Бобоҷон Ғафуров

Дар ин мақола зиндагиномаи устод Бобочон Гафуров – биография оварда мешавад. Марҳамат Бобочон Гафур >>

Бобоҷон Ғафуров 31 декабри соли 1908 дар рустои Исфисор, ҳоло ш. Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омад. Дар ташаккули ӯ, чун инсони комилу хоксор, ватандӯст, олими нуктасанҷ оилаи меҳнатдӱст, падараш Сангинов Ғафур деҳқон ва коргари роҳи оҳан (соли вафот 1935) ва хусусан модари маърифатпарвари ӯ шоира Розия Озод (Розия Бойматовна Ғафурова) таъсири мусбӣ расонидаанд.

Давраи ҷавонии ӯ дар вазъияте мегузашт, ки ҷараёни сиёсӣ-иртиҷоии туркпарастон (пантуркистҳо) вуҷуд доштани халқи тоҷикро инкор карда, Осиёи Миёнаро ба империяи «Туркияи бузург» пайваст карданӣ буданд. Фаъолияти илмӣ-эҷодии Б. Ғафуров дар шароите оғоз гардид, ки дар афкори ҷамъиятӣ бояд исбот мешуд, ки халқи тоҷик бо меҳнати шоёнаш дар тамаддун аз давраҳои қадим маълум ва машҳур аст. Бобоҷон Ғафуров cолҳои 1928-1930 шунавандаи курсҳои олии ҳуқуқшиносии ш. Самарқанд ва cолҳои 1931-1935 Институти умумииттифоқии рӯзноманигории ш.Москва буд. 1930-1931 дар Комисариати халқии адлияи ҷумҳурӣ, рӯзномаи «Қизил Тожикистон». Солҳои 1935-1938 ҷонишини муҳаррир, муҳаррири «Қизил Тожикистон» кор кардааст. Солҳои 1938-1941 аспиранти институти таърихи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил намуда соли 1941 рисолаи номзади илмро дифоъ намудааст. Аз соли 1941 то 1944 котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба пропаганда ва агитатcия (ташвиқ ва тарғиб), Аз 1944 то 1946 вай дар вазифаи дабири дуввум ва аз соли 1946 то 24 майи соли 1956 дар вазифаи нахустин дабири Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд. Дар баробари кори ҳизбӣ Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ мағул шудааст. Аз соли 1936 то соли 1938 дар Мактаби олии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон омӯзгори иқтисоди сиёсӣ буд. Аз соли 1939 то соли 1940 дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Сталинобод таърихи халқҳои ИҶШС таълим медод. Аз соли 1942 то соли 1948 мудири сектори таърихи Инстиути таърих, забон ва адабиёти шӯъбаи тоҷикистонии АИ СССР ва дар соли 1951 аъзои ҳақиқии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст. Аз соли 1956 то поёни зиндагиаш Б. Ғафуров вазифаи мудири Пажуҳишҳои шарқшиносии (Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ) ва сармуҳаррири маҷаллаи “Осиё ва Африка” – ро бар ӯҳда дошт. Бо сарварии Б. Ғафуров Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1948), Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) ташкил дода шуд. Ҳанӯз дар солҳои 30-юми асри XX, ӯ ба омӯхтани таърихи халқи тоҷик шурӯъ намуда, соли 1941 дар мавзӯи «Таърихи тариқати исмоилия аз ибтидои асри XIX то ҷанги якуми ҷаҳон» рисолаи номзадӣ дар соли 1941 ва 25 феврали соли 1952 рисолаи докториро дар мавзӯи «Таърихи халқи тоҷик» аз Муассисаи Таърихи Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ (АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, Москва) ба даст овард. Дар соли 1958 аъзо-корреспонденти АИ СССР интихоб шудааст. Бо кӯмаки амалии ӯ гурӯҳи муаллифон бори аввал таърихи халқи тоҷикро дар се ҷилду панҷ китоб навишта, солҳои 1963-1965 дар нашриёти «Наука»-и Москва чоп намуданд. Академик Бобоҷон Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақолаҳо оид ба таърихи халқи тоҷиква таърихи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун дар Деҳлӣ, Берлин, Рим, Теҳрон, Пекин, Афина, Кобул, Париж, Қарочи, Варшава ва ғ. бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд. Бо ташаббус ва зери таҳрири ӯ танҳо бо забони англисӣ қариб 30 асар дар мавзӯъҳои муҳими таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардидаанд. Профессор, мактаби калон ва эътирофшудаи шарқшиносиро асос гузошт. Дар байни осори вай китобҳои бисёрҷилдаи чун “Таърихи халқи тоҷик” ва «Тоҷикон» ҷо мегиранд, ки ба тоҷикӣ ва русӣ мунташир шудаанд. Аллома Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» миқдори зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода кардааст. Ин китоб дар баробари Шоҳномаи А. Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакри Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда хизмат менамояд. Ба туфайли фаъолияти илмӣ-ҷамъиятии ӯ дар байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва хусусан мамлакатҳои Шарқ, муносибатҳои муътадили тиҷоратии–фарҳангӣ ба амал омаданд. Академик Бобоҷон Ғафуров ягона олими тоҷик буд, ки ӯро чун сиёсатмадори варзида дар миқёси ҷаҳон, хусусан дар Шарқ, хуб мешинохтанд. Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз соли1978 кабри Ғафуровро зиёрат карда чунин гуфта буд: «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл фарзанди бузургтарини Машриқзамин мебошад». Ҳамин тавр, натиҷаи асосии заҳматҳои бисёрсолаи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм дар он аст, ки ӯ исбот намуд, ки халқи тоҷик қадимтарин халқи Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад. Ин марди оқилу хирад дар ташаккули худшиносии миллии халқи тоҷик саҳми худро гузошт. Таҷрибаи таърихии халқи тоҷик, ки устод Бобоҷон Ғафуров онро дар асарҳои худ объективона таҳлил ва ҷамъбаст намудааст.

Дар китоби “Равшангари бузург” (Душанбе:”Адиб”, 2006, 340 с.) Муҳаммадҷон Шакурӣ лаҳзае аз ҳаёти академик Б. Ғафуров оварда шудааст: “Соли 1972 китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» аз чоп баромад, ва зуд шӯҳрат ёфт. Ҳар зиёии тоҷик мекӯшид, ки нусхае аз он ба даст биёварад ва ҳар кас, ки ба даст овард, ба як нишаст хонда мефуровард. Пас аз чанде Б. Ғафуров (1909-1977), ки дар Маскав зиндагӣ мекард ва сарвари Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми шӯравӣ буд, худ ба шаҳри Душанбе омад ва бештар аз пештар мавриди таваҷҷӯҳи мардум қарор гирифт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Рӯзе дар хонаи нависанда Ҷалол Икромӣ нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. Иддае аз аҳли илму адаб гирд омаданд. Аз ҷумла Мирзо Турсунзода ва профессор Иосиф Самойлович Брагинский ҳозир шуданд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон (солҳои 1946-1956) ва донишманди забардасте барои миллат хидматҳои бузург кардааст, бахусус пас аз чоп шудани китоби «Тоҷикон» месазад, ки ӯро падари миллат бигӯем. Б. Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт:

Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст.

Ин сухани Ғафуров ба аҳли маҷлис хуш омад. Аввал рӯҳу равони падари миллатро табрик хонданд ва баъд фарзанди миллатро шодбош гуфтанд.

Устод Бобоҷон Ғафуров – 12 июли соли 1977 дар ш. Москва вафот кардааст, оромгоҳи устод бо қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон дар саҳни боғи ба номи С. Айнӣ дар ш. Душанбе муқарар шудаааст. Ба шарофати некдошти фарзанди баруманди миллат, олими шинохта, донишманди бузург устод Бобоҷон Ғафуров дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳраки Ғафуров ва Ноҳияи Ғафуров дар Вилояти Суғд номи ӯро доранд.

Соли 1997 Бо қарои Ҳукумати ҶТ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд номи академик Бобоҷон Ғафуров дода шуд. Соли 1997 Бобоҷон Ғафуров бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз шудааст. Якчанд нимпайкараву (назди АИ Тоҷикистон ш. Душанбе ва диг.) хиёбонҳои шаҳру рустоҳо ба номи ӯ сохтаву гузошта шудаанд. Соли 1998 Ҳукумати вилояти Суғд Нишони ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро таъсис додааст, ки мунтазам барои саҳми арзанда дар соҳаи илму маориф ба ғолибони озмун тақдир карда мешавад. Бо ташаббуси бевоситаи шогирди Бобоҷон Ғафуров профессор Ҳабибулло Холҷӯраев соли 1998 дар ш.Ғафуров вилояти Суғд Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шудааст. Дар назди осорхона зери сарварии Ҳабибулло Холҷӯраев Маркази илмии “Ғафуровшиносӣ” (“Гафуроведение”) амал карда истодааст, ки доир ба мероси илмии академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар масъалаҳои таърих тадқиқотҳои илмӣ мебарад. Марказ якчанд китобу рисолаҳои илмиро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ нашр намудааст.


Калидвожаҳо: нависанда, қаҳрамони тоҷикистон, кахрамони точикистон, мавзуи озод, иншо, бобочон гафуров, точикон, тоҷикон, кахрамон, биография на таджикском языке, биографияи Бобочон Гафуров бо забони точики

ҚаблӣМирзо Турсунзода
БаъдӣСаидалӣ Вализода

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед