Афанди точики – латифа

Афанди точики дар ин мақола оварда мешаванд. Афандихои нави точики 2020 дар инҷо боз оварда мешаванд. Афанди точики аз сайти Донишчу-Donishju.net

Харидор мехоҳад ба асабӣ қассоб расад:
Харидор:
– Ин гӯшт дар зинда буданаш “Миёв” мегуфт ё “Вов-вов”?
Қассоб:
– Ин гӯшт дар вақти зинда буданаш ҳар хел савол медод!

латифахои точики, афандии точики

Арӯси мӯйлабдор
Ҷавоне ба хостгорӣ рафта, мебинад, ки арӯсшавандааш каме мӯйлаб дорад. Аз духтар мепурсад:
– Як савол дорам. Чаро шумо мӯйлаб доред?
Духтар аз шарму алам гиря мекунад.
Ҷавон даступохӯрда шуда, мехоҳад духтарро дилбардорӣ кунад ва саросема шуда мегӯяд:
-Гиря накун, мард гиря намекунад.


ЧОРПО МЕНАМОЕД
Як марди олус1 барои додхоҳӣ2 ба назди подшоҳ омад. Подшоҳ ба ҷои шунидани арзу дод он мардро изо доданӣ шуда пурсид:
-Ба назари олусҳо ҳар як чиз дуто менамояд мегӯянд, ҳамин гап рост?
Олус дархол ҷавоб дод:
-Ҳо, тақсир! Масалан, хозир шумо ба назари ман чорпо менамоед!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Муаллими таърих аз хонанда мепурсад:
– Канӣ бигӯ, шоҳ Аббос чӣ гуна шоҳе буд.
Хонанда ҳар қадар ки фикр мекунад, ҷавоби суолро пайдо карда наметавонад ва билохира мегӯяд:
– Устод, аз қафои мурда гап задан хуб нест.


Бедонаҳои зинда
Дар тарабхона марде пешхизматро даъват карда мегӯяд:
– Гӯш кун, додар, ҳамин бедонаҳоро боз ками дигар бурда бирён кун!
Пешхизмат:
– Магар хуб бирён нашудаанд?
Мард:
– Ин бедонаҳо хӯриши маро хӯрда тамом карданд.


Зане аз фермаи мурғпарварӣ 1 мурғ ва 10 хурӯс мехарад. Фурушанда ба ӯ мегӯяд:
– Бояд баръакс 10 мурғ ва 1 хурӯс бихарӣ.
Зан:
– Ман чӣ кор карданамро хуб медонам. Мон ақалан ҳамин мурғ лаззати ҳаётро бичашад.


Писар аз падараш пурсид:
– Падарҷон, яхи уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ хунуктар бошад ё аз яхдони мо?
Падар, ки ҳаргиз чунин саволро интизор набуд, лоқайдона ҷавоб дод:
– Аз ҳар ду ях ҳам саволи ту хунуктар аст.


Марде аз зани фарбеҳе мепурсад:
– Духтари зебо, номатон чист?
Зан бо ишва:
– Ғунча.
Мард дар ҷавоб:
– Вооҳ, агар шукуфед, чӣ хел мешуда бошед?!


Дирӯз мошини прокурор ба бинои китобхонаи шаҳрӣ бархӯрд. Корманди Садорати таъмини бехатарии роҳ муайян намуд, ки сабабгори ин садама бинои китобхона будааст. Дар вақташ меъмор берун аз нишондоди лоиҳавии иншоот онро ним метр ба пеш баровардааст.
Акнун китобхона вазифадор шудааст, ки ба прокурор ҷубронпулӣ супорад.


Шахсе аз масҷид баромада дид, ки калушҳояш нестанд, ба худаш гуфт:

━ Ман кай рафтам, ки худам нафаҳмидам.


Афанди ба лаби ҷуй омада, таҳорат мекард, ки кафшаш ба ҷӯй афтоду об бурд. Вай аз миён поёнашро луч карда, ба даруни об даромаду:
━ Ма, таҳората гиру кафшама деҳ! ─ гуфт.


Тумани ғафс. Зане пушти рули мошин ҳеҷ чизро намебинад ва бо габаритҳои мошини дар пеш буда рафтан мегирад. Ногаҳон мошини дар пеш буда меистад. Зан албатта мошини дар пеш бударо мезанад ва аз мошин бо шаст фаромада ба сўи ронанда медавад:
━ Ҳой мардак, чаро ту мошинро ногаҳон маън мекунӣ?
━ Бубахшед бону, лекин ман ба гаражи худам даромадам.


Муфаттиш:
— Шумо ин кордро мешиносед?
Гумонбаршаванда:
— Албатта!
— Оҳо! Оқибат шинохтед?
— Ҷин занад, чӣ хел нашиносам, ки онро ба ман ду моҳ боз нишон медиҳед!


Корманди бозрасии автомобилӣ рӯзи дароз чизе барои кисааш ҷамъ накарда буд, дид, ки пирамарде бо хараш аз роҳ мегузарад. Пирамардро боз дошта мепурсад:
-Бобо, чаро суръатро баланд мекунед?
Пирамард:
-Охир ман дар маркаб нишастаам, чӣ хел метавонам, суръатро афзоям?
-Шумо чаро ҳайвони безабонро бераҳмона бо чӯб задед? Фароеду бахшиш пурсед, чунки онҳо мисли бародарони хурдии моянд.
Пирамард аз маркаб фаромада ба хар мегӯяд:
Мебахшӣ, ки ман туро бо чӯб сахт задам, охир ман аз куҷо медонистам, ки бародари калонии ту дар БДА кор мекунад))))


Бемор ба духтур:
– Духтурҷон, намедонам, ин хубиҳои шуморо чӣ тавр баргардонам. Духтур:
– Агар нақд бошад, беҳтар.


Марде ба духтур арз кард:
– Доктор, ягон маслиҳат диҳед, асабҳоям вайрон, ягон рӯзе нест, ки бо завҷаам ҷанг накунем.
– Ҳар рӯз на камтар аз 6 мил пиёда роҳ равед. Асабҳоятон ором мешавад.
Баъд аз як моҳ мард ба духтур занг мезанад:
– Ташаккури зиёд, духтурҷон, маслиҳататон фоида кард.
– Чӣ тавр, яъне дигар ҷанг намекунед?
– Не, ҷанг он тараф истад, рӯйи якдигарро намебинем. Ман тахминан 185 мил аз хонаам дур шудам.


Сартарошхона меравӣ, мебинӣ, ки рӯйи замин мӯй рехтааст, дукони дузандагӣ равӣ, латтапораҳоро ҳар куҷо пароканда мебинӣ, вале ба бонк равӣ, чизеро рӯйи замин намебинӣ. Ҳатто ручкаҳояшонро бастаанд.


АБДУЛЛОХОН ЧӢ МЕГИРАД?

Абдуллохон дар биёбони Қаршӣ сардобаҳо3 ва обанборҳо месохт, деҳқононро маҷбурӣ кор мефармуд.

Рӯзе Абдуллохон дар вақти сохтани як сардоба либоси деҳқонӣ пушида дар миёнаи мардикорон даромад, то ки аз фикру андешаи онҳо воқиф шавад ва агар хаёли шӯрише ва исёне дошта бошанд, пеш аз вақт хабардор гардад.

Абдуллохон дар вақти махфигардӣ бо мардикоре ҳамсуҳбат шуда пурсид:

  • Аз ҳамин қадар ташвиши иморатсозӣ ба Абдуллохон савобе ҳаст ё не?

Мардикор ҷавоб дод:

  • Касе, ки ба иморат хишт дода бошад, хишташро мегирад, гаҷ дода бошад, гаҷашро мегирад. Абдуллохон ҳам ҳар чӣ дода бошад, ҳамонро мегирад.
  • Абдуллохон ба ин иморат чиҳо дод, ки онҳоро мегирад? – гуфта боз пурсид Абдуллохон.
  • Ӯ мардумро азоб дод, уқубат дод, зулму бедодгарӣ кард. Ана ҳаминҳоро мегирад, – гуфт мардикор.
  • Маро мешиносӣ? – Абдуллохон аз мардикор пурсид.
  • Не.
  • Ман Абдуллохон мебошам.
  • Бисёр хуб, – гуфт мардикор ва худ пурсид:
  • Шумо маро мешиносед?
  • Не, – гуфт Абдуллохон.
  • Ман як деҳқонӣ фақире мебошам, ки дар ҳар моҳ се рӯз девона мешавам. Имрӯзҳо навбати девонагии ман аст.
  • Мардикор бо ҳамин тадбир аз ҷазо халос шуд.

