Ҳаракати ситоплазма. Ба ҳуҷайра дохилшавии моддаҳо

Агар баргчаи рустании обӣ – чилбанди обӣ (элодея)-ро, ки бештар дар аквариумҳо (зарфи шишагини махсус сохташуда) парвариш мекунанд, дар зери микроскоп аз назар гузаронем, ҳаракати ситоплазмаро дар ҳуҷайраҳои барги он мушоҳида карда метавонем. Ба мудом амалкунандагии ин ҳаракат нигоҳ накарда, мушоҳидаи он душвор аст. Зеро, ситоплазмаи ҳар кадом ҳуҷайраи чилбанди обиро вакуола ба лифофа ҷафс кардааст. Пластидҳои сабзи ҳуҷайраи барг ҳамроҳи ситоплазма ба қади лифофаи ҳуҷайра ба як самти муайян ҷой иваз мекунанд. Мо фақат тавассути ҷой иваз кардани ин пластидҳои сабзранг ҳаракати ситоплазмаро пай мебарем.

Ҳаракати ситоплазмаро инчунин дар ҳуҷайраҳои мӯяки рустании хонагӣ традескансия, ки дар асоси барг мавҷуд аст, хуб дидан мумкин аст. Аммо дар ин ҳолат мо ҳаракати ситоплазмаро на аз рӯйи ҷой иваз кардани пластидҳои сабз, балки аз рӯйи моддаҳои иловагии ғурӯшанок (донача-донача) пай мебарем.

Ҳаракати ситоплазма барои дар ҳуҷайра ҷой иваз кардани моддаҳои ғизоӣ ва ҳаво кумак мерасонад.

Одатан ситоплазмаи ҳар як ҳуҷайраи зинда аз ситоплазмаи дигар ҳуҷайраҳои ҳамшафат ҷудо нест. Торҳои ситоплазма аз сӯрохчаҳои хурди лифофаи ҳуҷайра гузашта, ҳуҷайраҳои ҳамшафатро бо ҳам мепайванданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Тамоми узвҳои рустанӣ – реша, поя, барг, гул ва мева аз ҳуҷайраҳо иборат буда, ҳар кадом ҳуҷайра дар алоҳидагӣ ҷузъи ниҳоят хурдтарини таркибии рустанӣ ба ҳисоб меравад. Ҳуҷайраҳо ба ҳамдигар ҷафсанд ва бо моддаи байниҳуҷайравии махсус, ки дар байни лифофаи ҳуҷайраҳои ҳамшафат мавҷуданд, пайваст шудаанд. Агар ин моддаҳои байниҳуҷайравӣ вайрон шаванд, ҳуҷайраҳо аз ҳам ҷудо мешаванд. Чунин ҳодиса дар себ, тарбуз ва помидори пухта рӯй медиҳад. Картошкаи ҷӯшонида аз он сабаб пошхӯранда аст, ки моддаҳои байниҳуҷайравии он ҳангоми ҷӯшонидан вайрон ва ҳуҷайраҳо аз ҳам ҷудо шудаанд.

Ҳар кадом ҳуҷайраи зинда нафас мекашад, ғизо мегирад ва як муддати муайян месабзад. Ҳуҷайраҳо моддаҳоеро, ки барои ғизогирӣ ва нафаскашиашон заруранд, тавассути ҳуҷайраҳои ҳамшафаташон ва ҷавфҳои (холигиҳои) байниҳуҷайравӣ мегиранд. Ба рустанӣ бошад ин моддаҳо аз ҳаво ва хок дохил мешаванд. Қариб тамоми моддаҳои ҳаётан зарури ҳуҷайра дар намуди маҳлул аз лифофааш мегузаранд.

Барои донистани хосияти лифофаи ҳуҷайра чунин таҷриба мегузаронем. Ба халтачаи полиэтиленӣ маҳлули сери қанд ё намак мерезем. Онро ба найчаи шишагини пӯки сӯрохдор баста, халтачаро ба стакани оби соф мегузорем.

Баъд аз гузаштани чанд фурсат ҳаҷми халтачаи маҳлул зиёд шуда, сатҳаш дар найчаи шишагӣ аз ҳудуди аввалааш то андозаи муайян ба боло мебарояд.

Ин таҷриба шаҳодат медиҳад, ки ба туфайли девори халтачаи полиэтиленӣ оби стакан ба он дохил мешавад ва сатҳи маҳлули обӣ дар найча баланд мешавад.

Ҳамин тавр, об ва маҳлули моддаҳои барои ҳаёти рустаниҳо зарур, айнан бо ҳамин роҳ аз лифофаи ҳуҷайра гузашта, ба ситоплазмаи ҳуҷайра дохил мешаванд ва дар фаъолияти ҳаётии ҳуҷайраи рустанӣ истифода мешаванд.


Саволҳо

  1. Ҳаракати ситоплазмаро чӣ тавр мушоҳида кардан мумкин аст?
  2. Ҳаракати ситоплазма дар ҳуҷайраҳо барои рустанӣ чӣ аҳамият дорад?
  3. Дар рустанӣ кадом узвҳо мавҷуданд ва онҳо аз чиҳо иборатанд?
  4. Чаро ҳуҷайраҳое, ки рустанӣ аз онҳо иборатанд аз ҳам ҷудо намешаванд?
  5. Об ва моддаҳои ғизоӣ ба ҳуҷайра чӣ гуна дохил мешаванд?

Харакати ситоплазма. Ба хучайра дохилшавии моддахо, ситоплазма чист? Ситоплазма бо забони точики.

ҚаблӣГуногуншаклии ҳуҷайраи рустанӣ (растанӣ)
БаъдӣСабзиш ва тақсимшавии ҳуҷайра