Бордоршавӣ ва инкишоф дар батн (анатомияи одам)

Бахшҳои ин мавзӯъ:  Бордоршави ва инкишоф дар батн. Пайдоиши хамрохак. Инкишофи чанин ва кудак. Гигиенаи зани хомила. Таваллуди кудак. Макондани кудак.


Бордоршавӣ

Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ нутфа ба маҳбал дохил шуда, ба бачадон мегузарад. Баъди чанд соат нутфа ба тухмроҳа дохил шуда, мумкин аст бо тухмҳуҷайра дучор ояд (расми 90).

Расми 90. Ҳаракати нутфа дар роҳи таносули зан
Расми 90. Ҳаракати нутфа дар роҳи таносули зан

Одатан ба тухмҳуҷайра як нутфа (расми 91) дохил шуда, ба он омехта мегардад. Тухм бордор мешавад, ки ядрояш 46 хромосома дошта, дорои нишонаҳои ирсии падару модар аст.

Расми 91. Бордоршавӣ
Расми 91. Бордоршавӣ

Бордоршавӣ дар давоми 12-24 соат баъди расидани тухм то лаёқати ҳаётгузаронии худро нигоҳ доштани тухмҳуҷайра имконпазир аст. Қобилияти бордоркунии нутфа 2-4 шабонарӯз давом мекунад.

Тухми бордоршуда бо тухмроҳа ҳаракат карда, дар як вақт тақсим мешавад ва ба ҷанини бисёрҳуҷайра (расми 92) табдил меёбад, ки баъди 4-5 рӯз ба ковокии бачадон дохил мешавад.

Расми 92. Тақсимшавии тухмҳуҷайраи бордоршуда
Расми 92. Тақсимшавии тухмҳуҷайраи бордоршуда

Ҷанин 2 рӯз дар бачадон озод монда, ба пардаи луобии он медарояд ва ба он мечаспад. Давраи инкишофи батнии ҷанин оғоз меёбад. Аз қисмҳои ҳуҷайраи ҷанин лифофа ба вуҷуд меояд. Қабати берунии лифофа патмӯякҳои найчамонанд дорад (расми 93).

Расми 93. Лифофаи ҷанин ва тифли дар батнбуда
Расми 93. Лифофаи ҷанин ва тифли дар батнбуда

Ҷанин тавассути патмӯякҳо ғизо ва ҳаво мегирад. Лифофаи патмӯякдор дар дохили худ боз як лифофачаи тунуку шаффофи селлофанмонанд дорад. Он ҳубобча ҳосил мекунад. Дар моеи ҳубобча ҷанин шино мекунад. Ин ҳубобча ҷанинро аз латхӯрӣ ва ҳар хел зарба нигоҳ медорад

Пайдоиши ҳамроҳак

Дар охири моҳи дуюми инкишофи батнӣ патмӯякҳо танҳо дар ҳамон тарафи лифофаи ҷанин боқӣ мемонанд, ки ба девораи бачадон наздик аст. Ин патмӯякҳо калон шуда, шохаҳо меронанд ва ба луобпардаи бачадон, ки рагҳои зиёди хунгард дорад, дохил мешаванд. Ҳамроҳаки гирдшакл (расми 94), ки ба луобпардаи бачадон маҳкам часпидааст, инкишоф меёбад. Аз ин лаҳза давраи инкишофи ҷанини халтагии насли батнӣ сар мешавад.

Ба воситаи девораи мӯйрагҳои хунгард ва патмӯякҳои ҳамроҳак байни организми модару кӯдак мубодилаи моддаҳои ғизоӣ ба амал меояд.

