Шароити интихоби оптималӣ ва самаранок истифода бурдани методҳои тарбия. Шароити интихоби оптимали ва самаранок истифода бурдани методхои тарбия
Дар фаъоляити амалии муаллим интихоб намудани методҳои тарбия аҳамияти калон дорад. Методҳои интихобнамудаи ӯ бояд ба мақсад ва мазмуни тарбия мувофиқат кунад. Вазифаҳои мушаххаси педагоии тарбияро ба ҳисоб гирифта, муаллим кадом методро ба истифода мегирад, худаш ҳал мекунад. Албатта, вай дар шароити кунунӣ чӣ гуна афзалият дошатни методи интихобнамудаашро ба инобат мегирад.
Метод худ аз худ хуб ё бад шуда наметавонад. Ҳол он ки дар асоси ҷараёни тарбия на худи методҳо, балки системаи онҳо гузошта мешавад.
Методҳои тарбия, ки бо ёрии онҳо натиҷаҳои судбахши тарибявӣ ба даст дароварда мешаванд, моҳияти якхела дошта, онҳо метавонанд мутобиқи шароит ва вазъу ҷараёни маҳорати баланди педагогӣ тағйир ёбанд. Аммо дар ин маврид маҳорати педагогӣ ба он муаллиме имконият медиҳад, ки вай мунтазам беҳбудиро ҷустуҷӯ дорад ва методҳои беҳтаринро мувофиқи синну сол ва сатҳи инкишофи фардии шогирдон интихоб мекунад ва бо ҳамин роҳ вақти кам сарф карда, натиҷаҳои зиёд ба даст меорад.
Интихоби методҳои тарбия озодона сурат мегирад. Он ба як қатор қонуният ва вобастагиҳо итоат мекунад, ки дар байни онҳо мақсад, мазмун ва принсипҳои тарбия, вазифаҳои мушаххаси педагогӣ ва шароити ҳалли онҳо, ба ҳисобгирии хусусиятҳои синну соли дастпарварон моҳияти асосӣ мебошад.