Авесто

Дар хусуси ниҳоят калон будани китоби муқаддаси зардуштиён-Авесто, Берунӣ чунин навиштааст:

«Авесто»-ро дар хизонаи Доро ибни Доро нусхае буд тиллокорӣ шуда, ки дар 12-ҷилди (пӯсти) гов навишта шуда буд. Ва чун Искандар оташкадаи Форсро вайрон кард, ин нусхаро низ бисӯзонид ва ҳирбадонро аз дами шамшер бигузаронид. Ва аз он вақт Авесто маъдум (нобуд) шуд ва ба андозаи аз 3/5 қисми он куллан аз даст рафт. Ва дар асл сӣ наск (ҷузъ, пора) буд. Ва боқимондаи он акнун дар дар дасти зардуштиҳост, ки ба андозаи 12 наск аст. Ва «наск» порае аз китоби Авесторо гӯянд, чунонки порае аз Қуръон-ро  «ҳафтяк» гӯем».

Он матнҳои Авесто, ки то замони мо омада расидаанд, аз шаш бахш иборат мебошанд: Готҳо (Гоҳҳо),  Яснаҳо, Яштҳо, Виспарад, Хурдавесто ва Вандидод.

Аврупоиён то асри XVIII маълумоти дақиқе дар бораи мазмуну мундариҷаи Авесто надоштанд. Дар соли 1723 як нусхаи Авесторо аз Ҳиндустон ба Оксфорд оварданд, вале касе онро хонда наметавонист. Дар соли 1754 олими француз Анкетил Дюперрон ба Ҳиндустон ба мақсади пайдо кардану аз парсҳо омӯхтани Авесто омад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Баъд аз кӯшишҳои бисёрсола ӯ ба мақсади худ расид ва дар соли 1771 тарҷумаи Авесторо дар Оксфорд ба забони фаронсавӣ аз чоп баровард. Баъд аз ин таърих Авесто ба забонҳои дигар низ тарҷума карда шуда, дар хусуси забони он таҳқиқотҳо анҷом гирифтанд. Маълум гардид, ки як қисми Авесто бо забонҳои санскрит, форсии қадим ва забони дигари номаълум навишта шудааст.

Аз ҳамин рӯ, забони Авесто «забони авестоӣ» номида шуд. Омӯзиш инчунин нишон дод, ки масалан бахши Готҳо (гоҳҳо)-и Авесто ба давраҳои қадимтарин-то давраи Ҳахоманишиҳо мансуб буда, забони он ба забони ведаҳо наздик аст. Баъзе бахшҳои дигари Авесто бошад, ба монанди Вандидод, Яшт ба замони давраи Сосониён (асрҳои III-VII) ва  забони паҳлавӣ (форсии  миёна) рост меоянд.

Қисми аз ҷиҳати замонӣ аз ҳама дери Авесто «Бундаҳишн», ки дар  аввал аз 21 асар иборат будааст, аз он баъзе ҷузъҳояш то ба замони мо омада расидааст.