ҶОНИШИНҲОИ ШАХСӢ (PERSONAL PRONAUNS)

Дар забони англисӣ ҷонишинҳои шахсии зерин вуҷуд доранд:

Шумораи танҳо

Шахси I I [ай]- ман
Шахси II уоu[ю:]-ту
Шахси III he [ҳи:]- вай (ҷинси мардона)

she [ши:]-вай (ҷинси занона)

it [ит] – вай (барои чизҳои

беҷон ва ҳайвонот)


Шумораи ҷамъ

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Шахси I we [ви:] – мо (моён)
Шахси II уоu[ю:] – шумо (шумоён)
Шахси III they [зей] – онҳо

Ҷонишини шахси якуми танҳо, яъне “I”- Ман ҳамеша бо ҳарфи калон навишта мешавад. Ҷонишинҳои боқимонда бошанд, танҳо дар аввали ҷумла бо ҳарфи калон навишта мешаванд. Чӣ хеле ки мушоҳида намудед, барои ҷонишинҳои тоҷикии “ту” ва “шумо” як хел ҷонишин, яъне “you” истифода мешавад. Бояд гуфт, ки ҷонишини англисии “you” асосан “шумо” тарҷума мешавад. Зеро дар забони англисӣ ҳам ба калонсолон ва ҳам ба хурдсолон “шумо” гуфта муроҷиат мекунанд. Азбаски дар забони тоҷикӣ ҳолати зикршуда на ҳамеша риоя мешавад, шумо метавонед, ки ҷонишини шахсии “you” -ро вобаста ба шароит дар мавридҳои лозимӣ ҳам “шумо” ва ҳам “ту”‘тарҷума кунед.

худомузи англиси, забони англисӣ, омузиши забони англиси


Дар забони тоҷикӣ бо ҷонишини шахсии “вай” мо метавонем ҳам ба мард ҳам ба зан ва ҳамчунин ба ҳайвоноту ашё муроҷиат намоем. Таваҷҷӯҳ кунед:

Вай модари ман аст. – Вай писари баодоб аст

Вай саги доно аст. – Вай китоби англисӣ аст,

Лекин дар забони англисӣ ҳолати зикршуда ба воситаи се ҷонишини шахсӣ ифода мегардад. Барои мард “he”, барои зан “she” ва барои ҳайвону ашё “it” истифода мешавад.


ҚаблӣАлифбои забони англисӣ
БаъдӣМафҳум ва моҳияти молия ва фаъолияти молиявии давлатӣ