ЛУЧ ГУРОНЕД ҲАМ, МАЙЛАШ

Ятиме аз хуҷаинаш пурсид:

  • Агар ман мурам, чӣ навъ мегуронед?
  • Чӣ навъ мегурондам. Чор газ карбос мегираму кафан дузонда, мурдаатро ба вай печонда ба мазор мефиристонам, ба гуре метиққонанду мемонанд-дия, – гуфт хуҷаин дар ҷавоб.
  • Ин тавр бошад, – гуфт ятим, – биёед, дар вақти зиндагиам ба ман як курта-эзори карбос дузонда диҳед. Баъд аз мурданам луч гуронед ҳам, майлаш.

ХОҶА ҲОФИЗ ВА ХИШТРЕЗ

Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аз роҳе гузашта истода буд. Дар паҳлуи роҳ як хиштрезро дид, ки шеърҳои ӯро ғалат хонда истодааст. Ҳофиз андак гуш карда истоду баъд якбора хиштҳои рехта мондагии хиштрезро пахш карда гузаштан гирифт. Хиштрез ӯро дида тохта омаду аз гиребонаш гирифта дашном дод:

  • Магар чашмат кур аст, ки роҳро монда аз болои хиштҳо меравӣ ва меҳнати маро барбод медиҳӣ?

Ҳофиз ҳам гиребони ӯро маҳкам гирифта гуфт:

  • Магар ту девонаӣ, шеърҳои хуни дил хурда навиштагии маро расво карда, ғалат мехонӣ?!

Маълумот дар бораи ЛАТИФА инҷо хонед >>ЛАТИФА

БОЯД ХУДАМ ҲАМРОҲИ ХАТ РАВАМ

Касе аз Насриддин Афандӣ илтимос кард, ки барои ӯ ба номи як дӯсташ хат навишта диҳад.

Афандӣ пурсид:

  • Дӯстатон дар куҷо ва ин хатро ба куҷо мефиристонед?
  • Дӯстам дар Бағдод аст, ки ин хатро ҳам ҳамин рӯз ба он ҷо мефиристонам, – гуфт он кас дар ҷавоб.
  • Мебахшед, ки ман фурсати Бағдодравӣ надорам, он ҷо бисёр дур аст, – гуфт Афандӣ.
  • Хатро дар ҳамин ҷо менависед, ман худам мефиристонам, ба Бағдод рафтани шумо лозим нест.
  • Агар ман ба касе хат нависам, бояд ҳамроҳи хат худам рафта хонда диҳам, зеро каси дигар хати маро хонда наметавонад.

СОДАДИЛ АКСИ ХУДРО НАМЕШИНОСАД

Содадиле дар роҳ мерафт, дар сари роҳ оиначаеро дида аз замин бардошта гирифт. Вақте ки оиначаро ба худ ру ба ру карда, акси худро дар он дид, хиҷолат кашида:

-Мебахшед, ин оинача аз они шумо будаасту ман бесоҳиб гумон карда гирифтаам, – гуфт ва оиначаро ба ҷояш гузошта ба роҳи худ давом кард.


РАИС ВА МУШФИҚӢ

Раиси шахр4 Мушфиқиро дар куча дошта пурсид:

  • Намози бомдод чанд ракаат?

Мушфиқӣ гапашро гум карда:

  • Ҳашт ракаат, тақсир… – гуфта фиристод. Раис ба одамонаш фармуд, ки Мушфиқиро луч карда даҳ дарра зананд. Мушфиқӣ дар зери шаллоқ дод мезад. Занаш, ки дар пушти дарвоза истода буд, гуфт:
  • Муред шумо мардаки беҳуш! Охир чор ракаат гӯед намешуд?

