Чӣ тавр барномасоз (программист) шавам?

Ба номи Худои бахшанда ва меҳрубон. Дуруду салом ба шумо корбарони гиромӣ.

Чӣ тавр барномасоз ё худ “программист” шавам? Дар Тоҷикистон дар куҷоҳо барномасоз шудан мумкин? Ман дар деҳа ғайри интернет ба чизе дастрасӣ надорам, метавонам барномасоз шавам?

Ҷавоб ба ин ҳама саволҳо, дар ин мақола аз мудири сомонаи Donishju.net.


программист барномасоз

Барномасозиро бо ду роҳ метавон омӯхт:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. Худомӯзӣ (онлайн);
  2. Марказҳои омӯзишӣ (онлайн, офлайн).

Ба воситаи худомӯзӣ метавон барномасоз шуд ва ман чандин дӯстону ҳамкорони барномасозе дорам, ки тасдиқи ин сухан ҳастанд.

Имрӯзҳо ҳама қариб ба интернет дастрасӣ доранд (ҳатто аз деҳа ҳам, баҳона накунед, инстаграм медароед-ку 😉) ва маълумот барои барномасозӣ дар интернет хело зиёд аст. Албатта бо забони тоҷикӣ маълумот камтар аст, вале ҳадди ақал агар шумо филмҳоро бо забони русӣ тамошо карда, мақсади онҳоро фаҳмед, пас метавонед наворҳои омӯзиширо бо забони русӣ дида, омӯзед.

Асос шумо бояд интихоб кунед, ки кадом забони барномасозиро меомӯзед. Синтаксиси забонро омӯзед, барномаҳои хурде монанди ҳисобкунак, ToDo, рӯзнома ва ғайра сохтанро омӯзед ва тамом. Метавонед дар аксар ширкатҳо ҳамчун intern (коромӯз) даромада аз як то се моҳ кор кунед ва ҳамин тавр бо роҳи омӯзиш пеш равед.

Ёдовар мешавам, ки барномасоз ҳеҷ гоҳ аз омӯзиш боз намеистад. Барои ҳамин чунин дараҷаҳое ба монанди Junior, Middle, Senior (барномасози хурд, миёна ва калон) вуҷуд доранд.

Дар интернет курсҳои гуногуни барномасозӣ мавҷуданд. Агар курсҳои ройгон ва наворҳои ютубу дигар сомонаҳо шуморо қонеъ намекунанд, метавонед курсҳои пулакӣ харидорӣ намоед. Яке аз платформаҳое, ки курсҳои гуногуни хуб, махсусан барномасозиро пешниҳод мекунад, udemy аст. Аксарият курсҳои ин платформа бо забони англисӣ ҳастанд ва албатта ки пулакиянд, вале бо нархи арзон.

Ҳамчунин дар ютуби тоҷикӣ ду каналро медонам, ки ба омӯзиши барномасозӣ (дар умум соҳаи IT) бо забони тоҷикӣ машғуланд: ITomuz ва Маҳфили барноманависӣ.

Вале муаассифона на ҳама метавонад худомӯзӣ кунад. Сабаби ин “набудани вақт”, ё надонистани ин соҳа ва ғайра метавонад бошад. Маълумот аз ҳад зиёд аст ва баъзеҳо намедонанд, ки аз чӣ оғоз кунанд ва чӣ чизҳоро бояд омӯзанд. Ва ё ягон чизи оддиеро аз интернет намеёбанд (дуруст ҷустуҷӯ карда наметавонанд, чунки дар интернет ҳама чиз ҳаст, бояд бо забони русӣ ва англисӣ ва дуруст ҷустуҷӯ кунанд).

Яке аз сабабҳои бо роҳи худомӯзӣ барноманавис нашудан, иродаи қавӣ барои омӯзиш надоштан аст. Як рӯз, ду рӯз, ҳафта ё моҳе меомӯзанд, каме мушкилӣ шавад, омӯзишро ба таъхир меандозанд. Шахсан худи банда чунин мушкил дорам.


Дар ин вақт ба кумак марказҳои омӯзишӣ меоянд.

Хушбахтона имрӯзҳо дар кишвари мо махсусан дар Душанбе, курсҳои барноманависӣ хеле зиёд шудаанд ва рақобати хубе ҳам доранд. Худи банда ҳам ба воситаи яке аз марказҳои омӯзишӣ барномасоз шудам.


Кадом марказҳои омӯзишӣ ҳастанд ва кадомаш беҳтар аст?

Алҳол ман якчанд марказҳои омӯзиширо меорам, ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии онҳо ва ғайраро менависам, ин таблиғ нест ва ман аз ягон ширкат маблағ нагирифтаам 😐. Ҳамчунин ин фикри шахсии банда аст ва маълумотҳоро аз манбаҳои боз (сомонаҳояшон ё саҳифаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ) гирифтаам.


Alif Academy. Алиф Академия фикр мекунам аз тарафи бонки Алиф таъсис дода шудааст ва курсҳои омӯзишии хубе дорад. Дар он метавон забонҳои барномасозии гуногун аз қабили JavaScript, PHP, C#, Go ва ғайраро омӯхт. Ҳамчунин барои кӯдакон курсҳои гуногуни барномасозиву компютерӣ ба роҳ мемонанд, ки бисёр хуб аст.

Ғайр аз ин курсҳои product / project management ва QA (тестировщик) низ дар ин марказ омӯзонида мешаванд, ки инҳо ҳам ба соҳаи IT тааллуқ доранд.

Баъзе курсҳои онлайн ҳам дорад, ки метавон аз дилхоҳ гӯшаи ватан пайваст шуда, омӯзед.

Ин марказ қариб ҳар моҳ IT гап ва Academy Talk ташкил мекунад, ки дар он ҳама иштирок карда метавонанд. Дар ин ҷамъомадҳо барномасозони сатҳи баланд суханронӣ мекунанд ва дилхоҳ нафар метавонад саволҳои худро пешниҳод кунад.

Ҷиҳатҳои мусбӣ:

  • нархи дастрас. Аксар курсҳо тамоман ройгонанд, вале барои даромадан баъзе чизҳои оддиро донистан лозим. Баъзе курсҳо тақрибан 200 сомонӣ барои як моҳ нарх доранд, ки ин бисёр арзон аст;
  • устодони ботаҷриба. Чуноне гуфтем, маркази мазкур аз тарафи бонк таъсис дода шудааст ва бо бонк робитаи мустақим дорад, масалан, устодони баъзе курсҳо барномасозони худи бонканд, ки ин имкон медиҳад, омӯзишро аз шахси ботаҷриба ва шахсе, ки бо лоиҳаҳои ҳақиқӣ кор мекунад, омӯзед.
  • дарёфти ҷои корӣ. Баъди бомуваффақият хатм кардан низ бонк метавонад шуморо ба кор қабул кунад. Ҳамчунин хатмкардаҳои ин марказ дар ширкатҳои мухталиф (Алиф, Dushanbe City, Tcell, Megafon, Livo ва ғайра) кору фаъолият мекунанд.

Ҷиҳатҳои манфӣ:

  • набудани курсҳои омӯзишии доимӣ. Мутаассифона, наметавон дилхоҳ вақт дилхоҳ забони барномасозиро дар ин марказ омӯхт. Кормандони ин ширкат фикр мекунам бозорро омӯхта вобаста ба он курсҳоро таҳия мекунанд. Вале на ҳама вақт ҳама курсҳо ҳастанд. Масалан, ба ёд дорам курси PHP соле як маротиба ташкил мешуд ва 4 моҳ давом мекард. Яъне 8 моҳ пас. Инчунин шабакаи иҷтимоиашонро пайгирӣ мекунам, то ҷое медонам тақрибан якуним сол шуд, ки курси PHP дигар ташкил нашуда.

