон дар ҷои истиқомат ва шаҳрвандонро дарбар мегирад.

Низоми интихобот асосан ба ду намуд: ба мажоритари ва мутаносиби (пропорсионалӣ) ҷудо мешавад. Дар баъзе мамлакатҳо ҳардуи он якҷоя амал мекунанд. Низоми интихоботи мажоритарӣ онро ифода мекунад, қи дар ҳавзаи интихоботӣ ҳамон номзаде (ё рӯйхати номзадҳое) интихобшуда ҳисоб меёбад, ки аксарияти овозҳоӣ қонун муайянкардаро соҳиб шуда бошад. Дар таҷриба се намуди ин низоми интихобот амал мекунад.1

Якум, низоми мажоритарии аксарияти мутлақ, қи дар он касе интихобшуда ҳисоб меёбад, ки овози аксарияти мутлақ, яъне аз нисф зиёди интихобкунандагонро дар ҳамин ҳавзаи интихоботӣ гирифта бошад. Аммо ин на ҳама вақт муяссар мегардад, бинобар ин овоздиҳӣ бештар вақт дар ду навбат мегузарад ва дар навбати дуюм, ҳисоби овозҳо аз рӯи нисбати овози дигар номзадҳо гирӣфта муаӣян карда мешавад.

Дуюм, низоми мажоритарии аксарияти нисбӣ, ки дар он барои ғолиб омадан нисбат ба ҳар як номзади дигар зиёдтар овоз гирифтан зарур аст. Дар ин ҳолат блокҳои инитӣхоботии ҳизбӣ бештар бурд қарданашон эҳтимол аст. Ҳатто ҳизби ба аксарияти нисбии овозҳо соҳиб шуда, метавонад ба аксарияти мутлақи ҷойҳо дар парламон соҳиб шавад.2

 Сеюм низоми мажоритарии аксарияти комил, ки дар он касе ғолиб меояд, ки аксарияти пешакии муқаррар гардидаи овозҳоро соҳиб шавад. Одатан ин миқдор аз нисфи овозҳо зиёд аст, яъне 2/3, 3/4, 4/5 ва ҳоказо. Низоми мажоритарии интихобот дар шароити давлатҳои серҳизб ба он мусоидат мекунад, ки ҳизбҳои бонуфузи сиёси нисбат ба мавқеи ҳақиқии худ дар парламон ба ҷои зиёд соҳиб мешаванд ва бо ҳамии таносуби иродаи ҳақиқии интахобкунандагон вайрон мегардад.

Низоми мутаносуби интихобот онро ифода мекунад, ки дар байни овозҳои дода шуда ба ҳизби муайян ва мандатҳои вакилe соҳиб шуда таносуб риоя карда мешавад. Ин тартиби гузарондани интихобот ташкили ҳавзаҳои калони интахоботро дар назар дорад, ки аз ҳар кадоми онҳо якчанд вакил интахоб мегарданд. Номзадҳо ба вакили фақат аз номи ҳизбҳо ё блоку созмонҳо пешбарӣ карда мешаванд. Интихобкунанда ба рӯйхати аз тарафи онҳо пешниҳод шуда овоз медиҳад. Барои муайян қардани шумораи мандатҳои ин ё он ҳизб квота шумораи камтарини овозҳо, яъне ҳадди ақал муқаррар карда мешавад. Мандатҳои ҳизб соҳиб шуда ё ба воситаи рӯйхати озод ва ё рӯйхати аз рӯи қоидаи муаӣян тартиб дода шуда тақсим мегардад. Соҳиби мандат гардидани номзад ба вакили ба ҷои ё дар рӯйхати ҳизбӣ вобаста аст.

Таркиби конститутсионии мақомоти давлатӣ. Ҳоқимияти давлати – ин ҳокимияти ҳалқ мебошад, ки идоракунии давлатро ба воситаи мақомотҳои давлатии салоҳиятдор амали мегардонад ва дар асоси қонун барои ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъияти ва волоияти он дар ҷамъият ташкил меёбад.[1]

Ҳокимияти давлати чунин хусусиятҳои ба худ хос дорад:

  1. Ҳокимияти давлати моҳиятан ягона мебошад, ба халқ таълуқ дорад, вай ба ҳамаи аъзоёни ҷамъият паҳн мешавад ва характери умуми дорад.
  2. Ҳокимияти давлати ин имконияти ҳукмрони ё ин ки идоракунии ягон кас, ё ягон чиз ва таъмини итоаткунии иродаи хеш аз тарафи дигаорон мебошад.
  3. Мақомотҳои давлатие, ки салоҳияти махсус доранд, қонуни ва расми мебошанд, яъне аз тарафи ҳалқ эътироф шуда, дар асоси қонун ташкил ёфтаанд, ҳокимияти давлатиро амали мегардонанд.
  4. Ҳоқимияти давлати-ҳокимияти мустақил мебошад, яъне вай волоиятро дар дохили давлат ва соҳибихтиёриро дар арсаи байналхалқи нигоҳ медорад.


1 Ашурбоӣ Имомов «Интихобот ва парлумони ҶТ» Д. 2001 саҳ.18

1 Ашурбоӣ Имомов. «Ҳуқуқи конститутсионии ҶТ» Д.1997 саҳ 244.

2 Қовлер А.И. Франсия: Партия избирателеӣ. М. 1984 с. 14-31

[1] Ниг:Диноршоев А. Конституционные основы разделения властей в Республике Таджикистан.Душанбе-2007.

ҚаблӣСохтори давлатӣ ва марзи маъмурӣ
БаъдӣМафҳум ва низоми мақомотҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон