Афанди точики (аз суҳбати дугонаҳо ва ҷӯраҳо)

Гоҳо чунин сурат мегирад, ки аз суҳбати якдигар афанди ва латифаҳои гуногун ба вуҷуд меояд. Дар ин матлаб якчанд афанди точики оварда мешавад >>

– Дугонаҷон, акнун тӯйҳо бо 30 кас мешудааст.
– Не-е, инро кӣ гуфт?
– Дар телевизор гуфтанд.
– Э, Худоҷон, акнун куртаи навамро дар куҷо мепӯшам…


– Дугонаҷон, ҳамин келинамро чӣ қадар ҷанг кунам ҳам, як даҳан гап намегардонад.
– Хай, ҷавоб надода ором истад нағз-ку.
– Чияш нағз. Як даҳан гап мегардонд, заҳракои диламро холӣ мекардам. Ана баъд сабукак мешудам.


– Ҳа, дугонаҷон, фақат дар гӯшат телефон. Бо кӣ гап мезанӣ?
– Бо бийиҷонам.
– Ҳеҷ, аз хушдоманат ҳам ҳол мепурсӣ?
– Модарҷонам маро бо азоб калон кард. Хушдоманам чӣ кардааст?
– Шавҳаратро кӣ калон кард?

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

– Ҷӯраҷон, аҷаб замон шуд. Ҳама ҷой ҷим-ҷит. Аз ягон ҷо садои ҷанҷол ҳам ба гӯш намерасад. Гӯё ҷаҳонро об зер кардааст.
– Сабаби ҳаминро ҳам надонистӣ-мӣ?
– Не. Чӣ сабаб?
– Охир дар даҳони занон ниқоб ҳаст-дия.


– Ҷӯраҷон, дар пешат ин қадар китоб чӣ кор мекунӣ?
– Китоб менависам.
– Магар аз ин китобҳо истифода мебарӣ?
– Ҳа, аз ҳамааш як ҷумла, як ҷумла кӯчонам, як китоб тайёр мешавад.


– Ҷӯраҷон, ман дигар арақ наменӯшам.
– Не-е! Ин хабари нағз.
– Барои ҳамин хабари нағзро шустан, як ҳазор сомонӣ қарз дода ист. 50/50 кунем.

Аз суҳбати дугонахо (Латифа)

ҚаблӣОҷ гум карду забонро гум накард (Шеъри пурра)
БаъдӣФактҳои ҷолиб дар бораи Радио

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед