Шеър дар бораи Пешвои Миллат

Дар ин мақола шеърхо дар васфи Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат – Эмомалӣ Раҳмон / Президент оварда мешаванд. Шеър дар васфи / бораи Пешвои Миллат


Пешвои миллат

Салом Пешво!

Салом! Эй Пешво, марди Худодод,
Бикардӣ аз сари нав кишвар обод.
Ҳама аҳсан, ҳама хонем таҳсин
Ба он фарзонамодар, ки туро зод.

Пайи ҳифзи Ватан аз хоб мондӣ,
Гаҳе аз дида ҷое ашк рондӣ.
Ба сад азму талошу заҳмати беш
Ватанро бар раҳи Ваҳдат расондӣ.

Худо хандид бар рӯят, амон бош,
Сарафроз одами рӯи ҷаҳон бош.
Магӯ зинҳор рӯзе, пир гаштам,
Ҳамеша Пешвои тоҷикон бош.

Бале, Исмоили Сомон ту ҳастӣ,
Шукӯҳи бахти нурафшон ту ҳастӣ.
Муборак ҷашни Истиқлолу Ваҳдат,
Ба қалби Тоҷикистон ҷон ту ҳастӣ.

Давоми матн пас аз блоки реклама

ПАЁМИ ПЕШВО

Насли ҷавонро Пешво
Бо ин паёмаш шод кард.
Дар марз-марзи қалбашон
Гулбоғҳо бунёд кард.

Мо бо паёми Пешво
Якҷо ҳама тан додаем.
Аз Ҳақ наметобем рӯ,
Мо миллати озодаем.

Дар дидаҳо бигрифт ҷой
Нав, нав ба сад заҳмат Ватан.
Чун шеъри ноб эҷод гашт,
Бедарду беиллат Ватан.

Мо бо паёми Пешво
Якҷо ҳама тан додаем.
Аз Ҳақ наметобем рӯ,
Мо миллати озодаем.

Мо навҷавонон пайрават,
Эй Пешвои тоҷикон.
Бишнохт аз рафтори ту
Ин Тоҷикистонро ҷаҳон.

Мо бо паёми Пешво
Якҷо ҳама тан додаем.
Аз Ҳақ наметобем рӯ,
Мо миллати озодаем.

ИФТИХОР

Шукри Ваҳдат, шукри бахти пойдор,
Пешво дорем, дорем ифтихор.
Бемалол аз заҳмати пайвастааш
Гулгулафшон аст Меҳан чун баҳор.
Ҳамраҳаш аз Зулҷалол астем мо
Хуррамиро баҳри ҳар кас интизор.
Мо Ватанрову Ватан моро бувад,
Бо туфайлаш ҷовидона дӯстдор.
Субҳи нобат нест бе ӯ хандарез,
Тоҷикистон, мулки мардони баор.
Бо чунин як пешвоят ҳеч гоҳ
Хор дар дунё нагардӣ, эй диёр


ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Нонат ҳалол бодо,
Эй Пешвои миллат.
З-он дам, ки сарварӣ ту,
Миллат надид иллат.

Хоби шабат паронда,
Хидмат ба халқ кардӣ.
Пай бурд ҳар як инсон,
Бас беназир мардӣ.

Аз ҷанг дур гаштем
Бо азму бо талошат.
Шабро шикаст додӣ,
Бо ақли нурпошат.

Чун туст чеҳрахандон,
Имрӯз Тоҷикистон.
Мо фахр бо ту дорем,
Пайгири Оли Сомон.


Пешвои Миллат (шеър)

Минбарат аз партаи мактаб,
Минбарат аз дарзаи деҳқон.
Раҳбарӣ аз ҷуши мардум,
Аз кафи дасти хиёбон.

Пешвои миллати Зардушт,
Пешвои миллати Асад.
Пешвои миллати Беҳзод,
Пешвои миллати тоҷик.
Пешвои миллати Сино,
Пешвои миллати Айнӣ.
Пешвои миллати Восеъ,
Пешвои миллати тоҷик.

Аз дари оташ гузаштӣ, чун Сиёвуш,
Кардӣ оташро ту хомуш.
Аз сари сарҳад гирифтӣ, ҳар муҳоҷирро дар оғуш,
Ҷангро кардӣ фаромуш.

Пешвои миллати Зардушт,
Пешвои миллати Асад.
Пешвои миллати Беҳзод,
Пешвои миллати тоҷик.
Пешвои миллати Сино,
Пешвои миллати Айнӣ.
Пешвои миллати Восеъ,
Пешвои миллати тоҷик.

Давлататро карда кафшер,
Бастакори нақби Шаршар.
Бастакори нақби Анзоб,
Бастакори Чормағзак.
Бастакори ГЭС-и Роғун,
Ҳамчу оҳан.
Ҳамчу чӯян,
Ҳамчу пӯлод.

Давлататро карда кафшер,
Бастакори нақби Шаршар,
Бастакори Шаҳристон,
Бастакори Чормағзак,
Бастакори ГЭС-и Роғун.

Пешвои миллати Зардушт,
Пешвои миллати Асад.
Пешвои миллати Беҳзод,
Пешвои миллати тоҷик.
Пешвои миллати Сино,
Пешвои миллати Айнӣ.
Пешвои миллати Восеъ,
Пешвои миллати тоҷик.


Шеър дар бораи Президент Пешвои Миллат