Асри санг

Ҷамъияти ибтидоӣ қадимтарин сохти иҷтимоӣ-иқтисодии инсоният мебошад. Он аз пайдоиши аввалин одамҳо (2 миллиону 600 ҳазор сол аз ин пеш) то пайдоиши синфҳо  (9-7 ҳазор сол пеш аз милод) идома ёфта буд. Аз рӯи даврабандии бостоншиносӣ ҷамъияти ибтидоӣ асри сангро дар бар мегирад. Нишонаҳои асосии ҷамъияти ибтидоӣ инҳоянд: сатҳи пасти тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, хусусияти ҷамоатӣ доштани меҳнат, моликияти ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот ва набудани моликияти хусусӣ, тақсимоти баробарии маҳсулот, набудани синфҳо ва давлат. Дар ҷамъият баробарӣ ҳукмфармо буд, бой ва камбағал набуд. Одамон танҳо дар минтақаҳои гарм – Африка, ҷануби Осиё ва Аврупо зиндагӣ мекарданд. Машғулияти асосии одамони ибтидоӣ шикор ва ҷамъоварии гиёҳҳои худрӯй буд. Яроқи асосӣ найзаҳои нӯгашон сангӣ, калтак ва дигар асбобҳои сангӣ буданд, аз оташи табии истифода мебурданд.

Инсоният то ба тамаддунҳои пешрафта расидан роҳи дуру дарози тараққиётро тай кардааст. Аввалин махлуқҳои одамшакл, ки дар илм онҳоро австролопитек меноманд 5 млн. сол пеш аз ин ба вуҷуд омаданд. Аз ин зот тақрибан 2 миллиону 600 ҳазор сол пеш аз замони мо «ҳомо габилис» – (одами кордон) пайдо шуд. Ин аввалин одам буд, ки аз санг асбоби меҳнат сохтанро ёд гирифт.  Аз ҳамон вақт ва то  истеҳсоли аввалин асбобҳои фулузӣ дар ҳазорсолаҳои 9-7 п.м., яъне дар давоми 2 миллиону 591 ҳазор сол одамон дар асри санг зиндагӣ мекарданд ва ин дарозтарин давраи таърихӣ мебошад. Ин давраро барои он асри санг меноманд, ки одамон тамоми олоту асбоби худро танҳо аз санг месохтанд ва истеҳсолу коркарди фулузотро ҳанӯз намедонистанд.

Асри санг се давраро дар бар мегирад: палеолит (юнонӣ: палайос= қадим ва литос = санг, яъне асри санги қадим), мезолит (асри санги миёна) ва неолит (асри санги нав). Палеолит дар навбати худ ба се марҳила тақсим мешавад: палеолити аввал,  миёна ва  охир. Марҳилаҳо аз якдигар аз рӯи намуди олоти сангӣ ва ҷойгиршавӣ дар қабатҳои мутаносиби геологӣ фарқ мекунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣТаърихи халки точик
БаъдӣПалеолит