Обсабзҳои баҳрӣ (обсабзҳои бӯр ва сурх). Обсабзхои бахри (обсабзхои бур ва сурх).
Обсабзҳои бӯр ва сурх, асосан, сокинони обҳои шӯри баҳру уқёнусҳо ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар шароитҳои басо мусоид тез афзуда, дар зери об анбӯҳи азими обсабзҳоро ба вуҷуд меоранд, ки баҳрнавардон онро «садди зинда» меноманд. Ин анбӯҳи азими обсабзҳо суръати ҳаракати нақлиёти обиро халалдор мекунад ва ба фурудоии гидросамолётҳо монеъ шуда метавонад.
Ҳамаи обсабзҳои бӯр ва сурх организмҳои баландташаккули бисёрҳуҷайрагии мураккаб мебошанд. Дар байни обсабзҳои сурх баъзан намудҳои шакли якҳуҷайрагидошта вомехӯранд. Андозаи онҳо аз якчанд миллиметр то якчанд метр аст. Аксарияти намояндагони обсабзҳои бӯр ва сурх бисёрсола мебошанд 7.
Ин обсабзҳо номашонро аз рӯйи рангашон гирифтаанд. Онҳо дорои ранги бӯр, сиёҳ ва сурх мебошанд.
Дар уқёнусҳои Яхбастаи Шимолӣ, Ором обсабзи нисбатан азимҷусса – карами баҳрӣ (ламинария) месабзад. Ламинарияи баркамол тақрибан аз 0,5 то 6-м ва дар баъзе ҳолатҳо то 20 м дарозӣ дорад. Ламинарияи аз ҳама калонандоза то 50 м қад мекашад. Ламинария тавассути ризоиди (аз калимаи юнонӣ «риза» – бех, реша, асл ва «идос» – намуд мебошад) шохрондааш, (ки вазифаи решаро иҷро мекунад) ё лаъличааш ба санг ё дигар ҷисмҳои зериобӣ часпида, дар чуқурии аз 2 то 40 м зери об, ки нури офтоб ба қадри кофӣ дастрас аст, фаъолияти ҳаётиашро идома дода, нашъ унамо мекунад. Намояндагони дигари обсабзҳои бӯр низ дорои ҷисми калон мебошанд.
Танаи онҳо ба ҷузъҳо ҷудо шудааст ва баъзе хелҳои он ба дарахти азими шохронда шабоҳат доранд. Чунин обсабзҳоро қад-қади соҳилҳои америкоии уқёнуси Ором вохӯрдан мумкин аст. Умуман, обсабзҳои бӯр дар баҳру уқёнусҳои ҷаҳонӣ хеле васеъ паҳн гардидаанд. Онҳо бештар дар соҳилҳои Аргентина, қисми ғарбии Аляска, ҷазираҳои Алеут, Командор ва Курил вомехӯранд.
Обсабзҳои сурх дар баҳрҳои минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ, қисман дар минта қа ҳои иқлимашон муътадил, чунончи, соҳилҳои баҳри Си ёҳ ва Норвегия бештар воме хӯ ранд 7.

Обсабзҳои сурх низ бисёр ҳуҷайра буда (намудҳои якҳуҷайрагиашон ниҳоят кам во ме хӯрад), аз рӯйи сохту шаклашон риштамонанди шохронда ё бутташакл мебошанд. Баъзан ҷисми онҳо ба узвҳои ба поя ва барг шабо ҳатдошта ҷудо мешавад. Андозаи обсабзҳои сурх нисбат ба обсабзҳои бӯр хеле хурд буда, дарозии баъзе намудҳои онҳо то ба 2 м мерасад.
Ранги обсабзҳои сурх гуногун буда, ин гуногунрангӣ ба таносуби моддаҳои рангбахши дар он мавҷудбуда во бастагӣ дорад. Зеро дар хромотофори обсабзҳои сурх ба ҷуз хлорофилл (моддаи ранги сабздиҳанда) боз моддаҳои дигаре, ки ба онҳо ранги норин ҷӣ, зард, бӯр ва сурх медиҳанд, мавҷуданд. Ба туфайли хлорофилли дар хромо тофорҳо будаи обсабзҳои сурх бо иштироки нури офтоб дар онҳо раванди фотосинтез мегузарад. Обсабз дар натиҷаи ин раванд гази карбонати обро фурӯ бурда, оксигенро хориҷ мекунад ва дар ҷисми обсабз моддаҳои органикӣ, аз қабили қанд, оҳар, равған ва сафедаҳо ҳосил мешаванд.
Тестҳо
- Обсабзҳои бӯр ва сурх аз обсабзҳои сабз бо чӣ фарқ мекунанд?
- А. Бо доштани сохти якҳуҷайрагӣ
- Б. Бо сохти тӯдагӣ доштан
- В. Бо доштани сохти риштагӣ
- Г. Организмҳои баландташаккули бисёрҳуҷайраи мураккаб мебошанд.
- Обсабзи карами баҳрӣ (ламинария) дар кадом уқёнусҳои ҷаҳонӣ паҳн шудааст?
- А. Танҳо дар уқёнуси Ором Б. Дар уқёнуси Ҳинд
- В. Дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ва Ором
- Г. Дар уқёнуси Атлантика





















