Ташаккулёбӣ ва марҳилаҳои асосии инкишофи таърихии сотсиология

Ташаккулёбӣ ва марҳилаҳои асосии инкишофи таърихии сотсиология. Ташаккулёби ва мархилахои асосии инкишофи таърихии сотсиология.


Дар оғоз бояд таъкид намуд, ки маъмулан асосгузори илми сотсиология донишманди фаронсавӣ Огюст Конт эътироф шудааст.Ҳамзамон аз тарафи баъзе донишмандон донишманди шинохтаи араб дар асри XIV Ибни Халдун ба хотири андешаҳои ҷомеашиносии пешқадамаш, ки дар китоби машҳураш «Муқаддима» ифода ёфтаанд, поягузори илми сотсиология зикр мегардад.

Муаллифи дигар Решетников А.В. бар он ақидааст, ки «аввалин асар доир ба сотсиологияи умумӣ «Давлат»-и Афлотун, ки дар он аввалин маротиба дар ҷаҳон назарияи табақабандӣ ба вуҷуд оварда шудааст, ҳисобида мешавад»[1].

Қобили зикр аст, ки ақидаи мазкур баҳсталаб мебошад. Зеро аллакай дар таълимоти зардуштия, ки то Афлотун дар байни мардуми форснажод роиҷ буд, табақабандии ҷомеа равшан ба мушоҳида мерасад.Дар ин хусус дар китоби «Фалсафа аз оғози таърих омадааст:

«Бидон, ки оини маздоясно мардумро ба чаҳор табақа тақсим намуда ва он табақот монанди чаҳор сутуни бадан ҳастанд, ки сари он подшоҳ аст ва авалин узв руҳониён ҳастанд ва онҳо иборатанд аз муғон ва қуззот ва нуззор ва муаллимин. Узви дуввум ҷанговарон мебошанд ва онҳо иборатанд аз саворон ва пиёдагон. Узви саввум дабиронанд ва иборатанд аз нависандагон ва муҳосибин ва нигорандагони аҳкому тасдиқномаҳо ва уқду тазкираҳо ва атиббову шуарову мунаҷҷимин. Узви чаҳорум аҳли ҳирфаанд ва иборатанд аз пешаварон ва кишоварзон. Ва ин тақсим барои абад зомини назму осоиш аст»[2].

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар таълимоти браҳмания, ки дар Ҳиндустон аллакай то Афлотун вуҷуд дошт ва он дар ведаҳо зикр ёфтаанд, аҳли ҷомеа ба каста ва зеркастаҳо тақсим шуда буданд7. Бинобар ин, дар ин маврид чунин нуқтаи назар воқеитар хоҳад буд, ки дар таълимоти мутафаккирони Юнони қадим, аз ҷумла дар таълимоти Афлотун дар асарҳояш «Давлат», «Қонунҳо», дар таълимоти Арасту дар асараш «Политика» андеша ва назарияҳои фалсафӣ доир ба самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа вуҷуд доштанд, аммо дар онҳо ҷустани назарияҳои сотсиологӣ дар фаҳмиши имрӯзааш на он қадар ба воқеият наздиктар аст.

Дар ин маврид бо баъзе муаллифони дигар бояд ҳамфикр буд, ки онҳо пайдоиши ин ё он илмро бо он даврае марбут медонанд, ки ин илм аз тарафи ҷомеаи илмӣ эътироф шавад. Чунин давра бешак бо фаъолияти илмии О.Конт алоқаманд мебошад. Аммо, то О. Конт, чуноне ки зикр гардид, таълимоту назарияҳои гуногун дар бораи ҷомеа вуҷуд доштанд.Ғайр аз Юнони Қадим дар таълимоти мутафаккирони Замони Нав низ мо андешаҳои ҷолиберо дар бораи самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мушоҳида менамоем. Дар таълимоти Никколо Макиавелли (14691527) андешаҳои пешқадами давлату давлатдорӣ таҷассум ёфтааст.

Ӯ давлатро зуҳуроти олии рӯҳи инсонӣ эътироф намуда, ба давлат хидмат намуданро мақсад, маъно ва хушбахтии ҳаёти инсонӣ меҳисобад. Ҷанбаи муҳими таълимоти Макиавелли аллакай дар асри XVI аз он иборат аст, ки вай 400 сол пеш аз мо тарбияро на вазифаи калисо, балки вазифаи давлат мешуморад. Идеалҳои сиёсии Макиавелли дар асараш «Подшоҳ» доир ба шакли республикавии идораи давлат, ки метавонад давлати пуриқтидорро созмон дода, тартиботи дохилиро таъмин намояд, бисёр хуб таҷассум ёфтааст. Макиавелли шакли республикавии идораи давлатро барои он беҳтарин шакл ҳисобидааст, ки вай ҳар шаҳрвандро барои тақдири давлат масъул месозад. Бояд эътироф намуд, ки андешаҳои сиёсии ин мутафаккир барои ташаккули мафкураи сиёсии ҷавонони имрӯза низ аз манфиат холӣ нестанд.

 Андешаҳои иҷтимоии мутафаккири дигари ин давра Томас Гоббс (1588-1679) дар асари машҳури ӯ «Левиафан» барҷаста таҷассум ёфтааст.Ӯ ба давлат ҳамчун ба «бадани сунъӣ» назар андохта, онро баръакси таълимоти асримиёнагӣ аз ҷумлаи муқаррароти инсонӣ арзёбӣ намудааст. Тибқи афкори ӯ давлат дар асоси «шартномаи ҷамъиятӣ» аз ҳолати табиии то пайдоиши давлат вуҷуддошта, ки одамон пароканда дар «ҳолати ҷангии ҳама бар зидди ҳама» қарор доштаанд, пайдо шудааст.Яъне, давлат бо мақсади таъмини сулҳу салоҳ ва бехатарии аҳли ҷомеа таъсис дода шудааст.

Дар асоси «шартномаи ҷамъиятӣ» ҳуқуқҳои баъзе шахрвандон, ки ихтиёран озодиҳои худро маҳдуд месозанд,ба ихтиёри подшоҳ гузошта мешавад. Ва вазифаи таъмини сулҳу салоҳ ва накуаҳволии мардум дар асоси «қарордод»-и мазкур маҳз ба души подшоҳ вогузошта мешавад. Накӯаҳволии мардум, ба андешаи Гоббс, қонуни олии давлат аст. Ғамхорӣ дар бораи сулҳу салоҳ асоси «ҳуқуқҳои табиӣ»-е мебошанд, ки шартномаи ҷамъиятӣ ба вуҷуд овардааст. Дар умум ба вуҷуд овардани давлати пуриқтидор, ки ба ҳама гуна ҷангҳои шаҳрвандӣ хотима мебахшад, маҳаки таълимоти сиёсии мутафаккирро ташкил менамояд.

 Мутафаккири дигари ин давра, ки бо асос гузоштани назарияи машҳури «ҳуқуқи табиӣ» маъруф гардидааст, Ҷон Лок (163201704) мебошад.Таълимоти сиёсӣ-иҷтимоии ӯ дар «Ду рисола дар бораи идоракунии давлатӣ» баён ёфтааст. Мутафаккир зарурати ҳокимияти давлатиро аз мавқеи назарияҳои «ҳуқуқҳои табиӣ» ва «шартномаи ҷамъиятӣ» шарҳ медиҳад, яъне одамон аз ҳуқуқҳои табиии худ даст кашида онро ба ихтиёри давлат месупоранд. Баръакси назарияи мутлақи Гоббс , ба андешаи Локк ба хотири ҳифзи воқеии чунин ҳуқуқҳое, мисли озодии сухан, имон ва пеш аз ҳама моликият ба ҳукумат бояд қисмате аз ҳуқуқҳои табиӣ, чун роҳандозӣ намудани низоми адолати судӣ, барқарории муносибатҳо бо хориҷа ва ғайра дода шавад. Ҳокимияти қонунбарор, мепиндошт мутафаккир, бояд аз ҳокимияти иҷроия ва федеративӣ ҷудо бошад. Қобили зикр аст, ки андешаҳои Ҷон Локк дар ташаккули ғояҳои сиёсӣ-иҷтимоии мутафаккирони давраи маорифпарварӣ саҳми амиқ гузоштааст.

