Исмхои кул ва чузъ
Исмҳое, ки номи умумии предметҳои ҳамҷинсро мефаҳмонанд, исмҳои кул ном доранд: Масалан, номи умумии бодиринг, сабзӣ, шалғам, лаблабуро сабзавот мегӯянд. Яъне, сабзавот исми кулли калимаҳои номбаршуда аст.
Исмҳое, ки номи яке аз ашёҳои ҳамҷинсро мефаҳмонанд, исмҳои ҷузъ ном доранд. Чунончи, себарга, лола, сияҳгӯш, бойчечак, садбарг, тоҷи хурӯс ҷузъҳои исми гул мебошанд.
Машқ. Исмҳои ду сутунро муқоиса кунед ва гӯед, ки онҳо ба ҳамдигар чӣ гуна муносибат доранд.
- Инсон – мард, зан, писар, духтар, пиразан,
- Ғалладона – гандум, ҷав, шолӣ, нахӯд, лӯбиё, мушунг, арзан…
- Пойафзол – мӯза, калӯш (кафш), маҳсӣ, туфлӣ, мӯкӣ…
- Паранда – мӯсича, кабӯтар, гунҷишк, кабк, бедона, зоғ бедона, зоғ, акка, тӯтӣ, турна…

