Alif.academy
Alif Academy дар телеграм


Softclub. Софтклаб маркази хубест, ки дилхоҳ вақт метавон курсҳои гуногуни барномасозиро омӯхт. Чуноне аз сомонаашон маълум аст, дар ин марказ метавон забонҳои барномасозии C++, Javascript, Go, PHP ва C#-ро омӯхт. Дар саҳифаи телеграмашон дар бораи оғози курси python ҳам хабар доданд.

Ин марказ ҳам курсҳои онлайн дорад, ки шумо метавонед дар он аз дилхоҳ макон омӯзед.

Маркази Softclub ҳам ҷамъомадҳои гуногун ташкил мекунад, ки дар он ҳамагон иштирок мекунанд. Барномасозони сатҳи баланд суханронӣ мекунанд. Ҳамчунин маркази мазкур дарсҳои кушодро ташкил мекунад, ки метавон дар як дарси он ройгон иштирок карда, фаҳмид, ки ин курс ё ин соҳа барои шумо ҳаст ё не.

Ҷиҳатҳои мусбӣ:

  • устодони ботаҷриба. Аз сомонаашон маълум, ки устодони ин марказ ботаҷрибаанд ва дар ширкатҳои муваффақи кишвару хориҷ кор кардаанд ва ё кор мекунанд. Ҳатто бо баъзеаш якҷоя кор мекардам, ки барномасози хуб буданду ҳастанд.
  • дарёфти ҷои корӣ. То ҷое аз шабакаҳои иҷтимоии ин марказ маълумот дорам, бо Алиф ҳамкорӣ дорад ва ҳангоми бо муваффақият хатм кардани марказ метавон ба ин бонк ба кор даромад. Ҳамчунин хатмкардаҳои ин марказ дар ширкатҳои бонуфузи дохилу хориҷ кор мекунанд.

Ҷиҳатҳои манфӣ:

  • нарх. Курсҳои ин марказ ҳамааш пулагӣ ҳастанд ва як каме гарон ҳам ҳастанд, махсусан барои тоҷикистониён ва дар муқоиса бо даромади мардуми кишвар. Аз сомонаашон дарёфтам, ки нархи курсҳо аз 1000 то 1500 сомонро ташкил медиҳанд ва ҳар курсе то 5-6 моҳ давом мекунад.

softclub.tj


Банда, бештар оиди ҳамин ду марказ маълумот ҷустуҷӯ кардам ва навиштам. Монанд ба ҳамин, дигар марказҳо, аз ҷумла ilmhona, vestoedu, webacademy, Humo Digital Academy, Livo school ва ғайра бо ҷиҳатҳои мусбиву манфӣ ҳастанд. Масалан, курси Python дар vestoedu ҳаст, ки дар дигар марказҳо (ғайри softclub) вонахӯрдам.


Маълумот зиёд, вале кушиш кардам, фишурда гуфта бошам. Шумо ҳам дар шарҳ назари хешро нависед, оиди барномасозӣ чӣ фикр доред, кадом марказҳои омӯзишии барномасозиро медонед, бартарӣ, афзалият ва камбуди онҳо, чӣ гуна барномасоз шудед ва ғайра.


Сипос, ки мақоларо то инҷо хондед. Муҳаммад ҳастам, мудири сомонаи donishju.net. Азбаски мақолаҳои тоҷикӣ дар мавзӯҳои мухталиф (махсусан соҳаи технологияи иттилоотӣ) бисёр каманд, тасмим гирифтам каму беш аз таҷрибаи хурде дорам мақолаҳои хурде дар ин сомона нигорам, то як каме бошад ба донишомӯзону мардум кӯмаке шуда бошад.

Мақолаҳои маро дар бахшҳои гуногун, вале дар барчаспи “Муҳаммад” пайгир бошед. Барои аз мақолаҳои нави мо бохабар шудан ба телеграм канали мо бипайвандед.

Дар паноҳи Яздони пок.

ҚаблӣСиғаи хабарӣ (сигаи хабари, грамматикаи забони точики)
БаъдӣСиғаи амрӣ (Сигаи амри, грамматикаи забони точики)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед