Низомии Ганҷавӣ

Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ
Чун гул ба чаман ҳавола будӣ.
В-акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,
Чун capв ба авҷ cap кашидӣ.
Ғофил манишин, на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист,
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз…

Абумуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закии Муайид маъруф ба Низомии Ганҷавӣ соли 1141 дар шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон таваллуд шуда, соли 1209 дар ҳамон ҷо фавтидааст. Низомии Ганҷавӣ аз зумраи шоирону мутафаккирони машҳур, яке аз устодони мактаби шеъру адаби тоҷику форс аст.

Низомии Ганҷавӣ дар синни хурдсолӣ аз падару модар ятим мемонад ва тарбияву сарпарастии ӯро тағояш Хоҷа Умар ба ухда гирифта, имконият фароҳам овард, ки илму дониш андӯзад. Таҳсили Низомӣ пурра дар зодгоҳаш гузаштааст. Ӯ Қуръонро аз ёд карда, сипас илмҳои фиқҳ, таърих, фалсафа, тиб, мантиқ ва нуҷумро низ батакмил омӯхтааст. Ҳамчунин аз мероси фалсафӣ ва адабии Юнони Қадим, осори адабиёти пешазисломии халқҳои ориёинажод ва таърихи халқҳои эътиқодманди насронияву яҳудия ба хубӣ огоҳ буд.

Аз осори Низомии Ганҷавӣ то замони мо панҷ достон, ки «Хамса» ном гирифтаанд ва қасидаҳову ғазалҳо, рубоиёту қитъаҳо ва байтҳои алоҳида расидаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

«Хамса»-и Низомӣ бо гуногунии мазмун, тозагии санъати суханпардозӣ, ғановати забонӣ ва маҳорати нигорандагии муаллиф машҳур гардида, дар он масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ахлоқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, шоир зимни тасвири воқеаҳои достонаш аз ахлоқу ҳикмат сухан гуфта, бахусус ҷавононро панд медиҳад.

Достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ


Калидвожаҳо: Зиндагиномаи Низомии Ганчави, Хаёт ва фаъолияти Низомии Ганчави, ашъори Низомии Ганчави, эчодиёт, Он руз, ки хафтсола буди, низами ганджяви какой нация, Низоми Ганчави.

ҚаблӣАллоҳ Таоло (ҷ.ҷ.) – Хазинаи маърифат
БаъдӣМуҳаммад Ғазолӣ