Шохмансур, ки ба номаш дар Душанбе нохия аст, ки буд?

Шоҳмансур кист? Шоҳмансур, ки ба номаш дар Душанбе ноҳия аст, кӣ буд? Шох Мансур кист?


Шоҳмансур, ки ба номаш дар Душанбе ноҳия аст, кӣ буд?

Бошандагону меҳмонони шаҳри Душанбе бо номи Шоҳмансур ҳама рӯза во мехӯранд. Чаро, ки бо ин ном дар Душанбе ҳам маҳаллаи таърихие ҳасту ҳам ноҳияи муосире. Вале шояд аксари онҳо надонад, ки Шоҳмансур чӣ касе буд ва чаро номи он дар таъриху имрӯзи Душанбе садо мезанад. Ёддошти пажуҳишгари фарҳангу адабиёт ва шоири хушноми тоҷик Беҳрӯз Забеҳуллоҳ барои онҳое пешниҳод мешавад, ки ба суоли “Шоҳмансур кист?” посух надоранд.

Дар ҷустуҷӯйи Шоҳмансур

Таърихи миллатҳоро шахсиятҳои бузург месозанд. Ҳеч миллате бе вуҷуди шахсиятҳои барҷаста ба камол намерасад. Мавҷудияти шахсиятҳои барҷаста далолат бар ҳиммату ҷавонмардии ақвоме дорад, ки чунин мардони бузургро дар домани худ парвариш додаанд. Аз айёми хӯрдӣ, ки дар кӯҳистони Дарвоз ба сар мебурдам қиссаву ривоятҳои зиёде аз бобову бибӣ ва ришсафедону аҳли таҳқиқи ин диёр дар бораи қаҳрамониҳои Шоҳмансур мешунидам. Дар ин ривоятҳо Шоҳмансур ҳамчун шоҳи ватандӯсту мубориз, паҳлавону озодандеш ва ҳомии халқи тоҷик тавсиф шудааст. Бо мурури замон, ки ба синни ҷавонӣ расидам, таваҷҷуҳам ба корномаи мардони бузург бештар гардид. Аммо дар бораи Шоҳмансур ҳеч осори хаттие ба дастам наяфод то мизони огоҳиям дар бораи ӯ бештар гардад.

Вақте аз мардуми огоҳ дар ин замина суол мекардам, бо таассуф ёддовар мешуданд, ки кутубе, ки аз таърихи водии Дарвоз ва шахсиятҳои муътабари он қисса мекард, бар асари ҳаводиси ибтидои асри ХХ аз байн рафтааст. Аммо қиссаву ривоятҳои қаҳрамонии Шоҳмансур ҳамчунон аз забон бар забон ва аз насле ба насли дигар ба таври шифоҳӣ интиқол меёфт. Ришсафедон мегуфтанд, ки китобҳое, ки дар ин бора иншо шудаанд, шояд дар минтақаи Дарвози Афғонистон боқӣ монда бошад. Аммо насли куҳансол ҳамеша аз Шоҳмансур бо ифтихор ёд мекарданд ва қиссаи ҷавонмардию қаҳрамонии ӯро ҳаргиз фаромӯш намекарданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Айёми донишҷӯӣ дар маҳаллаи Шоҳмансури шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардам ва ин ном маро дубора ба ёди қиссаҳои мардуми Дарвоз мебурд. Пас аз кунҷковӣ мардуми огоҳ ёдовар шуданд, ки маҳаллаи Шоҳмансур баргирифта аз номи Мансур-яке аз шоҳони Дарвоз аст, ки дар озод сохтани водии Ҳисор аз ақвоми бегона ширкат намуда ва мири Ҳисор ба хотири хидматҳояш ин минтақаро ба ӯ ҳадя кардааст. Корнамоиҳои Шоҳмансур дар амри ҳизфу ҳаросат аз марзу буми тоҷикон боиси ифтихори ман буд. Аммо аз ин ки дар ин замина ҳеч манбаи хаттие пайдо намекардам, афзурдаву нороҳат будам.

Солҳои дароз дунболи пайдо кардани манбаи мувассақ ва ё таърихномае перомуни саргузашти шоҳони Дарвоз будам, аммо талошҳои банда натиҷаи дилхоҳ намедод. То ин ки рӯзе китоби “Таърихи Бадахшон” навиштаи Мирзо Сангмуҳаммади Бадахшӣ ба дастам афтод. Китоби мазкур воқеаву рӯйдодҳои Бадахшон байни солҳои 1658-1908-ро дар бар мегирад. Қобили зикр аст, ки воқеаву ҳодисаҳои рухдода дар нимаи дувуми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ-ро шахсе бо номи Мирзоафзал Алибеки Сурхафсар навишта ва ҳамчун такмила ба китоби “Таърихи Бадахшон” илова намудааст.

Шоҳмансур дар асноди таърихӣ

Ин китоб фасле бо номи “Воқеаи шоҳони мулки Дарвоз санаи 1162/1749м.) дорад, ки дар он маълумоте дар бораи тасарруфи мулки Шуғнон тавассути шоҳи Дарвоз ва шикасти лашкари мир Султоншоҳ-ҳокими Бадахшон дода шудааст. Сангмуҳаммади Бадахшӣ менигорад, ки дар ин муҳориба шоҳзодагони дарвозӣ монанди Туғумшоҳ, Шоҳидарвоз, Мансурхон, Азизхон, Шоҳрух Мирзо, Саодатшоҳ, Султонмаҳмуд аз писарони шоҳ Ғарибуллоҳ ширкат доштаанд. Дар ин фасл ба ҷуз зикри номи шоҳзодагони дарвозӣ, аз ҷумла Мансур ва ситойиши маҳорати онҳо дар ҷангу сиёсат иттилооти бештаре дар бораи ӯ ироа нашудааст.

Аммо дар фасли дигари таърихномаи мазкур, ки “Рафтани мир Муҳаммадшоҳ ба Дарвоз ва кумак хостани ӯ аз шоҳ Мансур” ном дорад, дубора бо номи Мансур рӯ дар рӯ мешавем. Қисса аз ин қарор аст, ки пас аз даргузашти мири Бадахшон Султоншоҳ, писари 14-солаи ӯ Муҳаммадшоҳ ҷонишини падар мешавад. Манобеи таърихӣ мегӯянд, ки мир Муҳаммадшоҳ соли 1166ҳ/1753м., таваллуд шуда, соли 1767 дар сини 14-солагӣ ба аморат расидааст.

Аммо ақвоми бегона бо суистифода аз ҷавонӣ ва камтаҷрибагии Муҳаммадшоҳ фурсатро ғанимат дониста аз чанд самт ба Бадахшон ҳамла мекунанд.

Дар натиҷа, Муҳаммадшоҳи навҷавон таҳти фишори мухолифон ба шаҳри Хум-маркази шоҳигарии Дарвоз паноҳанда шуда, аз Мансурхон шоҳи вақти Дарвоз дархости кумаку ёрӣ менамояд. Сангмуҳаммади Бадахшӣ дар ин замина менависад: “Як боре мир ҳам ба ҷониби Дарвоз ба назди шоҳ Мансурхон, ба талаби кумаку имдод рафт ва шоҳ Мансурхон низ он чи ки шароит ва русуми қадрдонӣ буд, азъофан дар бораи мир Муҳаммадшоҳ ба зуҳур расонид”.

Дар ин набард мири Қаротегин шоҳ Болту низ бо хидаму ҳишами хеш ширкат дошт. Ба навиштаи С. Бадахшӣ дар аснои набард бо мухолифони Муҳаммадшоҳ, шоҳ Болтуро фикри фосиде бар сар омад ва қасди куштани Шоҳ Мансурро намуд.

“Дар ҳангоме ки қариб нисфи шаб, ки хилват аз малову халоъ ёфта, дар саропардаи шоҳ даромад, аммо аз дасти ӯ ҳеч наёмад. Лекин шоҳ Мансур дар олами фаросат донист, ки хаёли ӯ ба чӣ қарор ёфтааст”. Аммо Шоҳ Мансур бо дирояте, ки дошт ва ба хотири ҳифзи якпорчагӣ дар эътилофи худ бо мухолифони Муҳаммадшоҳ аз ин қазия чизе нагуфт ва пас аз анҷоми маъмурияти хеш фавран ба Дарвоз баргашт. Шоҳ Болту низ бо лашкари худ ҳамроҳи Мансурхон пас гашт. Шоҳ Мансур аз ӯ ва лашкараш дар шаҳри Хум пазироӣ карда, дар он ҷо нияти фосиди Болтуро фош намуд. Шоҳ Мансур Болтуро дар шаҳри Хум аз ниятҳои нопокаш огоҳ карду афзуд, ки ба хотири пешгирӣ аз сар задани ихтилоф дар эътилофи Муҳаммадшоҳ ин сирро пинҳон доштааст. Ва акнун, ки шумо дар шаҳри Хум меҳмони Мансур ҳастед қасос гирифтан аз меҳмон дар шаъни ҷавонмардон нест. Бинобар ин шоҳ Мансур Болтуро пас аз меҳмондорӣ огоҳ мекунад, ки ба маҳалли худ рафта, омодаи ҷанг шавад. Дар ин бора дар “Таърихи Бадахшон” омадааст:

“Чун ба Дарвоз ба қалъаи Хум расид, шоҳ Болтуро дар ҳузури худ дошта, фармуд, туро ба хонаи худ ба тамомии низому эҳтишоми худ бояд рафтан ва тадоруки истеҳкоми худ бояд кардан, ки армон дар хотират намонад, ки мо ҳам инак ба таъқиб мерасем ва ҳар чӣ бо ҳам дорем ҳам он ҷо мекунем”.

Дар ривояти мазкур ҷанбаҳои рӯҳию равонӣ, фарҳангию маънавӣ ва хусусиятҳои хоси зоҳирию ботинии Мансурхон ба равшанӣ ҳувайдо аст. Нуктаи муҳимтар ин аст, ки вижагиҳои ин ривоят бо қиссаҳое, ки дар бораи шахсияти шоҳ Мансур дар забони мардуми маҳаллӣ ҷорӣ аст, бисёр мутобиқу созгор афтодааст. Ин эпизод далолат бар шахсияти барҷаста ва ҷавонмардию адолатпарварӣ ва ватанпарастии шоҳ Мансур дорад.

Шоҳмансур дар васфу ситоишҳо

Дар идомаи ҳодисаи мазкур дар “Таърихи Бадахшон” сифоти барозандаи Шоҳ Мансур дар шакли назм тавсиф ёфтааст, аммо маълум нест, ки назми китоб мутааллиқ ба кадом шоир аст.

Камо қола шоир:

Бибинем к-аз мо ду, давлат кирост,
Худо ҳар киро дода бошад сазост.
Дар ин ҷо агар дастгират кунам,
Фидои даму теғу тират кунам,
Нахонанд мардон маро некмард,
Ки натвон кас дар ҳарам сайд кард.
Бирав то ту бошӣ ба маъвои хеш,
Ки мурдан бувад муфт дар ҷои хеш.
Шунидӣ, ки шерон зи бемоягӣ,
Ба марг ояд аз поси ҳамсоягӣ.
Ракокат бувад бозро дар насаб,
Ки бо кабки ҳамсоя орад ғазаб.
Шунидӣ, ки дар муддати ҳафт сол,
Баровард дуд аз сари бадсигол.

Яъне, Шоҳ Мансур меҳмони хиёнатпешаи худ Болтуро ба Қаротегин гусел карда, ӯро пешопеш огоҳ мекунад, ки рафта дар диёри хеш омодаи ҷангу қасос бошад. Бар асоси маълумоти Сангмуҳаммади Бадахшӣ Шоҳ Мансур пас аз муддате ба Қаротегин ҳамла намуда, Болтуи хиёнаткорро ба сазои аъмолаш мерасонад. Байти охири ин банд ба ҳукумати ҳафтсолаи Шоҳмансур дар Дарвоз ишора дорад.

Чу шерона шоҳе сикандарнажод,
Ба мардӣ зи рубаҳ баровард бод.
Аз он пас сарашро ба шамшер дод,
Ба он ташна тезоби ғам сер дод.

Дар ин абёт манзур аз сикандарнажод Шоҳмансур аст, зеро шоҳони дарвозӣ насаби худро ба Искандар иртибот медодаанд.

Дар китоби “Таърихи Бадахшон” ҳамчунин ба ҳодисаи дигаре миёни шоҳигарии Дарвоз ва ҳокимони мулки Роғ ишора шудааст. Қисса аз ин қабил аст, ки ҳокимони Роғ, ки дар минтақаи марзии байни Бадахшону Дарвоз қарор дорад, маъмулан ба ҳукумати қавитар боҷ мепардохтаанд. Дар тули таърих роғиён гоҳе хироҷгузори шоҳи Дарвоз буданд, гоҳе ба шоҳи Бадахшон.

Иттифоқан, Ёдгор ҳокими Роғ аз тобеияту хироҷгузорӣ ба шоҳи Дарвоз сарпечӣ намуда, ба шоҳи Бадахшон Султоншоҳ майлу тамоюл нишон медиҳад. Ин худсарии Ёдгор хашми шоҳи Дарвозро бармеангезад ва ӯ Мизробшоҳро бо сипоҳаш ҷиҳати адаби Ёдгор мефиристад.

Мизробхон, ки марде қавиҳайкалу шерчангол ва дар маъракаву майдон ба усули қадим баҳодуру олим ва хусусан дар маҳорати найзаву шамшер, чӣ пиёда ва чӣ дар саворагӣ ҳунармандии том дошт равонаи мулки Роғ мешавад. Ӯ дар ибтидо ба хотири пешгирӣ аз ҷангу қитол афроди худро ба назди Ёдгор мефиристад то аз тариқи панду насиҳат дубора тобеи ҳукуматхонаи Дарвоз шавад. Аммо Ёдгор ба сафирони Мизробшоҳ беэътиноӣ намуда, пешниҳодоти онҳоро намепазирад. Сангмуҳаммади бадахшӣ дар иртибот ба ин воқеа менависад: “Шоҳ Ёдгор аз сари нодонӣ, ки сарҳадӣ ва қишлоқӣ буд, аз қалъаи худ баромада ба расми сайру тафарруҷ ба ҷониби Барроғ рафта ва дарвозиён, ки аз қадим дар фунуни улуми сиёсӣ ва сипоҳигарӣ маъруфу машҳури атрофу ҷавониб ҳастанд, шабошаб ба болои қалъаи Ёвон ҳуҷум бурда ва нардбон гузошта, қалъаро гирифтанд ва қалъадору (маъа) мардумони муътамаде, ки дар қалъаи Роғ будандро дар банду занҷир кашиданд…:

Яли номвар, яъне Мизробшоҳ,
Чу диди ҳуҷуми бадахшисипоҳ,
Чунон карди аз чобукӣ бозгашт,
Ки танҳо зи қалби сипаҳ мегузашт.
Гирифти чу найза ба даст устувор,
Намонди ба болои зин як савор.
Чунин гоҳ дар ҷангу гаҳ дар гурез,
Бурун кард қавми худ аз уфту хез”.

Ба назар мерасад рӯҳияи ватандӯстӣ, виқори миллӣ, ҷавонмардӣ ва пойбандӣ ба арзишҳои олӣ, монанди адолат ва ғайра, ба унвони мероси аҷдодӣ дар рафтори аксари шоҳзодагони дарвозӣ мушоҳида шудааст. Ба қавли Низомӣ

“Он к-ӯ насаби баланд дорад,
Ӯро сухани баланд бояд”.

Манбаъ: Азия +

ҚаблӣФактҳои ҷолиб дар бораи КУДАКОН
БаъдӣМаълумот дар бораи забони тоҷикӣ (форсии дарӣ)