Инкишофи системаи такягоҳ ва ҳаракати одам

Инкишофи системаи такягох ва харакати одам.


Скелети мушакҳо дар бачагӣ ва наврасӣ инкишоф меёбад. Мушакҳо дар синни 14-17-солагӣ босуръат инкишоф ёфта, дар синни 18-солагӣ баробари мушакҳои калонсолон мешаванд. Ба ҳадди инкишоф ва ташаккул ёфтани кӯдак ҳаракатҳояш ҳам торафт мукаммал ва гуногун мешаванд. Дар инкишофи тавоноӣ, чобукию чолокӣ ва тобоварии одам машқҳои ҷисмонӣ нақши ҳалкунанда мебозанд.

Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва меҳнат боиси ташаккулёбии скелет мегарданд. Дар он ҷое, ки пайи мушакҳо мечаспанд, ноҳамворӣ, барҷастагӣ, қирраҳои устухонӣ пайдо мешаванд. Устухон дар он самтҳое тезтар месабзад, ки бисёртар кашиш ё фишор меёбад. Ҳамин тариқ, мушакҳои бадан чӣ қадаре ки нағз инкишоф ёбанд, скелет ҳамон қадар мустаҳкам мешавад.

Дар вақти тағйир ёфтани вазни бадан, масалан ҳангоми аз меъёр зиёд фарбеҳ шудан, вазни бадан зиёд шуда, ба буғумҳо бештар фишор меорад. Дар натиҷа, шахс метавонад бемории буғумдард шавад.


Мавзӯи пурра >>

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аҳамияти машқҳои ҷисмонӣ барои ташаккули дурусти скелет ва мушакҳо

ҚаблӣАҳамияти машқҳои ҷисмонӣ барои ташаккули дурусти скелет ва мушакҳо
БаъдӣАҳамияти варзиш барои мушакҳо