Равиш (динамика)-и низоъҳои иҷтимоӣ

Равиш (динамика)-и низоъхои ичтимои.


Дар оғоз хотиррасон месозем, ки дар матни мазкур калимаҳои «низоъ» ва «муноқиша» муродиф буда, як мафҳумро ифода менамоянд. Аз ин рӯ, онҳо вобаста ба сохтори калимаю тарзи калимасозӣ ҳамдигарро иваз намуда, барои ифодаи як маъно мавриди истифода қарор мегиранд.

Илми низоъшиносӣ ду модели тавсифи низоъ: ҷараёнӣ ва сохториро коркард намудааст. Модели ҷараёнӣ ба равиши низоъ, пайдоиши вазъи муноқишавӣ, гузариши низоъ аз як марҳила ба марҳилаи дигар, шаклҳои рафтор дар ҳолати низоъ, инчунин интиҳои низоъ бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Дар модели сохторӣ бошад, таҳлили шароитҳое, ки асоси низоъро ташкил менамоянду равиши онро муайян месозанд, мавриди таваҷҷуҳи бештар қарор мегирад. Мақсади асосии ин модел аз муқаррар намудани андозаҳое, ки ба рафтори муноқишавӣ таъсир мерасонад, инчунин аз муайян намудани шаклҳои ин таъсир иборат мебошад.

Одатан дар низоъи иҷтимоӣ чор марҳиларо фарқ месозанд: томуноқишавӣ, муноқишавӣ, ҳалли муноқиша ва баъдимуноқишавӣ. Дар навбати худ ҳар яке аз ин марҳилаҳо боз ба давраҳои дигар тақсим мешаванд. Марҳилаи аввал, яъне марҳилаи томуноқишавӣ ба ду давра тақсим мешавад. Давраи ибтидоӣ бо ташаккул ёфтани вазъи муноқишавӣ, яъне ҷамъшавию тезутундшавии зиддиятҳо дар низоми муносибатҳои байнишахсию байнигурӯҳӣ ба сабаби ихтилофи ҷиддии манфиатҳою арзишҳою муқаррарот дар байни субъектҳои низоъ тавсиф меёбад. Дар ин марҳила дар хусуси давраи ниҳонии рушди низоъ метавон сухан гуфт.

Давраи дуввум бо ягон ҳодиса ё баҳона, яъне ягон ҳодисае, ки ҷонибҳои низоъкунандаро ба ҳаракат медарорад, оғоз мегардад. Дар ин давра аз тарафи ҷонибҳои низоъкунанда дарк карда шудани асосҳои таҳрикдиҳанда, яъне зид будани манфиатҳою мақсадҳо ва арзишҳои онҳо сурат мегирад. Дар давраи дуввуми марҳилаи якум низоъ аз ҳолати ниҳон ба ҳолати кушода интиқол меёбад ва дар шаклҳои гуногуни рафтори муноқишавӣ ифода меёбад.

Рафтори муноқишавӣ марҳилаи дуввум ва асосии рушди низоъро тавсиф менамояд. Рафтори муноқишавӣ – ин амалест, ки бевосита ё бавосита барои монеа гузоштан ба ҷониби муқобил барои ба мақсадҳои хеш расидан равона шудааст. Барои ворид шудан ба ин давра на танҳо дарк намудани мақсаду манфиатҳои худ ҳамчун арзишҳои ба ҷониби муқобил зид, балки тасмим гирифтан барои мубориза, омодагии равонӣ барои мубориза зарур мебошад. Тасмимгирӣ барои мубориза вазифаи давраи аввали рафтори муноқишавист. Зиддияти манфиатҳо дар ин давра шакли ихтилофи тезро касб менамояд, ки фардҳою гурӯҳои иҷтимоӣ барои танзими онҳо на танҳо кӯшиш наменамоянд, балки низомҳои пешинаи робитаю ҳамкорӣ ва муносибатҳои меъёриро халалдор намуда, бо ҳар роҳ муташанниҷ месозанд. Аз ҷиҳати эҳсосӣ ин давра бо афзудани эҳсоси таҷовуз, интиқол аз ҳолати бадбинӣ ба ҳолати душмании озод, ки аз нуқтаи назари равонӣ дар «нақши душман» ифода меёбад, тавсиф мегардад. Ҳамин тавр, амали муноқишавӣ яку якбора фазои эмотсионалии сурат гирифтани низоъро тезутунд менамояду муҳити эмотсионалӣ, дар навбати худ рафтори муноқишавиро ба таҳрик медарорад.

Дар низоъшиносии муосир ба мафҳуми «нерӯ»-и иштирокчиёни низоъ аҳамияти калон дода мешавад. Нерӯ- ин қобилияти субъекти низоъ барои амалӣ сохтани мақсадҳои хеш баръакси иродаи рақиб аст. Вай чанд унсурро дарбар мегирад: 1) нерӯи ҷисмоние, ки воситаҳои техникиро низ ҳамчун олати зулм шомил мебошад; 2) шакли ахборотӣ- фарҳангии истифодаи нерӯ, ки ҷамъоварии фактҳо, маълумотҳои оморӣ, таҳлили ҳуҷҷатҳо,омӯзиши маводҳои экспертиза ва ғайраро бо мақсади таъмини мукаммалии дониш дар бораи моҳияти низоъ, дар бораи рақиби хеш барои коркарди дурнамою тактикаи рафтор, истифодаи маводе, ки рақибро бадном месозад ва амсоли инҳоро фаро мегирад; 3)мақоми иҷтимоӣ, ки дар нишондодҳои аз тарафи ҷомеа эътирофгардида (даромадҳо, дараҷаи ҳокимият, обрӯю нуфуз ва ғайра) ифода меёбад; 4) захираҳои дигар, яъне пул, территория, маҳдудии вақт, шумораи тарафдорон ва амсоли инҳо. Марҳилаи рафтори муноқишавӣ бо аз тарафи иштирокчиёни низоъ то ҳадди ниҳоӣ истифода шудани тамоми захираҳои мавҷуда тавсиф меёбад.

Дар рушди муносибатҳои муноқишавӣ муҳити иҷтимоӣ, ки шароити сурат гирифтани равандҳои муноқишавиро муайян месозад, таъсири муҳим мерасонад. Муҳит метавонад, ки ё ба сифати сарчашмаи дастгирии берунаи иштирокчиёни низоъ, ё ба сифати омили нигоҳдоранда ё ба сифати омили нейтралӣ баромад намояд.

Давраи аввали рафтори муноқишавӣ тамоюле барои пурқувватгардии низоъ эҷод менамояд, аммо вай метавонад иштирокчиёни низоъро барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли низоъ низ ҳавасманд созад. Гардиши куллӣ дар рушди низоъ барои давраи дуюми рафтори муноқишавӣ хос мебошад. Дар ин давра гӯё «азнавбаҳогузории арзишҳо» сурат мегирад. Зеро то оғози низоъ ҷонибҳо шомили танҳо образи муайяни вазъи муноқишавӣ, тасаввурот дар бораи рақиб, нияту захираҳои вай, вокуниши муҳити беруна ва ғайра буданд.

Маҳз ҳамин образ, яъне сурати идеявии вазъи муноқишавӣ ( на худи сурати реалӣ) воқеияти бевоситаи равонии рафтори муноқишавии ҷонибҳо ба ҳисоб меравад. Аммо раванди таъсирии мутақобила зимни низоъ метавонад, ки тасаввуротҳои ҷонибҳоро дар бораи ҳамдигар, дар бораи муҳити беруна комилан дигаргун созад. Эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҷонибҳои низоъ ё яке аз ҷонибҳо захираҳои худро ба анҷом расонидаанд.

Ҳамаи ин ва бисёр омилҳои дигар барои коркарди дурнамо ва тактики рафтори минбаъда ҳавасаманд месозанд. Пас, давраи «азнавбаҳогузории арзишҳо» ҳамзамон давраи «интихоб» ба ҳисоб меравад.

Ҷонибҳои низоъ метавонанд барномаи зерини рафторро интихоб намоянд: 1) дастёбӣ ба мақсадҳои хеш аз ҳисоби гурӯҳи дигар ва ҳамин тавр низоъро то ҳадди баланди шиддатнокии худ бурда расонидан; 2) паст фаровардани дараҷаи шиддатнокӣ, лекин аз ҳисоби гузаштҳои ҷузъӣ ба ҷониби муқобил низоъро ба шакли пӯшида интиқол дода, нигоҳ доштани вазъи муноқишавӣ; 3)тарзу роҳҳои ҳалли пурраи низоъро ҷустуҷӯ намудан. Агар барномаи сеюми рафтор интихоб карда шавад, пас марҳилаи саввум дар рушди низоъ, яъне марҳилаи ҳалли низоъ оғоз мегардад.

Ҳалли низоъ тавасссути тағйир додани вазъи ҳам объективӣ ва ҳам субъективӣ, аз ҷиҳати равонӣ омодагӣ гирифтан, тағйир додани образи субъективии вазъият, ки дар ҷонибҳо ташаккул ёфтааст, сурат мегирад. Чуноне зикр гардид, ҳалли пурра ё ҷузъии низоъ вуҷуд дорад. Ҳалли пурраи низоъ маънои онро дорад, ки низоъ дар сатҳи объективию субъективӣ қатъ гардидаасту образи вазъи муноқишавӣ комилан дигаргун гардидааст. Дар ин ҳолат «образи душман» ба «образи ҳамкор» мубаддал гардида, тасмими равонӣ барои мубориза бо майл барои ҳамкорӣ иваз мегардад. Зимни ҳалли ҷузъии низоъ танҳо рафтори зоҳирии низоъ тағйир меёбад, лекин муқаррароти ботинии таҳрикдиҳанда барои идомаи мубориза, ки ё бо омили иродавӣ, ё омили ақлонӣ ё муҷозоти ҷониби сеюм боздошта мешаванд, боқӣ мемонанд.

Низоъшиносии муосир шартҳоеро пешниҳод намудааст, ки зимни иҷрои онҳо ҳалли бомуваффақи низоъҳои иҷтимоӣ имконпазир мегардад. Яке аз шартҳои муҳимтарин ташхиси дақиқ ва саривақтии сабабҳои низоъ ба ҳисоб меравад. Ин ҳолат ошкор намудани зиддияту манфиатҳо ва мақсадҳои мавҷудаи объективиро дар назар дорад. Таҳлили аз ҳамин нуқтаи назар гузаронидашуда имкон медиҳад, ки «минтақаи корӣ»-и вазъи муноқишавӣ бо хатти сиёҳ муайян гардад. Шарти дигари муҳим манфиатдор будани ҳар ду ҷониб дар бартараф намудани зиддиятҳо дар асоси эътирофи манфиатҳои тарафайн ба ҳисоб меравад. Барои ин ба ҷонибҳои низоъ зарур аст, ки барои озод гардидан аз душманию нобоварӣ ба ҳамдигар талош намоянд. Ноил шудан ба ин ҳолат дар асоси мақсаде, ки барои ҳарду тараф муҳим аст ва ҳамзамон ҷонибҳои дар гузашта муқобилро зери асосҳои васеътар муттаҳид месозад, имконпазир аст. Шарти сеюми зарурӣ ҷустуҷуи якҷояи роҳҳои бартараф намудани низоъ ба ҳисоб меравад. Ин ҷо истифода бурдани як қатор роҳу усулҳо дар назар дошта мешавад: гуфтугӯи бевоситаи ҷонибҳо, гуфтугӯҳо тавассути миёнҷӣ, гуфтугӯҳо бо иштироки ҷониби сеюм ва ғайра.

Низоъшиносӣ як қатор тавсияҳое коркард намудааст, ки онҳоро ба роҳбарӣ гирифтану пайравӣ намудан раванди ҳалли низоъро метезонад: 1)зимни гуфтугӯҳо бояд ба муҳокимаи масъалаҳои асосию аввалиндараҷа бартарият дода шавад; 2)ҷонибҳо бояд барои бартараф намудани шиддати иҷтимоию равонӣ ҷаҳд намоянд;3) ҷонибҳо бояд нисбати ҳамдигар эҳтиромнокӣ зоҳир созанд;4) иштирокчиёни гуфтугӯ бошуурона фазои расмӣ ва якелаи мубодилаи афкорро ба вуҷуд оварда, ба таври озодбаёнӣ ва исботрасонӣ мавқеъҳои ҳамдигарро кушода барои мубаддал сохтани қисмати аксар ва пӯшидаи вазъи муноқишавӣ ба вазъи кушода талош намоянд; 5) тамоми иштирокчиёни гуфтугӯ барои ба ҳамдигар гузашт намудан майл намоянд. Гузашткунӣ чунин тарзи ҳалли низоъ аст, ки ҷонибҳои низоъ манфиату мақсадҳои худро ё бо роҳи гузашти ҳамдигарӣ, ё тавассути гузашт ба ҷониби заиф ё ба ҷонибе, ки асоснок будани талаботҳои худро исбот карда тавонист, амалӣ менамоянд.

Марҳилаи ниҳоии баъдимуноқишавӣ низ шомили аҳамияти калон аст. Дар ин марҳила барои ба таври ниҳоӣ бартараф намудани ихтилофи манфиатҳо, мақсадҳо, муқаррарот кӯшиш бояд кард, шиддатнокии иҷтимоӣ-равонӣ бартараф карда шуда, ҳама гуна мубориза бояд қатъ гардад. Низоъи ҳалгардида ба беҳтар намудани сифатҳои иҷтимоӣ-равонии ҳам гурӯҳҳои алоҳида ва ҳам ҳамкориҳои байнигурӯҳӣ мусоидат менамояд. Вай ба якдилии гурӯҳ мусоидат намуда, дараҷаи таъиноти аъзои гурӯҳро барои дастёбӣ ба мақсадҳои умумӣ ошкор месозад ва сатҳи қаноатмандӣ дар гурӯҳро ба сатҳи нав баланд мебардорад. Ҳамзамон вай муносибати эҳтиромонаро нисбат ба рақибони пешин рушд бахшида, имкон медиҳад, ки манфиату мақсадҳои онҳо хубтар фаҳмида шавад.

Яке аз шаклҳои барҷастаи ифодаи низоъ ҳама гуна аъмоли оммавӣ ба ҳисоб меравад. Ин аъмоли оммавӣ дар шакли пешниҳоди талаботҳо ба ҳокимият аз тарафи гурӯҳҳои иҷтимоии норизо, дар сафарбар намудани афкори умум барои дастгирии талаботҳои хеш ё барномаҳои алтернативӣ, дар эътирозҳои бевоситаи иҷтимоӣ ба зоҳир мерасанд. Эътирози оммавӣ шакли фаъоли рафтори муноқишавӣ ба ҳисоб меравад. Вай дар шаклҳои гуногун ифода меёбад: муташаккилона ва стихиявӣ, бевосита ё бавосита, шакли маҷбурӣ ё маҷмӯи амалҳои ғайримаҷбурӣ. Ташкилотчиёни эътирозҳои оммавӣ ташкилотҳои сиёсӣ ва ба ном «гурӯҳҳои фишор» мебошанд, ки одамонро тибқи манфиатҳои касбӣ, динӣ ва фарҳангӣ муттаҳид менамояд. Шаклҳои ифодаи эътирозҳои оммавӣ метавонанд, ки митингҳо, намоишҳо, корпартоиҳо ва ғ. бошанд.Ҳар яке аз ин шаклҳо бо мақсадҳои муайян истифода бурда мешаванд. Ин ё он шакли эътирози оммавиро интихоб намуда ташкилотчиёни он бояд дақиқ дарк намоянд, ки кадом мақсадҳои муайян пеши онҳо гузошта мешаваду кадоме аз талаботҳо аз тарафи ҷомеа дастгирӣ меёбад. Дақиқ дарк намудани мақсадҳои гузошташуда махсусан зимни ташкил намудани корпартоиҳо муҳим мебошанд. Корпартоии муосир амали пешакӣ омода карда шудаест, ки пешакӣ дар коллективҳо муҳокима мешаванд, ба пешвоёни эътироф гардида такя менамоянд ва аз тарафи матбуот, як қисми парлумон ва аҳолӣ дастгирӣ меёбанд.

Дар хотима бояд таъкид намуд, ки чун низоъҳо дар ҳаёти мо ногузиранд, пас зарур аст, ки идора намудани онҳоро омӯхт, саъй кард, то зарари онҳо барои ҷомеа ва шахсиятҳои дар он иштирок намоянда камтарин бошад.


Мавзӯи пурра » Мавзӯи 7. Низоъҳои иҷтимоӣ: пайдоиш ва тарзи ҳалли онҳо  

ҚаблӣМавзӯи 7. Низоъҳои иҷтимоӣ: пайдоиш ва тарзи ҳалли онҳо
БаъдӣНазарияҳои сотсиологии низоъ