Тайёр кардани хушоб (компот). Пухтани компот аз зардолу

Тайёр кардани хушоб (компот). Пухтани компот аз зардолу

Тайёр кардани хушоб (компот). Пухтани компот аз зардолу

Хушоб (компот) оби меваи бо шакар ҷӯшонда аст. Онро аз меваҳо ва ғуҷуммеваҳои тару тоза, хушқ, консервонида ё яхкарда тайёр кардан мумкин аст.

Пухтани компот аз зардолу (Кори амалии №16)

Таҷҳизот: зарфи сирдор, корд.

Миқдори маҳсулот: зардолу – 500 г, шакар – 3/4 истакон, об – 2 истакон.

Зардолуро шуста дукафон (калон бошад чанд пора) мекунанд ва донакашро мепартоянд. Дар зарфи сирдор шакар ва 2 истакон оби гарм рехта, зардолуро меандозанд ва то пухтан меҷӯшонанд. Компоти тайёрро хунук карда, ба истаконҳо ё пиёлаҳо мерезанд.

ҚаблӣПухтани мураббо аз қулфинай (Кори амалии №15)
БаъдӣПухтани компоти себу олучаи тару тоза (Кори амалии №17)