Расми 94. Ҳамроҳак. Мавқеи кӯдак дар бачадон
Расми 94. Ҳамроҳак. Мавқеи кӯдак дар бачадон

Хуни модар ва кӯдаки дар батни ӯ буда ҳеҷ гоҳ омехта намешаванд. Аз моҳи чоруми бордорӣ ҳамроҳак нақши ғадудҳои тарашшуҳи дохилиро ба ҷо оварда, ҳормон ҷудо мекунад. Ба туфайли он дар давраи бордорӣ луобпардаи бачадон намекӯчад, ҳайзбинӣ қатъ мегардад ва дар давоми тамоми ҳамл дар бачадон тифл нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми расиши тухмӣ ва бордоршавии ду ё зиёда тухмҳуҷайра, ду ё зиёдтар ҷанин ба вуҷуд меояд. Инҳо дугоникҳои ояндаанд. Онҳо ба ҳамдигар чандон монанд нестанд. Баъзан ду ҷанин аз як тухмҳуҷайра инкишоф меёбад, ки аксаран як ҳамроҳак доранд. Чунин дугоникҳо доим якҷинса буда, ба ҳам хеле монанд мешаванд.

Инкишофи ҷанин ва кӯдак

Ҷанин дар бачадон зуд инкишоф меёбад. Дар охири моҳи аввали инкишофи батнӣ сари ҷанин аз се як ҳиссаи дарозии баданро ташкил мекунад, тарҳи чашм ба вуҷуд меояд ва дар ҳафтаи ҳафтум ангуштонро фарқ кардан мумкин аст. Баъди ду моҳ ҳарчанд дарозии ҷанин ҳамагӣ 3 см аст, он ба одам монанд мешавад.

Дар моҳи сеюми инкишофи батнӣ қариб ҳама узвҳо ташаккул меёбанд. Дар ин вақт ҷинси кӯдаки ояндаро метавон муайян кард.

Дар чоруниммоҳагӣ кашишхӯрии дили кӯдак шунида мешавад ва суръати он нисбат ба кори дили модар 2 маротиба зиёдтар аст. Дар ин давра кӯдак зуд сабзида, дар панҷмоҳагӣ қариб 500 гр ва дар арафаи таваллуд 3-3,5 кг мешавад.

Гигиенаи зани ҳомила

 Ҳомилагӣ ҳолати занест, ки дар бачадонаш кӯдаки оянда ташаккул меёбад. Ҳамл 270-280 рӯз давом мекунад. Нишонаи асосии ҳамл қатъ гардидани ҳайзбинӣ, инчунин дилбеҳузурӣ, серхобӣ, варамкунии ғадудҳои сина мебошад. Ҳомилагиро пизишк муайян карда, давраи онро назорат мекунад, тағйироти фишори шарёнӣ, вазни бадан ва дигар нишондодҳои солимиро ба қайд мегирад.

Зани ҳомила бояд аз ҳад зиёд монда нашавад, варзиш накунад, пойафзоли пошнабаланд напӯшад. Ба вай зарур аст, ки ба вазни бадани худ назорат карда, «ба ҷойи ду кас» хӯрок нахӯрад, моҳии дудхӯрда, хӯроки тез ва ҳасиб истеъмол накунад. Дар нимаи дуюми ҳомилагӣ парҳези бенамакро риоя кардан лозим аст. Ҳангоми ҳамл (ҳомилагӣ) бе таъйиноти духтур ягон дору хӯрдан мумкин нест. Дар ҳавои тоза сайру гашт кардан, ба корҳои сабуки ҷисмонӣ машғул шудан зарур аст.

Зани ҳомила бояд сигор накашад, машруботи спиртӣ истеъмол накунад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки занҳои ҳомилаи сигоркаш, аксаран пеш аз муҳлат таваллуд мекунанд. Фарзандони падару модарони майзада аз лаҳзаи таваллудашон мумкин аст дуруст ташаккул наёбанд, онҳо тез-тез ва хеле вазнин бемор мешаванд. Аксаран онҳо дар хурдсолӣ мемиранд. Ҳатто дар ҳолати мастии яке аз волидон бордор шудан боиси таваллуди кӯдаки ноқисулақл мегардад. Майпарастии падару модарон яке аз сабабҳои асо-сии камақлии кӯдакон мебошад. Пас аз як соати истеъмоли машруботи спиртӣ аломат ва ё таъсири он дар нутфадони мард ва тухмдони зан пайдо мешавад. Машруботи спиртиро истеъмол кардани зани ҳомила эҳтимоли таваллуди кӯдак гуногуннуқсро хеле зиёд мекунад. Машруботи спиртӣ ҳанӯз дар батни модар ба ҷанин таъсир карда, пеш аз таваллуди кӯдак инкишофи ӯро бозмедорад ва вайрон мекунад.