 Ин ҷо бори дигар ёдовар мешавем, ки агарчанде мутафаккирони фавқуззикр ва даврони маорифпарварӣ низ самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро мавриди омӯзиш қарор додаанд, лек таълимоти онҳоро ба маънои имрӯзааш таълимоти сотсиологӣ номидан душвор аст. Ҷамъиятии илмии муосир маҳз О. Контро асосгузори илми сотсиология эътироф намудааст. Вай соли 1839 дар асараш «Курси фалсафаи позитивӣ» истилоҳи «сотсиология»-ро истифода намуда, зарурати омӯзиши ҷомеаро дар асоси талаботҳои илмӣ ба таври зер асоснок менамояд: раванди рушди ақли инсониро дар соҳаҳои мухталифи фаъолияти он омӯхта, ман, чуноне ки ба назари ман менамояд, қонуни бузурги асосиеро кашф намудам, ки ба он қонун ин рушд ба сабаби зарурати доимияш тобеъ асту метавонад ё тавассути исботи ақлонӣ, ки фаъолияти маърифатии организми мо таъмин менамояд ё тавассути маълумоти таърихӣ, ки ба василаи омӯзиши бодиққати гузашта ба даст меоянд, ба таври қатъӣ муқаррар гардад.Моҳияти ин қонун дар он ифода меёбад, ки ҳар як соҳаи дониши мо зина ба зина се ҳолати мухталифи назариявиро паси сар менамояд: ҳолати теологӣ ё қалбакӣ; ҳолати метафизикӣ ё таҷридӣ; ҳолати позитивӣ ё илмӣ.Ба қавли дигар, ақли инсонӣ ба сабаби табиати хеш дар ҳар яке аз тадқиқотҳои хеш зина ба зина се методи тафаккурро, ки аз ҳам фарқ доранд ва ҳатто муқобили ҳам ҳастанд, истифода мебарад: аввал методи теологӣ, баъд метафизикӣ ва ахиран позитивӣ. Аз ин ҷо се навъи ҳамдигарро истиснонамояндаи фалсафа ё се низоми умумии ақидаҳо ба маҷмӯи ҳодисаҳо пайдо мешавад: аввалӣ зинаи ибтидоии ақл аст; саввумӣ – ҳолати муайян ва ниҳоии он буда, дуввумӣ танҳо ба сифати зинаи гузариш хидмат менамояд[3].

 Дар ҳолати теологӣ, ба ақидаи мутафаккир, ақли инсонӣ ҳодисаҳоро ҳамчун маҳсули таъсири бевосита ва пайвастаи омилҳои фавқуттабиа баррасӣ менамояд.Дар ҳолати метафизикӣ, ки ба ақидаи О.Конт ҷуз ҳолати шаклтағйирёфтаи ҳолати теологӣ чизе беш нест, омилҳои фавқуттабиа бо нерӯҳои таҷридшуда, бо моҳиятҳои воқеие (мафҳумҳои абстрактии таҷассумёфта), ки бо предметҳо зич алоқаманданду ба онҳо қобилияти тавлиди ҳодисаҳо нисбат дода мешаванд, иваз шудаанд.

 Ва ахиран, дар ҳолати позитивӣ ақли инсонӣ аз методҳои пешин даст кашида, дар ҳамбастагии дурусти муҳокима ва мушоҳида таваҷҷуҳи худро ба омӯзиши қонунҳои ҳақиқӣ, яъне муносибатҳои доимии пайдарҳамии ҳодисаҳо мутамарказ менамояд. Шарҳ додани фактҳо акнун чун муқаррарсозии робита байни ҳодисаҳои мухталиф арзёбӣ мегардад9.

