DONISHJU.NET | 20 март | 2 сол бо Шумо

Имрӯз – 20-уми марти соли 2021 аз нашри аввалин мақолаи сомонаи Donishju.net (онвақта Donishju.tj) ду сол сипарӣ мешавад. Тасмим гирифтем ин санаро соли таъсиси сомонаи Donishju.Net қабул кунем.


Маълумот дар бораи Сомона

Сомонаи Donishju.net, сараввал дар домени Donishju.tj ва алъон дар домени Donishju.Net фаъолият мекунад. Сомона омӯзишӣ-таълимӣ буда, маводҳои ҷолибу хонданӣ, факту далелҳо, панду насиҳат ва дигар намуди омӯзишро дар бар мегирад. Таълимӣ будани сомона дар он аст, ки мавзӯҳои дарсии сомонаро хонандагон ва донишҷӯён ҳам барои омӯзиш ва ҳам барои истифода дар реферат, кори курсӣ ва семинару баромадҳо истифода баранд. Мавзуҳои дарсӣ, тестҳои ММТ, шеъру ғазалу рубоӣ, мавзуҳо аз фанҳои дақиқ ва дигару дигар маводҳо аз ҷумлаи маводҳои сомона ба шумор мераванд. Фикр мекунем алакай Шумо дар бораи сомона маълумот доред, агар не, инҷо хонед.

То имрӯз зиёда аз 1700 мақолаву мавзӯъ дар сомона нашр шудааст. Ҳамарӯза аз сомона зиёда аз 3000 одам истифода мекунад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар охир

Сипос ба Шумо, ки дар ин як сол бо мо будед, корбари гиромӣ. Ҳамавақт мекӯшем беҳтарин маводҳоро баҳри Шумо гирдоварӣ ва нашр намоем. Дар оянда лоиҳа ва нақшаҳо зиёданд. Аз Шумо танҳо хондан ва паҳн кардан дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо. Сипос ба Шумо!

ДУ солагӣ муборак, DONISHJU.NET

ҚаблӣДар баёни мазаммати хашму ирода
БаъдӣТаърихи сиёси – асрхои XVI – XX (16-20)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед