АЙБУ НУҚСОН – Хазинаи Маърифат

– Шахсе, ки айбҳоямро бар ман мегӯяд, раҳмати Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) бар ӯ бод.

(ҳазрати Умар (р.а.))


– Хоҳӣ, ки айбат пӯшидаю нафсат саломат бошад, кам бигӯ, бисёр гӯш кун.

(ҳазрати Алӣ (р.а.))


– Аз ҷустани айби дигарон парҳез кун.


– Пеш аз он, ки дигаронро танқид кунӣ, аз айбҳои худат баҳс кун.


– Хостан як айб, надодан ду айб.


– Шахсе, ки айби худашро намебинад, айби дигаронро бузург мебинад.
(Мансур бинни Аммор)


– Барои ҷустани айб оина истифода бибар, на ин ки телескоп.


– Барои як айби нафареро ёфтан аввал даҳ айби худатро ҳисоб кун.


– Барои баъзеҳо ёфтани айби дигарон ба мисли хазина аст ва барои ёфтани он ҳама гуна роҳро паси сар мекунанд.


– Айбҳои дӯстатро дар танҳоӣ ба рӯяш бигӯ, дар назди дигарон бошад, таърифаш кун.
(Арасту)


– Ҳама дар ҷустани айби дигарон бошанд, ту дар ҷустани айби худат бош.
(Муҳиддини Арабӣ)


– Айбҳои ядигарро хуш бипазирем, то дӯстӣ давом кунад.
(Ла Брюере)


– Агар дар кӯл об намонда бошад, айби ҷӯй нест, балки айби сарчашма аст.


– Нафаре, ки ҷасорати донистани айби худро дорад, аз нуқсон эҷод кардан наҷот меёбад.

(Эмил Зола)


– Баъзе одамонро аз дур мебинему онҳоро бенуқсон меҳисобем. Аз наздик, ки шинос шавем, нодаркор буданашонро мефаҳмем.


– Пеш аз оне, ки доғҳои баданамро нишон медиҳӣ, аввал ангуштҳоятро пок бикун.

(Бенҷамин Франклин)


– Айбҳоямон чӣ қадаре, ки зиёд бошад, ба андозаи он айб меҷӯем.

(Ҷаноб Шаҳобиддин)


– Бешубҳа айб доштан бад аст, аммо айбҳоро надонистан бадии бузург аст.

(Блейс Ласкал)


– Касе беайб нест ва беҳтарин он нафарест, ки айби кам дорад.

(Ҳоретиюс)


– Айби бузрг он аст, ки айбҳоямонро меёбему барои дурусг кардани онҳо кӯшише намекунем.

(Конфючиз)


– Ҳама гуна айбҳои худро мебахшем, аммо айби ба андозаи кайк будани дигаронро чун шутур месозем.

(Ла Фонтейн)


– Агар айбе намедоштем, аз ҷӯстани айби дигарон ин қадар завқ намебурдем.

(Ла Рочефоколд)


– Эътироф кардани айбҳои кӯчак ба ин хотир аст: ба дигарон боварии онро ворид намоем, ки айбҳои бузург надорем.

(Ла Рочефоколд)

хазинаи маърифат, панду андарз, гуфтахои бузургон


– Айбҳоямон чун бӯест, ки бар вуҷудамон ҳис накунем ҳам, дигаронро нороҳат месозем.

(Маркиз Де Аамбер)


– Рафиқҳое пайдо намоед, ки айбҳоятонро бароятон гуфта тавонанд.

(Николас Бойло)


– Аллоҳ (ҷ.ҷ) раҳмат бикунад ба нафаре, ки айбҳоямро чун ҳадя бароям меорад.

(Ҳазрати Умар (р.а.))


– Бар айби кардашуда шарм накардан, айби кардашударо як баробари дигар бузург месозад.

(Публиюс Сирус)


– Айби бузургтарин аз айбҳои худ бехабар мондан аст.

(Томас Карлил)


– Айбҳои дигарон дар муқобиламон аст, бар айбҳои худамон пуштамонро мегардонем.

(Сенека)


– Айби худро надидан, аз айб дида айби бузургтар аст.

(Саид Нурсӣ)

Манбаъ: Хазинаи Маърифат


Панди бузургон дар мавзӯи “АДАБ” инҷо хонед >>АДАБ – Хазинаи маърифат

Рӯйхати пурраи мавзӯҳои хазинаи маърифатро инҷо мутолиа намоед >> ХАЗИНАИ МАЪРИФАТ

Рӯйхати ПАНДУ АНДАРЗ

ҚаблӣБарномахои санчишии компютерии бо методи Пулот сохташуда
БаъдӣАқл – Хазинаи маърифат

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед