Латифа дар адабиёт

латифахои точики, афандии точикиЛатифа яке аз жанрҳои маъмули адабиёти шифоҳӣ буда, ҳанӯз дар замонҳои қадим дар байни халқ пайдо шудааст. Латифа хусусиятҳои хоси худро дорост. Латифа ҳаҷман хурд буда, дар он воқеа ба тезӣ оғоз ёфта, ба авҷи аъло мерасад ва ҳамоно хотима меёбад. Латифа жанри ҳаҷвист. Дар он кирдорҳои ношоистаи одамон, зулму тааддии золимон, хислатҳои бадӣ инсонӣ сахт мазаммат карда мешаванд. Инчунин дар баъзе латифаҳо содалавҳӣ, нодонӣ, бефаросатии як гурӯҳ одамони ҷомеа бо оҳанги ҳазлу шухӣ, яъне ба тарзи дигар гӯем, беғаразона мазаммат гардидаанд.

Қаҳрамони латифаҳои халқӣ Насриддин Афандӣ, Мулло Мушфиқӣ, Бахлул, Ҷуҳӣ ва дигарон мебошанд. Онҳо шахсони поквиҷдон, ростқавл буда, аз болои ашхоси золим, бадкирдор дастболо мешаванд, ғолиб мебароянд. Онҳо мақсаду мароми халқро ифода мекунанд ва барои ҳимояи мардуми оддӣ мубориза мебаранд.

Якчанд латифаҳои халқиро дар матлаби зерин метавонед хонед >>ЧАНД ЛАТИФАИ ХАЛҚӢ


Латифа чист?, латифаи точики, латифа дар адабиёти точики, афанди дар адабиёт, афандии точики.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣПерсонаж (иштироккунанда) дар адабиёт
БаъдӣФирма (корхона) ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ ва субъекти хоҷагидорӣ