Мушфиқӣ занашро коҳиш кард:

  • Дам шав, занаки беақл, ҳашт ракаат гуфта-ку даҳ дарра хурдам, агар чор ракаат гуям, албатта, бист дарра мезананд, ки мурда мемондам!

НЕ, НЕ ИН САЛЛАЮ ҶОМАИ МАН НАБУДААСТ

Мушфиқӣ шабе аз як пасткучаи Бухоро гузашта истода дид, ки дар сари роҳ як маст хобидааст. Мушфиқӣ он мастро ин тараф, он тараф ғелонда диду шинохт, ки раиси шаҳр будаст. Ба даҳону биниаш боб карда се-чор лағад фуровард. Аммо маст ҳушёр нашуд. Баъд Мушфиқӣ саллаю ҷомаи вайро кашида гирифту ба роҳаш рафт.

Саҳарӣ раис ҳушёр шуда ба раисхона рафту ба мулозимонаш гуфт:

  • Имшаб аз хона саллаю ҷомаи маро дуздида рафтаанд. Шумо дар кучаю бозорҳо диққат карда гардед, ҳамон либосҳои маро дар даст ё дар сару тани ягон кас дида шиносед, ҳамон одамро ба пеши ман гирифта биёред!

       Мулозимони раис дар кучаҳо гашта, ба ногоҳ чашмашон ба Мушфикқӣ афтоду дар сару тани вай саллаю ҷомаи раисро шинохтанд ва ӯро кашолаю пуштора карда ба раисхона бурданд. Раис Мушфиқиро дида дар ғазаб шуду дуғ зад:

  • Саллаю ҷомаи ман аз куҷо ба ту муттаҳам расид?

Мушфиқӣ бо оромӣ ҷавоб дод:

  • Тақсир, аввал пурсиш, баъд кушиш гуфтаанд. Ман дина шаб аз фалон паскуча гузашта истода ба як маст вохурдам, ки дар сари роҳ ба хоку лойҷулида хобидааст, се-чор лағад куфтам, ҳушёр нашуд. Охир саллаю ҷомаашро кашида гирифтам. Агар ҳамон маст шумо бошед, ин саллаю ҷома ҳам аз они шумо будагист, марҳамат карда гиред!

Раис4 дид, ки аз ин гап шарманда мешавад, телба шуда гуфт:

  • Не, не, ин саллаю ҷомаи ман набудааст, ба корат рафтан гир!

МУШФИҚӢ ВА ҚОЗИКАЛОН

Яке аз бойҳо туй карду барои хабар карданӣ қозикалон Мушфиқиро фиристод. Вақте ки Мушфиқӣ ба ҳавлии қозикалон бе таклиф даромада омад, қозикалон оташин шуда ба вай гуфт:

  • Магар аз даргоҳи боӣ ягон одам ёфт нашудааст, ки барои хабар карданӣ ман ту барин харро фиристодааст?

Мушфиқӣ ҷавоб дод:

  • Тақсир, бойбобо ҳамаи одамҳоро барои хабар карданӣ одамҳо фиристоданду лекин маро барои хабар карданӣ шумо!

АФАНДИХОИ БЕШТАРРО ДАР ҚИСМИ 2 ХОНЕД >>

Афанди точики (аз суҳбати дугонаҳо ва ҷӯраҳо)


Калимаю ибораҳои тоза

  1. Марди олус – марде, ки чашмонаш иллат доранд, дуруст дида наметавонад, каҷбин, чашмкаҷ.
  2. Барои додхоҳӣ – ба хотири пуштибонӣ, барои адолату ҳақиқатро дарёб кардан.
  3. Сардоба – ҳавзи калон, ки болояш пушида бошад.
  4. Раис – дар рӯзгори пеш рафти иҷрои қонунҳоро, ки подшоҳ мебаровард, тафтиш менамуд.

Афандии точики, латифахои точики, мушфики, ханда, латифаҳо дар адабиёт, латифахои халки, афандихои халки, латифахои хандаовари точики, афанди точики, тоҷикӣ афанди точики 2020 сайти донишчу

ҚаблӣҒам махӯр, ин имтиҳони навбатиро бигзарем (шеър)
Баъдӣ22 сентябр – Рузи Абуабдуллохи Рудаки