Адабиёти точик ва мархилахои инкишофи он

Адабиёти тоҷик аз ҷумлаи қадимтарин адабиёти мардумони рӯйи дунё ба шумор меравад ва таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Рубоии зерини шоири муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ ишора ба ҳамин қадимӣ будани адабиёти тоҷик аст:

Эй Шарқ, ту ибтидои лавҳу қаламӣ,
Дарвозаи офтоби зарриналамӣ.
Албурз, туӣ обидаи Фирдавсӣ,
Ё минбари шеъру шоирони Аҷамӣ.

адабиёти точик

Вале аз сабаби он ки дар эҷоди ин адабиёт ғайр аз тоҷикони Варозрӯд, ки онро арабҳо «Мовароуннаҳр» низ гуфтаанд, қавмҳои дигари эронӣ дар Хуросон ва Порс саҳм гирифта буданд, устод Садриддин Айнӣ ва тартибдиҳандагону муҳаррирони «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) барои барқарор намудани адолати таърихӣ ва таъкиди муштарак будани он барои қавмҳои эронӣ ба кор бурдани истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик»-ро пешниҳод карданд ва ин истилоҳ пас аз ин дар адабиётшиносии тоҷик, шарқшиносии шӯравӣ ва баъзе аз кишварҳои ғарбӣ ва шарқӣ маъмул гашт.

Истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик» дар солҳои 20 ва 30 асри ХХ пайдо шуда, ангезаи сиёсӣ дошт. Он вақт таъйиноти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна шурӯъ гардида буд. Дар арафа ва ҷараёни ин маъракаи сарнавиштсоз дар минтақа гурӯҳҳои сиёсӣ ва шахсиятҳое пайдо шуда буданд, ки мавҷудияти қавми тоҷик ва ҳуқуқи онро ба адабиёти беш аз ҳазорсолааш инкор мекарданд. Устод С.Айнӣ бо таълифи китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) ва дар он ҳадафмандона гирдоварӣ намудани мероси адибони тоҷики мовароуннаҳрӣ – аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Пайрав Сулаймонӣ ба исбот расонид, ки дар ин сарзамин аз қадим «як қавми муаззам (бузург) бо номи «тоҷик» ё ки «тозик» зиндагӣ дошта, яке аз офаринандагони адабиёте мебошад, ки онро «адабиёти форсӣ» меноманд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

 Аз ибтидои пайдоиш то ба имрӯз адабиёти тоҷик марҳалаҳои гуногунро сипарӣ намудааст: адабиёти Давраи қадим, Асрҳои миёна, Давраи нав ва Замони муосир. Ҳар яке аз ин марҳалаҳо дар навбати худ ба чанд марҳалаҳои хурдтаре тақсим мешаванд. Барои мисол, адабиёти тоҷик дар Асрҳои миёна аз адабиёти арабизабон (а. VII1 ва IX); адабиёти порсии дарӣ дар асрҳои IX-X ва нимаи аввали асри XI; дар нимаи дувуми асри XI-XII; дар асрҳои XIII-XIV; дар асри XV; дар охирҳои Асрҳои миёна (а. XVI- XIX) иборат мебошад.

Давраҳои инкишофи адабиёт ҳамчун як шохаи ҷудогонаи ҳунарҳои зебо аз якдигар аз нигоҳи чигунагии муҳтавои ғоявӣ ва шакли бозтоби ҳунарии он: мавзӯъ, мазмун, дарунмоя, воситаҳои тасвир, воситаҳои баён, тарзи офариниши тавсирҳои бадеӣ ва шахсиятҳои адабӣ, сабк ва усули офариниш фарқ мекунанд. Ҳамаи дигаргуниҳо дар муҳтавои ғоявӣ ва шакли бозтоби ҳунарӣ дар адабиёт аз дигаргунӣ дар диди эстетикии (биниши ҳунарии) адибони давраи муайян, яъне аз дигаргунӣ дар тарз ва тариқи дарки бадеии инсон, ҷомеа ва табиат, воқеиятҳои айнӣ ва зеҳнӣ сарчашма мегирад. Чунончи, барои адабиёти Давраи қадим тафаккури асотирӣ, афсонавӣ, ривоятӣ ва омехта (синкретӣ) ва барои адабиёти Асрҳои миёна андешаи ормонгароёна ва қолибгароёна хос мебошад. Агар адибони Давраи қадим зиндагиро дар тасвирҳои асотирӣ, афсонавӣ ва ривоятии омехта бо тасаввуроти динӣ бозтоб диҳанд, шоирону нависандагони Асрҳои миёна онро дар қолабҳои муайян ва такрорӣ бо обу рангҳои ормонӣ тасвир менамоянд.

Нуктаи дигар дар заминаи дарси “Адабиёти тоҷик” ин аст, ки азбаски он, ба истиснои Давраи қадим ва марҳалаи оғози ташаккули он дар Асрҳои миёна, дигар дар ҳамаи давраҳои баъдӣ ба забони форсии нав – порсии дарӣ навишта шудааст, онро маъмулан бо номҳои “адабиёти форсӣ” ё “адабиёти форсии дарӣ” ё “адабиёти форсии тоҷикӣ” ё “адабиёти тоҷикӣ” зикр менамоянд. Ҳамаи ин истилоҳҳо дар замони мо ҳаққи истифода доранд. Аммо мо бештар аз истилоҳи “адабиёти форсии тоҷикӣ”, ки вақтҳои охир дар мавриди ин адабиёт, махсусан дар нисбати Асрҳои миёнаи он, ба кор бурда мешавад, истифода хоҳем кард.


Адабиёти тоҷик ва марҳилаҳои инкишофи он, марҳилаҳои инкишофи адабиёти форсу тоҷик

Адабиёт чист? | Ададбиёти тоҷик