 О.Конт се давраи рушди ақли инсонро бо се марҳилаи инкишофи биоиҷтимоии ӯ муқоиса намуда, зинаи теологиро ба давраи кӯдакӣ, зинаи метафизикиро ба давраи ҷавонӣ ва зинаи позитивиро ба давраи камолоти инсон шабеҳ медонад.

 Мутафаккир бар он ақидааст, ки тибқи андешаи тамоми мардуми солимфикр танҳо ҳамон донише ҳақиқист, ки ба мушоҳида такя намояд. Комилан равшан аст, ки мепиндорад мутафаккир, ақли инсонӣ дар оғоз дар ин сатҳ фикр карда наметавонист, зеро ҳамзамон назарияе зарур буд, ки мушоҳидаҳои аз ҳам ҷудоро дар асосии ягон принсипе ба ҳам пайваст менамуд. Акнун, чун ақли инсонӣ физикаи осмонӣ, физикаи заминӣ, физикаи механикӣ ва химиявӣ, инчунин физикаи органикӣ ва физикаи наботот ва ҳайвонотро ба вуҷуд овард, барои ба анҷом расонидани системаи донишҳои ба мушоҳида такя намоянда бояд физикаи иҷтимоиро асоснок намояд.

 Омили дигаре, ки О.Контро дар хусуси зарурати эҷоди илм дар бораи ҷомеа мутмаин сохтааст, бо қонуни аз тарафи ӯ кашфшуда- қонун дар бораи тақсимот ва кооператсияи меҳнат марбут мебошад. Тибқи ин қонун дар ҷомеа, аз як тараф, тадриҷан гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ва касбӣ ташаккул меёбанд, аз тарафи дигар, дар ҳамаи соҳаҳо дигаргуниҳо сурат гирифта, ҳолати накӯаҳволии одамон беҳтар мегардад. Омилҳои мазкур ҳамзамон ба вайроншавии ҷомеа оварда мерасонанд. Зеро онҳо ба мутамарказшавии боигарӣ ва истисмори одам аз тарафи одам нигаронида шудаанд. Тадриҷан дар байни мардум ҳисси ҳамдигарбадбинию адоват ташаккул ёфта, эҳсоси якдилию ризоият дар байни мардум халалдор мегардад. Мувофиқи андешаи О.Конт барои барқарорсозии эҳсоси якдилию ризоият маҳз сотсиология метавонад мусоидат намояд.

 О.Конт сотсиологияро ба ду қисм тақсим намудааст: истони иҷтимоӣ (социальная статика) ва равиши иҷтимоӣ (социальная динамика). Истони иҷтимоӣ шароитҳо ва қонунҳои фаъолияти низоми иҷтимоиро меомӯзад. Дар ин қисмати сотсиологияи мутафаккир чунин ниҳодҳои асосии ҷомеа, мисли оила, давлат, дин аз нуқтаи назари вазифаҳои ҷамъиятӣ ва нақши онҳо дар барқарории якдилию ризоияти байниҳамдигарии аҳли ҷомеа мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар равиши иҷтимоӣ О.Конт назарияи пешрафти ҷамъиятиро инкишоф додааст. Аммо бояд таъкид намуд, ки дар ин назария омили ҳалкунанда ба рушди маънавӣ-ақлонии инсон тааллуқ дорад.


  • [1] Ҳамон ҷо, саҳ.14.
  • [2] Муҳаммад Рашшод. Фалсафа аз оғози таърих.Душанбе,  саҳ.122-123. 7 Индуизм. М.;1985, саҳ.99-100.
  • [3] О.Конт. Курс позитивной филосоофии. (Антология мировой философии.М.;1971.Т.3.саҳ.553-556). 9Ҳамон ҷо;
ҚаблӣВазифаҳои сотсиология / Вазифахои социология
БаъдӣШароитҳои иҷтимоӣ ва заминаҳои назариявии пайдоиши сотсиология