Таваллуди кӯдак

То лаҳзаи таваллуд кӯдак, одатан, дар бачадон сарпоён меистад. Барои таваллуди кӯдак бояд гарданаи бачадон, холигоҳи байни устухони коси зан ба қадри кофӣ васеъ шавад, пардаи ҷанин кафида, моеи дохили он тавассути маҳбал берун равад.

Ибтидои таваллуд ба ҷудошавии ҳормони ҳипофиз вобаста буда, он ба мушакҳои бачадон таъсир мекунад. Мушакҳо сахт кашиш хӯрда, тифлро аввал ба гарданаи бачадон, баъд ба маҳбал тела медиҳанд (расми 95).

Расми 95. Таваллуд. Тарзи таваллуд кардан
Расми 95. Таваллуд

Ҳамин ки сари кӯдак намоён шуд, доя (духтуре, ки ҳангоми таваллуд ба зан ёрӣ мерасонад) онро дошта, китфу дигар аъзои бадани кӯдакро аз маҳбал озод менамояд. Кӯдак аввалин бор мегиряд ва ин нахустин нишонаи нафаскашии ӯст. Аз ин лаҳза сар карда, хун тавассути шуши кӯдак аз оксиген бой мегардад. Баъд духтур нофи кӯдакро мебандад.

Макондани кӯдак

Одам чун тамоми ширхӯрон тифли худро мемаконад. Ҳанӯз дар нимаи аввали ҳомилагӣ ҳуҷайраҳои ғадудҳои шири занон каме шир ҳосил карда, баъди таваллуди кӯдак онро зиёд мекунанд. Макондани кӯдак нисбат ба додани хӯроки сунъӣ хеле бартарӣ дорад. Он ба зан имконият медиҳад, ки баъди таваллудкунӣ саломатиашро барқарор намояд: вақте ки кӯдак сина мемакад, мушакҳои девораи бачадон беихтиёр кашиш хӯрда, андозаи он мисли пештара хурд мешавад. Синамакӣ ба худи кӯдак ҳам зарур аст. Шири модар тамоми моддаҳои то 5-моҳагии кӯдак зарурро дорост ва ба сабзишу инкишофи вай мусоидат мекунад. Кӯдак аз шири модар подтанҳо – маводди дифоии зидди беморӣ мегирад. Синамакӣ усули бесирояти ғизои кӯдак аст.

Синамаконӣ барои ташаккули эҳсоси дилбастагии байни модару кӯдак зарур аст. Зан на ҳамеша қодир аст худро танҳо бо таваллуди кӯдак, хусусан тифли аввал, модар ҳис кунад. Чунин ҳиссиёт дар вақти синамаконӣ ва муносибати ҳаррӯза бо кӯдак инкишоф меёбад.


Дониши худро санҷед:

  1. Мазмуни биологии афзоиши ҷинсӣ чист ва он чӣ хел ба амал меояд?
  2. Чиро бордоршавӣ меноманд?
  3. Олоти таносули мард чӣ хел сохта шудааст?
  4. Узви ҷинсии зан чӣ хел сохта шудааст? Дар куҷо бордоршавӣ ба амал меояд?
  5. Ҳамл чист?
  6. Нишонаҳои ҳамл кадомҳоянд?
  7. Баъди бордоршавӣ тухмҳуҷайра чӣ хел инкишоф меёбад?
  8. Марҳалаи инкишофи ҷанинӣ ва кӯдаки батнӣ чист?
  9. Ҳамроҳак чӣ аҳамият дорад?
  10. Сина макондани кӯдак чӣ аҳамият дорад?
ҚаблӣБалоғати ҷинсӣ. Тавсифи давраи наврасӣ
БаъдӣСабзиш ва инкишофи кӯдак